Дар як сатр
» » Дунёи туро ёд орам, модар!

Дунёи туро ёд орам, модар!

10-07-2017, 10:37

Дунёи туро ёд орам, модар!Модар! Оҳ, модаре, ки бо шунидани номат забонам лолу дасту поям ба ларза медарояд, зеро ту бароям ҳимматбаландтарин шахс дар рӯйи замин будӣ. Модар, чӣ калимаи ширин ва гувороест, ки ҳатто аз ҳар ҳарфаш бӯйи меҳру вафо ба машоми кас мерасад. Аммо, афсӯс, ин меҳру вафоро дар зиндагӣ кам дидаам.

Модар, эй тамоми тору пудам, ҳастию зиндагиям, куҷостӣ имрӯз? Чаро аз ман дурӣ? Чаро мегузорӣ ин қадар пазмонат шавам? Эй зиндагиям, модари ҷонам, ёд дорам, ки ҳар куҷое қадам мегузоштӣ, онҷо пур аз файзу баракат мешуд, зеро ту нури хонадон, азизи чашми мо, фарзандон, будӣ…

Эй модари ҷонам, медонӣ, ки имрӯз дар симои модарони дигар ин ҷигарбандат симои туро мебинаду меҷӯяд?

Ҳар вақт рӯзҳои бо ту буданам маро ба хаёлоти дуру рангин бурда, дунёи афсонавии бароям бегонаро ошно месозад ва каме ҳам бошад, қалби ташнаи ман таскин меёбад. Чун дунёи бо ту будан пур аз меҳру вафо ва ғамхорӣ буд, модарҷон!

Агар дунёро ба зери поят гузорам, кам аст. Зеро он симо, он чашму абрӯ, мӯйҳои сиёҳе, ки барои ба воя расонидани фарзандон сафед карда будӣ, ҳеҷ гоҳ аз хотиротам зудуда намегардад.

Он табассуму лабханде, ки бароям мекардӣ, ҷойҳое, ки қадам мегузоштӣ, имрӯз бо меҳр менигараму дар он хотироти ширини туро ҷӯё мешавам. Аммо, сад афсӯс, дунёи ман дунёи танҳоист ва дар ин дунёи ман танҳо ёди ту боқист…

Эй модари ҷони ҷонам, имрӯз ҳар гоҳе, ки боди форам мевазад, чун даврони кӯдакӣ ҳаросида ҷое намегурезам, зеро оғӯше нест, ки онҷо маро истиқбол гирад. Ёд дорам замонеро, ки баробари вазидани шамол дар оғӯши гарми ту ҷой мегирифтам.

Ҳоло ман дигарам, зеро имрӯз баробари вазидани бод хушҳол мегардам, чун мехоҳам ба машомам бӯйи туро орад, он бӯйе, ки аз беҳтарин гулҳо хушбӯйтар аст. Гулҳои баҳорӣ ҷойи бӯйи туро гирифта наметавонад. Модарам аз гулҳои баҳорӣ зеботару хушбӯйтар аст.

Модар, дунёи бе ту будан чӣ дунёи ғамангез аст бароям. Дар ин дунёи пур аз ғаму ғусса зистан хеле сабру таҳаммулро мехоҳад. Бе меҳри модарам зистан, табассуми ӯро надидан хеле душвор аст.

Шафоат МУСОФИРЗОДА,
таҷрибаомӯзи рӯзнома


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Шаш нақши муҳими зан

Шаш нақши муҳими зан

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт
Ҷаҳонсозу ҷаҳонороӣ, эй зан

Ҷаҳонсозу ҷаҳонороӣ, эй зан

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
«Душман»-и ширин ё ниёиши модари зор

«Душман»-и ширин ё ниёиши модари зор

Сиёсат, Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Номаҳои Шумо
Модар, баҳор мисли ту зебо аст...

Модар, баҳор мисли ту зебо аст...

Фарҳанг ва адабиёт
Писари роҳгумзадаам, баргард!

Писари роҳгумзадаам, баргард!

Сиёсат, Ҷавонон ва варзиш, Номаҳои Шумо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА