Дар як сатр
» » Мардуми тоҷик мазҳабфурӯшонро ҳаргиз намебахшанд

Мардуми тоҷик мазҳабфурӯшонро ҳаргиз намебахшанд

26-09-2017, 09:07

Мардуми тоҷик мазҳабфурӯшонро ҳаргиз намебахшанд

Имрӯзҳо дар расонаҳои гуногуни хориҷӣ ва интернетӣ роҳбарони ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бешармона дар бораи ватан, миллат, мазҳаб ва ғайраҳо ҷор мезананд ва хонандагонро ба гумроҳӣ бурданӣ мешаванд. Аммо мардуми шарифи Тоҷикистон медонанд, ки онҳо ин арзишҳои муқаддасро, яъне ватану миллатро кайҳо фурӯхта, зери пой кардаанд. Роҳбарони ҲНИТ бошанд, танҳо халқу миллату ватан, балки мазҳаби аҷдодии худро ҳам фурӯхта, мазҳаби бегонаро қабул кардаанд. Факту далелу шоҳидии аъзои пештараи ҳизб, навору аксҳои зиёд гувоҳӣ медиҳанд, ки роҳбарони ҲНИТ ба хотири дунё ва молу қудрат шуда, мазҳаби худро фурӯхта, ба мазҳаби шиа даромадаанд.

Ҷараёни шиашавии аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон собиқаи тулонӣ дорад. ТЭТ ҲНИТ аз солҳои аввали фаъолияташ бо инқилоби исломӣ дар Эрон ва роҳбарони он диққат ва пайравӣ дошт. Дар байни аксари роҳбарияти ҲНИТ ба шахсияти калони олами шиа, роҳбари инқилоби Эрон Оятулло Хумайнӣ муридӣ дошта, онро бо эҳтиром «Ҳазрати Имом» меномиданд. Ба ҷойи Қуръону суннат китобҳои мазҳаби шиаро мехонданд. Баъзе наҳзатиҳо дар васфи Хумайнӣ чандин шеър ва рубоиёт навишта буданд, ки дар рӯзномаи соҳавиашон чоп шудааст.

Далели диққатҷалбкунандае низ ҳаст, ки аксари роҳбарони ҲНИТ фарзандони худро бо номи имомони мазҳаби шиа, домуллоҳои калони шиа ва роҳбарони инқилоби исломии Эрон мисли Меҳдӣ, Ҷавод, Боқир, Муртазо, Хумайнӣ, Биҳиштӣ, Мутаҳаррӣ, Руҳуллоҳ, Ҳусайнӣ, Боҳунар ва ғайраҳо ном гузоштаанд. Масалан, фарзандони асосгузори ҲНИТ С.А.Нурӣ - Биҳиштӣ ва Ҳусайнӣ, фарзандони раиси ТЭТ ҲНИТ М.Кабирӣ - Руҳуллоҳ, Муртазо, Биҳиштӣ ва Меҳдӣ, писарони муовини якуми раиси ҲНИТ Саидумар Ҳусайнӣ - Саидмеҳдӣ, Саидҷавод ва Биҳиштӣ, фарзандони узви Раёсати ТЭТ ҲНИТ Шамсиддин Саидов - Руҳуллоҳ, Биҳиштӣ, Боҳунар ва ғайра ном доранд. Ин далелҳои одӣ пайравии роҳбарони ҲНИТ нисбат ба пешвоёни мазҳаби шиаро нишон медиҳад.

Ҳанӯз дар ҳодисаҳои солҳои 90-ум, ки ТЭТ ҲНИТ ташкилкунандаи асосии он буд, шиорҳои инқилоби исломии Эрон ва шиорҳои ҳаракатҳои исломии шиаро қабул карда, дар фаъолияташ истифода мекард. Масалан, «Роҳи мо роҳи Алист, бирав, гум шав, коммунист!», «Амрико, Амрико, марг ба найранги ту, хуни шаҳидони мо, мечакад аз ҷанги ту!», «Ҳам шиаю ҳам суннӣ, роҳбари мо Хумайнӣ», «Атри гули муҳаммадӣ, Вилоятӣ хуш омадӣ!» ва ғайраҳоро. Касоне, ки ҳодисаҳои инқилоби исломии Эрон дар солҳои 80-ум ва шиорҳои онро донанд, сарчашмаи ин шиорҳои наҳзатиҳоро хуб медонанд. Шиорҳои ҲНИТ такрори шиорҳои ҳаракатҳои мазҳабии шиаиён аст. Фаъолони ҲНИТ Қорӣ Муҳаммадҷон, Эшони Қиёмиддин ва Саъдидини Рустам ин шиорҳоро дар майдони Шаҳидон ҳар рӯз бо баландгӯяк садо медоданд ва аъзои ҲНИТ онро такрор мекарданд.

Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бошад, роҳбарони ҲНИТ ба Эрон гурехта, бо оилаҳои худ дар ин кишвар зиндагӣ мекарданд. Дар ин давра аз онҳо С.А.Нурӣ, Саъдидини Рустам, Сайидиброҳим Назаров, Мулло Аёмиддин, Эшони Қиёмиддин, Шамсиддин Саидов ва ғайраҳо дар Теҳрон истиқомат доштанд. Дар ин давра садҳо нафар фаъолон ва пайравони ин ташкилоти террористӣ-экстремистӣ дар мадрасаҳои динии шиагӣ дар Эрон дарс хонда, ба мазҳаби шиа ворид шуданд. Таъминоти молии худ ва оилаҳои роҳбарони ҲНИТ пурра аз тарафи марказҳои мазҳаби шиа таъмин мешуд.

Баъди барқарории сулҳ дар Тоҷикистон алоқаи аъзои ҲНИТ бо мазҳаби шиъа боз ҳам давом ёфт ва баръакс, қавитар шуд. Дар ин бора метавон бо мисолҳои қатъӣ гуфт, ки то манъ шудани фаъолияти ҲНИТ беш аз 800 нафар ҷавонон, аксарашон фарзандон ва хешу таборони аъзои ҲНИТ мебошанд, дар мадрасаҳои динии Эрон дарс мехонданд. Аксари онҳо дар шаҳри Қум (маркази олами мазҳаби шиа), шаҳри Гургон ва дигар шаҳрҳои Эрон таҳсил мекарданд ва ба мазҳаби шиа дохил шуда буданд. Вақте, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон донишҷӯёни тоҷик аз мадрасаҳои динии хориҷа баргардонда шуданд, фиристодаҳои наҳзат аз қарори Ҳукумат сарпечӣ карда, аз мадрасаҳои Эрон барнагаштанд. Онҳо таҳсили худро то имрӯзҳо давом дода истодаанд.

Он вақт оятуллоҳои шиа ҳатто иҷозат надоданд, ки намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Эрон бо ин толибон дар мадрасаҳои Қум мулоқот карда, онҳоро барои бозгаштан ба ватан даъват кунанд. Шумораи онҳоро ҳам махфӣ нигоҳ доштанд. Аммо манбаъҳои боэътимод тасдиқ мекунанд, ки дар ҳамин шабонарӯз беш аз 480 нафар фарзандон ва хешу табори аъзоёи ҲНИТ дар мадрасаҳои динии шаҳри Қум ва Гургон дар назди домуллоҳои мазҳаби шиа дарс мехонанд. Дар байни онҳо хоҳарзодаҳои М.Кабирӣ (2 нафар, яке бо ҳамроҳии зан ва як кӯдаки хурдсол), набераи Акоша Кабирӣ, фарзандони муовини якуми раиси ТЭТ ҲНИТ Саидумар Ҳусейнӣ (ду писар ва ду келинаш), фарзандони Саидиброҳим Назаров (4 нафар), писарон ва набераҳои Шамсиддини Саид (5 нафар), писарони мулло Саъдидини Рустам (бо келинаш) ва ғайраҳо ҳастанд. Оиладорон бошанд, дар хобгоҳи оилавӣ зиндагӣ мекунанд. Онҳо бо хӯроки бепул ва идрорпулиҳои баланд таъмин ҳастанд. Ба наздикӣ ба ҳамаи онҳо аз ҳисоби хумс (як навъ андоз дар мазҳаби шиа) яктоӣ планшет туҳфа карда шуд, ҳадя барои фурӯхтани мазҳаби падару бобоии худ.

Пас аз вафоти С. Нурӣ, ки соли 2007 иттифоқ омада буд, таъсири мазҳаби шиа дар дохили ҲНИТ боз ҳам сахттар шуд. Ҳар сол даҳҳо нафар аз роҳбарони ТЭТ ҲНИТ барои гузаштани курсҳои мазҳаби шиа ба Эрон бурда мешуданд. Пули чиптаҳо ва меҳмонхонаҳои қимматбаҳоро барои онҳо марказҳои мазҳаби шиа аз ҳисоби хумси мазҳабӣ медоданд. Як қисми ин гуна курсҳои мазҳабӣ дар худи Тоҷикистон дар қароргоҳи маркази ҲНИТ ё дар ҷойҳои махсуси дигар мегузаштанд. Масалан, моҳҳои апрел-майи соли 2012 таблиғотчии мутаассиби машҳури шиа Ҳасани Раҳимпур ба Тоҷикистон омада, дар қароргоҳи марказии ТЭТ ҲНИТ чандин дарси мазҳаби шиа гузашт. Навори видеоии дарсҳои Раҳимпур дар қароргоҳи ҲНИТ дар Душанбе дар интернет мебошад. Дар навор дида мешавад, ки чӣ хел роҳбарони ТЭТ ҲНИТ дар қатори пеши дарси ин мубаллиғи шиа нишаста, суханони ӯро зидди мазҳаби аҳли суннат тасдиқ карда, сар меҷунбонанд.

Соли 2011 аллакай маълум шуда буд, ки як бахши калони роҳбарияти ҲНИТ пурра ва ошкоро ба мазҳаби шиа даромадааст. Ин ҳодиса сабаби як ихтилофи калон дар дохили роҳбарияти ТЭТ гашта буд. Дар он моҷарои ҳизбӣ М.Кабирӣ, Сайидиброҳим Назаров, Зубайдуллои Розиқ, Шамсиддин Сайид, Ҷалолиддини Маҳмуд, Абдусаттор Каримов (махсуми Саттор), Илҳом Ёқубов ва ғайраҳо, ки аллакай мазҳаби шиаро ошкоро қабул карда буданд, бо аъзои дигари Раёсати ҲНИТ, аз ҷумлаи Маҳмадсаид Ризоӣ, Абдуқаҳҳори Давлат, Акоша Кабирӣ, Маҳмадалӣ Файзмуҳаммад ва ғайраҳо, ки асосан гароиши ваҳҳобӣ доштанд, бо ҳам ихтилофи калон карда, ҳатто ба якдигар қаҳрӣ ва як муддат аз ҳам дур шуданд. Яке аз собиқадорони ҲНИТ, мушовири раиси он Мирзомуҳаммадии Навид (шоир) ин гароиши роҳбарият ба мазҳаби шиаро ошкоро дар матбуот маҳкум карда, умуман аз сафи ТЭТ ҲНИТ хориҷ шуд. Собиқадори дигари ҳизб Мавлавӣ Абдулҳай ҳам дид, ки суханони насиҳатомезаш ба роҳбарони ҲНИТ таъсир накард ва онҳо аз мазҳаби шиа барнагаштанд, дигар ба ҷамъомадҳои ҳизб намерафт ва ба суфизм рӯ овард.

Бо гузашти вақт ҲНИТ пурра ба мазҳаб ва сиёсати ҷаҳонии ташайюъ даромад. ҲНИТ узви «Ҳаракати байналхалқии бедории исломӣ» шуд. Соли 2013 раиси ин ҳизб М.Кабирӣ муовини роҳбари ин ҳаракати байналхалқӣ интихоб шуд. Бояд гуфт, ки «Ҳаракати байналхалқии бедории исломӣ» як ҳаракати динӣ ва сиёсии ифротгарои мазҳаби шиа буда, қувваҳои динию сиёсии шиа ва ё шиагароро дар мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон муттаҳид мекунад. «Бедор кардани мусулмонон» дар ин ҳаракат ба маънои бар зидди давлату миллатҳои худ шӯрондану хезондани мусулмонон дар ҳар кишвари олам аст. Роҳбари ҲНИТ ягона намоянда аз кишварҳои суннимазҳаб буд, ки аъзо ва ҳам мебинем, ки муовини раиси ин ҳаракати ҷаҳонии шиаро (марказаш дар Теҳрон, зери роҳбарии Алиакбари Вилоятӣ) шуд. Ин далел ҳам нишон медиҳад, ки роҳбарияти ҲНИТ амалан мазҳаби шиаро қабул карда буд, агар не, дар он ҳаркати махфии сиёсии ифротии шиаиён ҳаргиз аҳли суннатро қабул намекунанд.

Гароиш ёфтани ТЭТ ҲНИТ ба мазҳаби шиа дар он дида мешуд, ки дар рӯзномаи ҳизбии ҲНИТ «Наҷот» ва нашрияҳои он ҳар ҳафта мақолаҳои муаллифони шиа ва фатвоҳои оятуллоҳои шиа чоп мегардид. Ҳафтавори «Наҷот» ҳар баромади Оятулло Хоманаӣ, роҳбари мазҳабии Эронро чоп мекард ва он дар байни аъзои ТЭТ ҲНИТ хонда чун «паёми валии амри муслимин» таблиғ мешуд. Яъне, матбуот ва сайти ҳизбии ТЭТ ҲНИТ ба минбари таблиғ кардани ақидаҳои мазҳаби шиа табдил ёфта буданд.

Махсусан, дар солҳои 2000-ум то ба имрӯз дар байни аъзои қатории ҲНИТ ҳам гароиш ба мазҳаби шиа бисёр пурзӯр шуда буд. Масалан дар шаҳри Кӯлоб, аз ҷумла дар қишлоқи Кул, шаҳри Истаравшан- маҳаллаи Хоҷаи Пир, ноҳияи Мастчоҳ- дар участкаи 2, дар шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла дар микрорайонҳои нав (34,35,18) даҳҳо оилаи наҳзатиҳо ба таври оилавӣ аз мазҳаби ҳанафӣ баромада, мазҳаби шиаро қабул карданд. Ҳамсояҳои онҳо инро мебинанду медонанд. Масалан, дар шаҳри Истаравшан оилаи Саидюнус Истаравшанӣ, ки яке аз тоҷикони шиашудаи калонтарин аст, бо ҳамаи бародарҳо, хоҳарон, фарзандон, хешу таборҳо мазҳаби шиаро кабул карда, мувофиқи он намоз мегузоранд.

Дигар аломат, ки пурра ба мазҳаби шиа гузаштани роҳбарияти ҲНИТ-ро нишон медиҳад, бо тамоми олимони динии ҳанафимазҳаби Тоҷикистон ихтилоф ва муносибати бад доштани онҳо мебошад. Онҳо олимони исломии тоҷик, аз ҷумла Домулло Ҳикматулло, Домулло Маъруф, Домулло Ҳусейнҷон Мӯсозода, Эшони Сайидҷони Сорбонхоҷа ва дигаронро бад дида, ба унвони ин бузургони динии мазҳаби ҳанафӣ дар Тоҷикистон суханони қабеҳ ва носазо мегӯянд.

Як аломати асосии пайравии мазҳаби шиа, дар ангушти дуюми дасти чап андохтани ангуштарин бо нигини санги калондошта аст. Одатан нигинаш бояд аз санги сиёҳ ва тираранг бошад. Агар аксҳо ва наворҳои аксари роҳбарони ТЭТ ҲНИТ-ро бинед, онҳо ин рамзи шиаро риоя мекунанд. Дар ангушти Эшони Қиёмиддин, Шамсиддин Саидов, Саъдиддини Рустам, Саидиброҳим Назар, Зубайдуллои Розиқ ҳатто ду ё сетоӣ ин гуна ангуштаринҳои нигиндор мебинед. Ногуфта намонад, ки яке аз «ҳикматҳо»-и ин ангуштарин дар мазҳаби шиа ин аст, ки агар онро чаппа тоб диҳӣ, яъне нигини он аз тарафи даруни даст ояд, ба шиаиён дурӯғ гуфтан иҷозат аст. Ин як эътиқоди қадимии мазҳаби шиа аст, ки дар китобҳояшон омадааст. Борҳо шоҳид будам, ки роҳбарони шиашудаи ТЭТ ҲНИТ ҳам ин қоидаи мазҳаби шиаро бисёр истифода мекунанд. Бо фатвои оятуллоҳои мазҳабӣ нигини ангуштаринашонро дарун тоб медиҳанду дурӯғ гуфтан мегиранд. Ба касе, ки бошад, ба падар, модар, зан, фарзанд, халқ, ватан, миллат дурӯғ гуфтан мегиранд. Қоидаи ин мазҳаб ҳамин аст. Онро худашон «тақия» меноманд.

Ҳамаи ин далелҳо нишон медиҳанд, ки роҳбарони ТЭТ ҲНИТ мазҳаби шиаро қабул карда, аз доираи мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат берун шудаанд. Онҳо махсусан мазҳаби халқи Тоҷикистон, яъне мазҳаби ҳанафӣ ва таълимоти Имоми Аъзамро рад карда, таълимоти мазҳаби шиаро қабул кардаанд ва онро амалӣ мекунанд. Номҳои оилавияшон, ҳарфашон ва шиорҳояшон, амалҳояшон, ҷойи таҳсилашон, ҷойҳои паноҳгоҳ, зиндагиашон нишон медиҳад, ки онҳо аз мазҳаби аҷдодии халқи тоҷик рӯирост даст кашида, ба мазҳаби бегона дохил шудаанд.

Ҳамин хел аст, ки ТЭТ ҲНИТ дар Тоҷикистон ва дар миёни халқи тоҷик дигар эътибор ва эҳтиром надорад. Онҳо ҷойгоҳи худро дар байни халқи мусулмони Тоҷикистон, ки пайрави мазҳаби ҳанафӣ мебошанд, пурра аз даст додаанд. Зеро халқи тоҷик ҳаргиз мазҳабфурӯшонро намебахшад. Ҳар тоҷике, ки имоми мазҳаби худ - Абу Ҳанифа ва мазҳаби ҳанафии худро дӯст медорад, ин наҳзатиҳои мазҳабфурӯшро маҳкум мекунад.

Пас, дар интернетҳо даъвои ватану миллату мазҳаб кардани роҳбарони беҳайёи ТЭТ ҲНИТ як дурӯягии маҳз ва фиреби ошкоро онҳост. Зеро онҳо кайҳо ватану миллат ва мазҳаби ҳанафии худро барои пулу сарвату қудрат шуда фурӯхтаанд. Пас, маълум аст, ки мазҳабфурӯшони наҳзатӣ дигар ҳаргиз ҳақ надоранд, ки аз номи миллати тоҷик ва халқи Тоҷикистон гап зананд. Халқи Тоҷикистон аз ватанфурӯшону мазҳабфурӯшон безор аст!

Муҳаммадиқболи БОХТАРӢ,
хатмкардаи Донишкадаи исломии
Тоҷикистон, аъзои ҲНИТ то соли 2013



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Чаро роҳбарони ҲНИТ мазҳаби ҳанафиро фурӯхта, мазҳаби бегонаро қабул кардаа ...

Чаро роҳбарони ҲНИТ мазҳаби ҳанафиро фурӯхта, мазҳаби бегонаро қабул кардаа ...

Хабарҳо, Таҳқиқи журналистӣ, Номаҳои Шумо
СҲШ: «ҲНИТ ба рӯйхати ташкилотҳои террористӣ ворид карда шуд»

СҲШ: «ҲНИТ ба рӯйхати ташкилотҳои террористӣ ворид карда шуд»

Хабарҳо, Сиёсат, Ҳуқуқу амният
Р. Азизӣ: ««Ҳидоятҳо»-и Нурӣ яке аз бунёдҳои асосии ифротгароӣ дар сафҳои п ...

Р. Азизӣ: ««Ҳидоятҳо»-и Нурӣ яке аз бунёдҳои асосии ифротгароӣ дар сафҳои п ...

Сиёсат, Хабарҳо
Истиқболи ҲНИТ аз куштор

Истиқболи ҲНИТ аз куштор

Сиёсат, Хабарҳо, Номаҳои Шумо
ҲНИТ дар шаҳри Сарбанд фаъолияташро қатъ кард

ҲНИТ дар шаҳри Сарбанд фаъолияташро қатъ кард

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА