Дар як сатр
» » Задухӯрди мусаллаҳона бо қочоқчиён

Задухӯрди мусаллаҳона бо қочоқчиён

26-09-2017, 09:18

Задухӯрди мусаллаҳона бо қочоқчиён

Хизматчиёни ҳарбии отряди сарҳадӣ интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддирро дар отряди сарҳадии «Панҷ» ва «Ҳамадонӣ» пешгирӣ намуданд.

Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯзномаи «Хатлон» хабар дод, ки дар минтақаи муҳофизатии дидбонгоҳи отряди сарҳадии «Панҷ» марзбонони тоҷик дар якҷоягӣ бо кормандони ШВКД-и ноҳияи Панҷ бо қочоқбарони маводи мухаддир задухӯрди мусаллаҳона карданд. Дар натиҷа як нафар қочоқбар безарар гардонида, боқимонда ба муқовимати сарҳадбонон тоб наоварда ба тарафи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баргаштанд.

Ба иттилои манбаъ ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса тақрибан 50 кг маводи мухаддири навъи ҳашиш, 1 адад яроқи оташфишони АКМ-47, 5 адад тирдон, 81 дона тир, 2 адад норинҷаки дастии Ф-1 ва 1 адад телефони мобилии «Самсунг» дарёфт ва мусодира карда шуд.

Ҳамчунин, дар минтақаи зертобеи отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» аз тарафи сарҳадбонон дар якҷоягӣ бо кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёт гузаронида шуд. Дар натиҷа ҳайати сарҳадбонон бо қочоқбарони номаълуми афғон рӯ ба рӯ шуда, тирпарронӣ ба вуқӯъ омад. Дар натиҷа як нафар қочоқбар безарар гардонида шуд. Қочоқбарон аз торикии шаб истифода бурда, ба самти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фирор карданд.

- Аз маҳалли ин задухӯрд баъди азназаргузаронӣ тақрибан 13 кг маводи мухаддири навъи афъюн, 1 кг бангдона, 1 адад яроқи оташфишони АКМ-7,62, 5 адад тирдон, 132 дона тир, 1 адад ГП-25 (подствольник) бо 3 дона тирҳояш дарёфт ва мусодира карда шуд, - гуфт Муҳаммад Улуғхоҷаев.

Фаромӯз БОБОЕВ,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Боздошти 14 сокини Афғонистон бо 383 килограмм маводи мухаддир (видео)

Боздошти 14 сокини Афғонистон бо 383 килограмм маводи мухаддир (видео)

Хабарҳо, КОМРОНИ БАХТИЁР
Ифтитоҳи дидбонгоҳҳои нави сарҳадӣ

Ифтитоҳи дидбонгоҳҳои нави сарҳадӣ

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Задухӯрди мусаллаҳона дар сарҳад

Задухӯрди мусаллаҳона дар сарҳад

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
Фархор. Мусодираи 57 кг нашъа ва боздошти 3 шаҳрванди ҶИА

Фархор. Мусодираи 57 кг нашъа ва боздошти 3 шаҳрванди ҶИА

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Восеъ. Кашфу мусодираи 85 кг маводи мухаддир

Восеъ. Кашфу мусодираи 85 кг маводи мухаддир

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА