Дар як сатр
» » Шамсиддин Шоҳин: Пешгирии интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир

Шамсиддин Шоҳин: Пешгирии интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир

4-10-2017, 12:52

Шамсиддин Шоҳин: Пешгирии интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир


Хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи муҳофизати сарҳадии Отряди сарҳадии “Шӯрообод” ду ҳолати интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддирро аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ намуданд.

Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи ин ниҳод ба рӯзномаи “Хатлон” хабар дод, ки дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ дар ҳар ду ҳолат аз ҷониби гурӯҳи номаълуми қочоқбарони афғон, ҳангоми убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ ва кӯшиши интиқоли маводи нашъаовар бо хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва кормандони КДАМ ҶТ рӯ ба рӯ мешаванд.

Қочоқбарони афғон ба амри сарҳадбонон итоат накарда, байни онҳо задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ меояд. Дар натиҷаи он қочоқбарон ба муқовимати сарҳадбонон тоб оварда натавониста, аз торикии шаб истифода бурда, ба самти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фирор карданд.

Бино ба иттилои Муҳаммад Улуғхоҷаев ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодисаҳо, 29 кг маводи мухаддири навъи ҳашиш, 2 кг афъюн, 76 кг бангдона дарёфт ва мусодира карда шуд.

Оид ба далелҳои мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Фаромӯз БОБОЕВ,
“Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Задухӯрди мусаллаҳона бо қочоқчиён

Задухӯрди мусаллаҳона бо қочоқчиён

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
Насимҷон РАҶАБОВ: «Ҳамкориро бо аҳолии навоҳии наздисарҳадӣ пурзӯр бояд кар ...

Насимҷон РАҶАБОВ: «Ҳамкориро бо аҳолии навоҳии наздисарҳадӣ пурзӯр бояд кар ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Ифтитоҳи дидбонгоҳҳои нави сарҳадӣ

Ифтитоҳи дидбонгоҳҳои нави сарҳадӣ

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Задухӯрди мусаллаҳона дар сарҳад

Задухӯрди мусаллаҳона дар сарҳад

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
Офиси ҳамкории сарҳадӣ дар Панҷи поён

Офиси ҳамкории сарҳадӣ дар Панҷи поён

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА