Дар як сатр
» » «Соҳибкоронии ҷавонон - воситаи беҳтар кардани иқтисодиёти минтақа»

«Соҳибкоронии ҷавонон - воситаи беҳтар кардани иқтисодиёти минтақа»

2-08-2017, 13:32

«Соҳибкоронии ҷавонон - воситаи беҳтар кардани иқтисодиёти минтақа»

Лоиҳаи «Соҳибкоронии ҷавонон - воситаи беҳтар кардани иқтисодиёти минтақа» бо дастгирии молиявии Комиссия оид ба рушди демократияи назди сафорати Иёлоти Мутаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Сарбанд, Бохтар, Вахш ва Ҷалолиддин Балхии вилояти Хатлон амалӣ карда шуд, ҷамъбаст гашт ва беҳтарин лоиҳаи безнес нақшаро муайян намуданд. Комиссияи баҳодиҳиро муовини Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон Шараф Сангов роҳбари кард. Инчунин, ба ҳайати комиссия намояндаҳои институтҳои қарздиҳӣ, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа шомил буданд.

Тибқи иттилои масъулин лоиҳа барои васеъ намудани имкониятҳои ҳуқуқӣ, ҷалби ҷавонон ба соҳибкорӣ ва устувории фаъолияти соҳибкории онҳо равона карда шудааст.

«Соҳибкоронии ҷавонон - воситаи беҳтар кардани иқтисодиёти минтақа»

- Ҳадафи лоиҳаи мазкур таъмин кардани таълими иқтисодии сифатнок ба ҷавонони шаҳру ноҳияҳои номбурда, барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва ташкил кардани имкониятҳо барои ёфтани ҷойи корӣ, бо роҳи оғози фаъолияти соҳибкории хурду миёна ҳал кардани масъалаҳои муҳоҷират, иштироки ҷавонони соҳибкор дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоии ҷомеа, рушди соҳибкории миёна дар байни ҷавонон бо мақсади беҳтар кардани иқтисодиёти минтақа ва баланд бардоштани сифати зиндагӣ мебошад, - гуфт Фарҳод Тоиров менеҷери департаменти муносибат ва ҳимояи Ташкилоти ҷамъиятии Асотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон.

«Соҳибкоронии ҷавонон - воситаи беҳтар кардани иқтисодиёти минтақа»

Дар давоми амали шудани Лоиҳа 20 нафар иштирокчиёни синашон аз 18 то 25 сола (10 духтар ва 10 писар) омӯзишҳоро оид ба «Асосҳои иқтисодиёт» (40 соат, 5 рӯз) ва «Соҳибкорӣ ва банақшагирии тиҷорат» (40 соат, 5 рӯз) гузарониданд. Баъди ба анҷом расидани лоиҳа 13 адад бизнес нақшаҳо аз тарафи иштирокчиён пешниҳод карда шуд, ва беҳтарин лоиҳаҳо интихоб карда шуд. Ҷойи якумро ҷавондухтари шаҳри Сарбанд Бахтинисо Талбакова бо бизнес нақшаи «Ташкил кардани курсҳои тарроҳӣ-дузандагӣ», ҷойи дуюмро ҷавонписари шаҳри Қӯрғонтеппа Иброҳим Тоиров бо биснес нақшаи «Қаҳвахонаи замонавӣ» ва ҷойи сеюмро ҷавонписари ноҳияи Вахш Муҳаммад Абдуллоев бо биснес нақшаи «Истеҳсоли кулчақанд» ишғол карда шуда, ба онҳо тӯҳфаҳо супорида шуданд.

Фаромӯз БОБОЕВ,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Озмуни грантҳои раиси вилояти Хатлон барои занони соҳибкор

Озмуни грантҳои раиси вилояти Хатлон барои занони соҳибкор

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Қубодиён. Маркази омӯзишии дӯзандагӣ  кушода шуд

Қубодиён. Маркази омӯзишии дӯзандагӣ кушода шуд

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, Номаҳои Шумо
Муовини вазир: Ҷавоне, ки иқтисодиётро меомӯзад, соҳибкори муваффақ мешавад

Муовини вазир: Ҷавоне, ки иқтисодиётро меомӯзад, соҳибкори муваффақ мешавад

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат
Эълони озмун ҷиҳати дарёфти грантҳои раиси вилоят барои бонувони соҳибкор

Эълони озмун ҷиҳати дарёфти грантҳои раиси вилоят барои бонувони соҳибкор

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, Ҳаёти иҷтимоӣ, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Тоҷикистон бо давлатҳои аъзои  СУС ҳамкориҳои бисёрҷонибаро ба роҳ мемонад

Тоҷикистон бо давлатҳои аъзои СУС ҳамкориҳои бисёрҷонибаро ба роҳ мемонад

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ