Дар як сатр
» » Гусели аввалин гурӯҳи наваскарон дар Хатлон

Гусели аввалин гурӯҳи наваскарон дар Хатлон

4-10-2017, 12:40

Гусели аввалин гурӯҳи наваскарон дар Хатлон


Субҳи 3 октябр дар саҳни Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа гусели аввалин гурӯҳи наваскарон дар Хатлон дар ҳузури беш аз 1000 нафар гуселкунандагон, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва Комиссариати ҳарбии Хатлон сурат гирифт. Дар ин рӯз даҳҳо падару модар ҷамъомада, наваскарони ихтиёриро бо дуои нек ба хизмати Модар-Ватан гусел карданд. Инчунин волидони наваскарон аз рӯи маросими пешин, ба онҳо нон газонданд, ки то замони баргаштани фарзанд дар як гӯшаи хона овезон монад.

Дар доираи маъракаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин гурӯҳи ҷавонони вилояти Хатлон, ки синнашон (1990-1999) ба хизмати ҳарбӣ расидааст, бо тантана ба артиш сафарбар карда шуданд.

Нахуст, Лоиқ Маҳмадиев, муовини комиссари ҳарбии вилояти Хатлон оид ба корҳои тарбиявӣ, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмонро ба самъи ҳозирин расонид. Аз ҷумла зикр кард, тибқи фармони Роҳбари давлат таъкид шудааст, ки раисони шаҳру ноҳияҳо бояд бо дарки масъулият якҷо бо комиссариатҳои ҳарбӣ даъвати муташаккилонаи шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба роҳ монанд.

Гусели аввалин гурӯҳи наваскарон дар Хатлон

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, ҳамаи давъватшудаҳоро табрик намуда, чунин иброз намуд: "Ҳеҷ гоҳ набояд фаромӯш кард, ки заминаи таъмини асосии бехатари ва амнияти давлат ҳимояи марзу бум ва сулҳу суботи кишвар дар ҳама давру замон артиш буд ва то абад мемонад". Хизмат кардан ба Ватан шарафи бузург ва дар айни замон вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавони бонангу номус мебошад. Ҳар як хизматчии ҳарбӣ бояд хуб дарк намояд, ки ватандӯстӣ ин арзи садоқат ба Ватан-модар ва халқу давлати соҳибистиқлоли худ буда, дар пос доштани арзишҳои миллӣ ва аз тамоми манфиатҳо боло гузоштани манфиати давлату халқ зоҳир мегардад.

Раиси вилояти Хатлон иброз дошт, ки танҳо ҷавонони ба ору номус, шуҷоъ ва ватандӯст метавонад, марзи ватанро ҳифз кунанд ва мардонавор сазовори номи сарбозӣ шаванд.

Гусели аввалин гурӯҳи наваскарон дар Хатлон

Сипас, Гулистон Кабудова, модари яке аз наваскарон аз шаҳри Қӯрғонеппа, ба сухан баромада, гуфт, ки онҳо аз даъвати фарзандонашон ба сафи ҷавонмардони миллат мефахранд ва дигаронро низ ба он тарғиб менамоянд: «Ман аз он хушнудам, ки писарам ихтиёран дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат хизмати Модар-Ватанро ба ҷо меорад ва марзу буми ватанро ҳифз менамояд».

Гусели аввалин гурӯҳи наваскарон дар Хатлон

- Имрӯз боиси ифтихор аст, ки ман ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гашта, қарзи ҷавонмардиамро дар назди Ватан - модар адо хоҳам кард, - зикр намуд наваскар Вафоҷон Ҳасанов. - Ман ваъда медиҳам, ки хизматро бо сари баланд ва интизоми намунавӣ ба анҷом расонида, пас аз адои хизмат дар ҳама ҳолатҳо омодаам барои ин ватану миллат ҷони худро дареғ надошта хизмат намоям.

Қобили зикр аст, ки дар ин маросим туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят нишонаи қадрдонӣ аз ҷавононе, ки ба хизмати ватан мераванд, супурда шуд.

Гусели аввалин гурӯҳи наваскарон дар Хатлон

Маросими нонгазон аз ҷониби модарон хеле ҳаяҷонбахш сурат гирифт. Онҳо ба наваскарон кулчаҳои ширмоли бо меҳру муҳаббати беандоза пухтаи хешро пешниҳод намуда, чун анъанаи куҳани аҷдодӣ дуои нек доданд. Зеро пос доштани кулчаи дастпази модар - нигоҳдорандаи оташи фурӯзони хонадон, ҳар як ҷавонро водор месозад, ки содиқона хизмати Ватан-модарро ба ҷо ораду бо сари баланд ба хона баргарданд. Дар ин баробар гулдухтарони зебои атласу чаканпӯш гулу рӯймолчаҳои нақшин ба наваскарон тақдим намуданд. Аз чеҳраҳои зебою нигоҳи гарму ошиқонаи духтарон эҳсос кордон мумкин буд, ки ба ин ҷавонмардон боварии комил доранд, то даме ки ин гуна родмардон марзу буми меҳани азизро ҳифз менамоянд, онҳо бо хотири болида ба омӯхтани илму ҳунар машғул ва бозгашти онҳоро бесаб-рона интизор мешаванд.

Гусели аввалин гурӯҳи наваскарон дар Хатлон

Дар охир, барномаи консертии Раёсати фарҳанги вилоят баргузор гардид, ки дар он наваскарону сарбозон бо хушнудӣ ба рақс баромаданд ва волидайн бо дуои нек фарзандони худро ба хизмати ҳарбӣ гусел намуданд.

Комрони БАХТИЁР,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Гусели аввалин гурӯҳи наваскарон дар Хатлон (аксҳо ва видео)

Гусели аввалин гурӯҳи наваскарон дар Хатлон (аксҳо ва видео)

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҷавонон ва варзиш, АСАЛМО САФАРОВА, КОМРОНИ БАХТИЁР
Ноҳияи Носири Хусрав яке аз аввалин шуда маъракаи даъвати наваскаронро ба о ...

Ноҳияи Носири Хусрав яке аз аввалин шуда маъракаи даъвати наваскаронро ба о ...

Хабарҳо
Ҷавонони шуҷоъ ба хизмати Ватан мераванд

Ҷавонони шуҷоъ ба хизмати Ватан мераванд

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, АМОН МАҲКАМОВ
Нишони ҷавонмардӣ

Нишони ҷавонмардӣ

Ҷавонон ва варзиш
Сарсупурдаҳои Ватан

Сарсупурдаҳои Ватан

Ҷавонон ва варзиш, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА