Дар як сатр
» » Ҳисси ватандӯстии ҷавононро баланд бардорем

Ҳисси ватандӯстии ҷавононро баланд бардорем

26-09-2017, 09:11

Ҳисси ватандӯстии ҷавононро баланд бардорем
Дар ноҳияи Восеъ, бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон, дар доираи “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон барои солҳои 2016-2018” “Мизи мудаввар” дар мавзӯи «Баланд бардоштани маърифати ахлоқии ҷавонон ва таҳкими ҳувияти миллии онҳо дар замони ҷаҳонишавӣ» доир гардид, ки дар он 70 нафар ҷавонони касбу кори гуногун иштирок доштанд.

Бино ба иттилои Беҳрӯз Бобоев, сармутахасcиси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон, баргузор намудани ин чорабинӣ, пеш аз ҳама, пешгирии хуруҷи падидаҳои номатлуб, аз қабили оворагардӣ, шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористиву экст-ремистӣ, истифодаи нодурусту бемақсадонаи сомонаҳои иҷтимоӣ дар миёни наврасону ҷавонон аст.

- Мафкураи миллӣ нақши асосиро дар ваҳдату ягонагӣ, пешрафту рушди ҷумҳурӣ мебозад, - зикр кард Беҳрӯз Бобоев. - Мафкураи миллиро мо ҳамчун ҳадаф ва барномаи мушаххас ва махсус метавон арзёбӣ намоем, ки ҳамаи қишрҳои ҷомеа дар пайи дастёбӣ ба он, аз неруи ақлонию ҷисмонии худ истифода бурда, дар пайи амалӣ намудани он талош менамоянд. Инчунин, мафкураи миллиро дар ҷодаи тарҳрезӣ ва бунёди ҷомеаи навин баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун манбаи неруи қавӣ метавон арзёбӣ кард.

Дар фарҷоми “Мизи мудаввар” саволу ҷавоб доир ба мавзӯи “Баланд бардоштани маърифати ахлоқии ҷавонон ва таҳкими ҳувияти миллии онҳо дар замони ҷаҳонишавӣ» баргузор гардид. Дар охир, фаъолон бо туҳфаҳои хотиравии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон қадрдонӣ гардиданд.

Чунин чорабиниҳо дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон низ роҳандозӣ карда мешаванд.

Комрони БАХТИЁР,
“Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намоем

Ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намоем

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳуқуқу амният, Номаҳои Шумо
Ҷавонон-неруи созанда

Ҷавонон-неруи созанда

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Номаҳои Шумо
Ф. Абдуллоева: «Қабул гардидани соли ҷавонон боиси ифтихор аст»

Ф. Абдуллоева: «Қабул гардидани соли ҷавонон боиси ифтихор аст»

Хабарҳо, Мусоҳибаи мо, Ҷавонон ва варзиш, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Ҷавонон - тарғибгари фарҳанги миллӣ

Ҷавонон - тарғибгари фарҳанги миллӣ

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Таблиғи арзишҳои миллӣ

Таблиғи арзишҳои миллӣ

Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА