Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Қ. Ҳакимзода: “Бо дарки баланди масъулият ба корҳои созандагӣ вусъат бахшем”


Қ. Ҳакимзода: “Бо дарки баланди масъулият ба корҳои созандагӣ вусъат бахшем”



Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Балҷувон бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода қабули сайёри шаҳрвандон баргузор гардид.

Сокинони маҳаллӣ асосан доир ба азнавсозии муассисаҳои таълимии №4,5, расонидани кумак барои сохтмони манзили истиқоматӣ, ҷудо намудани роҳхат ба осоишгоҳ, дастрас намудани автомашинаи ёрии таъҷилӣ барои беморхонаи №2, таъмини аҳолӣ бо замини чарогоҳ ва кашидани хатти оби нӯшокӣ, баҳси замини хоҷагии деҳқонӣ, таъмири роҳи байни деҳа ва иваз намудани симчӯбҳои барқ, таъмири роҳи Калтачанор-Охбулоқ, сохтмони бунгоҳи тиббӣ ва ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ муроҷиат намуданд. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ҷиҳати баррасӣ ва ҳалли мусбати мушкилиҳои мардум ба масъулон супоришҳои мушаххас доданд.

Сипас, раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Балҷувонро дар ҷаласа бо иштироки роҳбарону фаъолони ноҳия таҳлилу баррасӣ намуда, таваҷҷуҳи масъулонро ба рафъи камбудиҳои ҷойдошта ҷалб намуданд. Ҳамзамон, оид ба дастуру супоришҳои Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сарфакорона истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин, захираи дусолаи маводи озуқа, роҳ надодан ба хароҷоти беҳуда, хона ба хона аз тарафи гурӯҳҳои корӣ фаҳмонидани аҳамияти истифодаи ҳар як ваҷаб замини наздиҳавлигӣ ва захира намудани ғизо барои зимистон, расонидани муҳтавои муроҷиатномаи Маҷлиси вакилони халқи вилоят дастурҳо доданд.

- Боварӣ дорам, ки сокинони ноҳияи Балҷувон бо дарки баланди масъулият ва хештаншиносӣ корҳои ободонию созандагиро боз ҳам вусъат бахшида, дар пешрафту ободии Ватани азиз саҳми шоиста мегузоранд, - афзуданд раиси вилоят.


Ҳолпурсӣ аз меҳтарони меҳнат
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода барои дидорбинӣ ба хонаи собиқадори меҳнат Сангов Гулмаҳмад омаданд. Аёдати меҳтарони меҳнат аз ҷониби раиси вилоят ба ҳукми анъана даромада, пайваста зимни сафарҳои кориашон ба шаҳру навоҳии вилоят анҷом дода мешавад.

Сангов Гулмаҳмад 85 сол дошта, дар деҳаи Балҷувони Ҷамоати деҳоти “Балҷувон” истиқомат мекунад ва бо ихтисоси зоотехник 67 сол дар самтҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат фаъолияти пурсамар кардааст. Аз соли 1955 то соли 1961 дар ноҳияҳои Совет (ҳоло Темурмалик), Ховалинг, Балҷувон, Данғара, Ҳисор ба ҳайси омӯзгор ва китобхоначӣ кор кардааст. Соли 1966, баъди хатми Институти кишоварзии Тоҷикистон то соли 2001 дар вазифаҳои зоотехник, сарзоотехники совхозҳои Кангурт ва Балҷувон, бригадири совхоз, сардори умури кишоварзӣ, сардори хоҷагии занбӯрпарварии ноҳияи Балҷувон фаъолият кардааст. Аз соли 2001 инҷониб раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия мебошад. Заҳматҳояш бо Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва медали «Хизмати шоиста» қадрдонӣ шудааст.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба собиқадор барои фаъолияти бисёрсолаи намунавиаш изҳори сипос намуда, барояш саломатии устувору рӯзгори ободу осуда таманно кард. Бояд гуфт, ки ин оилаи намуна тибқи дастуру супоришҳои Сарвари мамлакат дар замини наздиҳавлигияш картошка, пиёз, каду, помидору бодиринг, кабудиҳо ва ғалладонагиҳо шинонида, аз ин ҳисоб захираи зимистонашонро омода карда истодаанд. Ҳамзамон дар ҳавлии худ боғу токзор парвариш намудааст, ки ғарқи ҳосил мебошад ва аз ин ҳисоб шароити зиндагии худро таъмин месозанд.

То имрӯз аҳли байти ин хонадон дар 300 адад зарф афшураҳо маҳкам кардаанд. Ҳамчунин, дар ин рӯз раиси вилоят собиқадори меҳнат Муродалиев Амируллоро, ки дар деҳаи Тупхонаи Ҷамоати деҳоти “Балҷувон” истиқомат дорад, аёдат карда, ба ӯ туҳфаҳои пулию молӣ тақдим намуданд. Муродалиев Амирулло 66 сол дошта, аз соли 1979 то соли 2019 аз рӯйи ихтисоси барқкорӣ, аз устои оддӣ корро оғоз карда, то ба нафақа баромадан дар вазифаҳои устои калон, муҳандис, сармуҳандис, муовини сардори шабакаҳои барқ ва сардори шабакаҳои барқи ноҳияҳои Данғара ва Балҷувон фаъолият кардааст.

Дар суҳбат пирони рӯзгордида ба Пешвои миллат ва раиси вилоят дуои нек доданд. Муродалиев Амирулло низ бо аҳли оилаи худ баҳри истифодаи замини наздиҳавлигӣ ва боғаш кӯшиш ба харҷ дода, аз заҳмати рӯёнидааш барои ду соли оянда захираи маводи ғизоӣ дорад. Зимни аёдат собиқадорон шукрона аз соҳибистиқлолӣ намуда, доир ба нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ ва пойдории Истиқлолияти давлатӣ сухан карданд. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ёдовар шуданд, ки давлату ҳукумат фаъолияти собиқадорону пирони рӯзгордидаро, ки умри худро баҳри пешрафти мамлакат сарф кардаанд, фаромӯш намесозад, барои ҳалли мушкилоти хонаводагию саломатии онҳо масъалагузорӣ менамояд.


Ба маркази ноҳия хатти об меоранд

Дар доираи сафари корӣ раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар маросими оғоз гардидани корҳои кашидани хатти оби нӯшокӣ аз деҳаи Калтачинор то ба маркази ноҳияи Балҷувон иштирок карданд. Иттилоъ дода шуд, ки фармоишгари иншооти мазкур роҳбари гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон, намояндаи Ҳукумати мамлакат – раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Нусратулло ва пудратчӣ ҶДММ «Сафо-1» буда, хатти оби нӯшокӣ ба дарозии 4 километр бо қубури полиэтилении диаметраш 140 кашида шуда, ба обанбори ғунҷоишаш 480 метри кубӣ оварда мешавад. Баъди татбиқи пурраи лоиҳаи мазкур аҳолии маркази ноҳия пурра бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд.

То ин замон зиёда аз 60 фоизи корҳо ба анҷом расонида шудааст. Айни замон 14 нафар мутахассисон дар корҳои сохтмонӣ ба кор ҷалб гардидаанд. Дар ҷараёни шиносоӣ бо корҳои ободонию созандагӣ дар ноҳияи Балҷувон раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода оид ба ҷараёни корҳои сохтмонӣ, камбудиҳои ҷойдошта таъкидҳо карда, доир ба бартараф намудани онҳо ва иҷрои саривақтию босифати нақшаи корҳои ободонӣ супоришҳои мушаххас доданд. Бо итминон қайд гардид, ки мардуми сарбаланду заҳматқарини ноҳияи Балҷувон бо шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ба хотири боз ҳам ободу зебо ва пешрафтаву неруманд гардонидани Ватани маҳбубамон чун ҳарвақта сарҷамъу аҳлона ва бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ саъю талош мекунанд.

Н.Маъмурзода, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода