Дар як сатр
» » СҲШ: «ҲНИТ ба рӯйхати ташкилотҳои террористӣ ворид карда шуд»

СҲШ: «ҲНИТ ба рӯйхати ташкилотҳои террористӣ ворид карда шуд»

17-07-2017, 07:28

Расонаи бонуфузи хабарии Олмон «Abendzeiting Munchen» бо истинод ба сомонаи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай аз 29 январи соли 2016 хабар медиҳад, ки дар мувофиқат бо Низомнома оид ба Феҳристи ягонаи созмонҳои террористӣ, экстремистӣ ва ҷудоихоҳ, ки фаъолияташон дар қаламрави давлатҳои узви СҲШ манъ аст, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, таҳти рақами №79, ба рӯйхати ташкилотҳои террористӣ ворид карда шуд.

СҲШ: «ҲНИТ ба рӯйхати ташкилотҳои террористӣ ворид карда шуд»


Дар ин бора АМИТ «Ховар» иттилоъ дода, афзудааст, ки қаблан ба ин рӯйхат созмонҳои террористие ба монанди «Ал-Қоида», ДИИШ, «Ҳаракати Толибон», «Бародарони мусалмон» ва ғайра номнавис шуда буданд.

Дар ҳолати ҳозира, чанде аз роҳбарону аъзоёни фаъоли ТЭТ ҲНИТ таҳти роҳбарии M. Кабирӣ дар давлатҳои ғарбӣ будубош доранд. Ҷомеаи олмонӣ, ки аз амалишавии силсилаактҳои террористӣ сахт нигарон мебошад, аз ҳузур ва баромадҳои эътирозии Кабирию пайравонаш (ҳарчанд таъсиргузор набошанд ҳам), аз он ки дафтари ин ҳизби террористӣ дар қаламраваш қарор дорад, дар ташвиш афтодаанд.

Наҳзатиёни фирорӣ дар ҳудуди кишварҳои аврупоӣ барои амалӣ кардани мақсадҳои худ, ба ҷалби муҳоҷирон ба сафи гурӯҳҳои террористӣ, инчунин ташвиқоту тарғибот машғуланд. Дафтари онҳо барои пурра намудани сафи ҷангиёни ДИИШ ва дигар гурӯҳҳои террористӣ, ки дар Ховари Наздик меҷанганд, истифода мешавад. Дар ҳамин ҷо иртибот бо таблитғгарони гурӯҳҳои террористӣ барқарор мегардад, шартномаҳо ба имзо мерасанд, аъзои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ гурехтаи ҲНИТ паноҳ меёбанд.

ТЭТ ҲНИТ ташкилотчӣ ва гунаҳгори асосии ҳодисаҳои фоҷиабори солҳои 90-уми асри гузашта дар Тоҷикистон аст. Дар натиҷаи муқовимати шаҳрвандӣ зиёда аз 150 ҳазор нафар кушта шуда, беш аз 1 миллион сокини осоишта фирорӣ гардиданд. Ба иқтисодиёти Тоҷикистон зиёда аз 7 миллиард доллари ИМА хисорот расид. Дар ҳамин давра, бо роҳнамоӣ ва пуштибонии ТЭТ ҲНИТ беш аз 500 нафар ҷавонони тоҷикистонӣ барои таълимгирӣ ба марказҳои террористии хориҷӣ фиристода шуданд. Айни замон, аксарияти онҳо узви фаъоли созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ мебошанд.

Давоми чанд соли охир дар қаламрави Тоҷикистон 75 узви ТЭТ ҲНИТ барои иштирок дар фаъолияти ҷинояткоронаи ташкилотҳои террористӣ ва экстремистии ДИИШ, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, «Ансоруллоҳ», «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Ҷамоати Таблиғ», «Гурӯҳи 24» ва ғайра боздошт гардиданд. Аз 1140 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар сафи гурӯҳҳои ҷангии ДИИШ ба қайд гирифта шудаанд, 521 нафарашон аъзои ТЭТ ҲНИТ мебошанд.

Роҳбари фирории ТЭТ ҲНИТ M.Кабирӣ шахсан ташкилкунанда ва маблағгузори табаддулоти давлатии моҳи сентябри соли 2015 бо иштироки гурӯҳи мусаллаҳи A. Назарзода дар Тоҷикистон аст. Нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, дар ҷустуҷӯи Интерпол эълон шудааст. Дар рӯйхати ашхоси таҳти ҷустуҷӯ қарордошта, ному насаби номбурда бо нишонаи сурх ишора шудааст, ки маънии фавран боздошт шуданро дорад.

Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ чораҳои муштаракро барои пешгирии фаъолияти ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ дар ҳудуди қаламрави давлатҳои аъзои ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ, ки ҳудуди умумии 34,3 млн. километри мураббаъро бо аҳолии беш аз 3,3 миллиард нафар дар бар мегирад, ҳамоҳанг месозад. Кишварҳои узви ин ташкилот барои таъмини амният ва оромии минтақа манфиатдор мебошанд.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ДИИШ зулмат аст

ДИИШ зулмат аст

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
Хиёнати ҲНИТ алайҳи давлатдорӣ

Хиёнати ҲНИТ алайҳи давлатдорӣ

Хабарҳо, Сиёсат, Номаҳои Шумо
Истиқболи ҲНИТ аз куштор

Истиқболи ҲНИТ аз куштор

Сиёсат, Хабарҳо, Номаҳои Шумо
ҲНИТ дар шаҳри Сарбанд фаъолияташро қатъ кард

ҲНИТ дар шаҳри Сарбанд фаъолияташро қатъ кард

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ифтитоҳи парванда алайҳи 7 узви «Ал-Қоида» ва 14 муҷоҳид

Ифтитоҳи парванда алайҳи 7 узви «Ал-Қоида» ва 14 муҷоҳид

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА