Дар як сатр
» » Азизҷон – варзишгаре, ки 65 медал дорад

Азизҷон – варзишгаре, ки 65 медал дорад

10-07-2017, 10:12

Варзишгари ҷавон ва ояндадори кишвар Азизҷон Қосимов тӯли 6 сол мешавад, ки аз намуди варзиш сабук машқу тамрин мекунад. Дар давоми карйераи варзишиаш соҳиби 15 медали тилло, 20 нуқра ва 30 медали биринҷӣ гардидааст. Инчунин, чор карат чемпиони Тоҷикистон мебошад.

Азизҷон Қосимов (дар миёна, бо медал)Азизҷон Қосимов (дар миёна, бо медал)

Ӯ 18 марти соли 1997 дар шаҳри Қӯрғонтеппа таваллуд шудааст. Азизҷон бо маслиҳати модараш ин намуди варзишро интихоб кардааст. Ӯ таҳсили ибтидоиро дар МТМУ №45, ҳозира МТМУ №14-и шаҳри Қӯрғонтеппа, гирифта, баъди хатми таълимгоҳ ҳуҷҷатҳояшро дар ДДҚ ба номи Носири Хусрав месупорад. Ҳоло бошад, донишҷӯи соли 4-уми факултети педагогика ва варзиши ҳамин донишгоҳ аст.

Азизҷон Қосимов аввалин маротиба соли 2011 дар мусобиқаи вилоятӣ иштирок намуд ва дар он соҳиби ҷойи аввал гардид. Аз соли 2013 то инҷониб узви тими яккачини Тоҷикистон буда, ҳамасола дар мусобиқоти сатҳи гуногун аз 10 то 15 медал ба даст меорад. Соли 2013 дар мусобиқаи байни наврасони Тоҷикистон (соли таваллудашон аз 1995 то 1990) иштирок намуда, соҳиби ҷойи аввал мегардад.

Ӯ дар бозиҳои Авруосиё соли 2013 Ҷумҳурии Қазоқистон, инчунин дар бозиҳои Осиёи Марказӣ дар соли 2014 иштирок кардааст. Азизҷон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ шаш маротиба ширкат намудаву дар панҷтои он ҷойҳои ифтихориро гирифтааст. Аввалин бор дар мусобиқаи Авруосиё, ки дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон гузашта буд, соҳиби ҷойи чорум гашт.

- Барои сайқал додани ин намуди варзиш мехоҳам дар хориҷа тамрин намоям, - мегӯяд Азизҷон Қосимов. - Вале барои ба хориҷа рафтан маблағ лозим аст, барои ҳамин аз тарафи соҳибкорон ё конфедератсияҳо кӯмак расонида мешуд, бисёр хушҳол мешудам.

- Шогирдони зиёд дорам, ки аз байни онҳо муваффақтаринаш Азизҷон Қосимов мебошад, - гуфт Дилшод Мамадов, мурабияш. - Аз хурдӣ ӯро мисли фарзандам тарбия намудам. Дар ҳамаи мусобиқаҳо ӯро ҳамроҳӣ менамоям ва дар мусобиқаи дарпешистиода умедворам, ки Азизҷон ҷойи намоёнро соҳиб хоҳад гашт.

Сармутахассиси бахши варзиши Раёсати ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Беҳрӯз Бобоев гуфт: “Барои чунин ҷавонони банангу номуси ҷумҳурӣ талошу кӯшиш карда, онҳоро дастгирӣ менамоем. Яке аз варзишгарони беҳтарини вилоятамон Азизҷон Қосимов мебошад, ки дар чорабиниҳои вилоятӣ ва берун аз ҷумҳурӣ ҷойҳои сазоворро ишғол кардааст. Умедворам, ки ибрати дигарон шавад. Хусусан, дастгириҳои худро нисбати Азизҷон, ки аз намуди варзиши сабук машқу тамрин мекунад, дареғ намедорам. Ҳоло ӯ ду мусобиқаи берун аз ҷумҳурӣ дорад. Муваффақият хоҳонам ва орзу дорам, ки нисбати солҳои пешин, ин дафъа ҷойи намоёнро соҳиб гашта, парчами ҷумҳуриамонро баланд бардошта, ба Ватан баргардад”.

Ҳоло Азизҷон барои иштирок дар ду мусобиқаи байналмилалӣ машқу тамрин намуда истодааст. Ин мусобиқаҳо яке дар шаҳри Тэйбейи Тайван ва дигаре дар шаҳри Ашқобод Ҷумҳурии Туркманистон баргузор мегарданд. Барояш комёбӣ хоҳонем.

Амриддин НАҶМИДДИНОВ,
коромӯзи рӯзномаи “Хатлон”


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Варзишгари хатлонӣ сарпараст меҷӯяд (видео)

Варзишгари хатлонӣ сарпараст меҷӯяд (видео)

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Матолиби чандрасонаӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР
6 паҳлавон соҳиби медал шуданд

6 паҳлавон соҳиби медал шуданд

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Варзишгари хатлонӣ дар Амрико низ соҳибном шуд

Варзишгари хатлонӣ дар Амрико низ соҳибном шуд

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Матолиби чандрасонаӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР
154 медали варзишгарони Хатлон дар 3 моҳ

154 медали варзишгарони Хатлон дар 3 моҳ

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Номаҳои Шумо
«Вахш»-у «Равшан» дар зинаҳои охир

«Вахш»-у «Равшан» дар зинаҳои охир

Ҷавонон ва варзиш, ДАВЛАТБЕКИ КАРИМЗОД