Корвони иттилоотии журналистон ба нашрияи “Хатлон” ташриф оварданд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 июн, Бахш: ---, Боздид 671
15-17 июни соли равон бо ибтикори ИЖТ ва бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҳайати корвони иттилоотии журналистон иборат аз 35 нафар ба вилояти Хатлон сафар намуда, дар доираи сафари худ, аз идораи рӯзномаи вилоятии “Хатлон” дидан намуданд.
Меҳмонон нахуст аз осорхонаи наздиидоравии нашрияи “Хатлон” дидан намуданд.
Дар мулоқот бо ҳайати эҷодии рӯзномаи “Хатлон” қайд гардид, ки аз рӯйи натиҷаҳои тадқиқоти Маркази сотсиологии “Зеркало”, ТҶ “Машварати расонавӣ” ва Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, рӯзномаи “Хатлон” дар раддабандии нашрияҳои серхонандатарин дар вилояти Хатлон дар ҷойи аввал қарор гирифтааст.
Зимни боздид меҳмонон аз шароити кории рӯзноманигорон шинос шуда, баён доштанд, ки аз ҳамаи ин имконоти мавҷуда самаранок истифода бурда, дар хизмати мардум бошанд.
- Қисмати шинос шудан бо ҳампешаҳо бисёр хотирмон буд, зеро табодули таҷриба боиси пешравии кори ҳар як идора мебошад. Нашрияи “Хатлон” воқеан тайи ду соли охир ба рӯзномаи сермуштарӣ табдил ёфтааст. Далели ин гуфтаҳои мо метавонад пурсиши сотсиологии маркази тадқиқотии “Зеркало” бошад. Инчунин, рӯзномаи “Хатлон” ду маротиба соҳиби Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Асадулло Саъдуллоев ба унвони «Нашрияи муваффақи маҳаллӣ» гаштааст. Боиси хушнудист, ки имрӯз тими рӯзномаи “Хатлон” ҷавон гаштааст ва аз имкониятҳои нави мултимедиавӣ ба пуррагӣ истифода мебарад. Боварӣ дорам, ки рӯзномаи мазкур тӯли садсолаҳо ба муштариёнаш хизмат мерасонад,- изҳор дошт Зиннатуллоҳ Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.
Декани факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Бахтиёр Қутбиддинов рӯзномаи “Хатлон”-ро ошёни даҳҳо журналистону адибон унвон кард.
-Вақте имрӯзи рӯзномаи мазкурро варақгардон мекардам, ба худ боварӣ ҳосил кардам, ки рӯзе нависандагоне ба камол мерсанд, ки дар инъикоси воқеаҳои иҷтимоӣ саҳм мегузоранд. Имрӯз ин нашрия вобаста ба завқи муштарӣ маводҳои иттилоотӣ ва таҳлиливу фароғатӣ омода мекунад, ки ин яке аз комёбиҳои ҳайати эҷодии он мебошад. Бо истифода аз имкониятҳои интернет рӯзномаи “Хатлон” саҳифаҳои худро таъсис додааст, ки дар замони имрӯз аз ҳамаи расонаҳои ВАО ин чӣ тақозо мешавад,- гуфт дар суҳбат Б. Қутбиддинов.
Бояд гуфт, ки ба ҳайати корвони иттилоотии журналистон муҳаррирон ва намояндаҳои нашрияҳои маҳаллии ҷумҳурӣ аз вилоятҳои Суғду Бадахшон, ноҳияҳои тобеи пойтахт ва шаҳри Душанбе иштирок доштанд.
Инчунин, корвони иттилоотӣ тибқи нақшаи тасдиқгардида, ба шаҳру ноҳияҳои Темурмалик, Балҷувон, Ховалинг, Кӯлоб, Бохтар аз мавзеъҳои ҷолиби вилоят боздид намуданд.
Дар рӯзи охири сафар дар шаҳри Бохтар мулоқоти муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ бо ҳайати корвони рӯзноманигорон баргузор гардид. Фирӯза Шарифӣ аз номи раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ҳамаи журналистонро ба вилояти Хатлон хайра мақдам гуфта, ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфт.
Фирдавс УМАРОВ, “Хатлон”