Дар як сатр
» » Саодат орзуи табиб шудан дорад

Саодат орзуи табиб шудан дорад

10-07-2017, 10:53

Ҳамасола 8 июлро ҳамчун Рӯзи маъюбон ва пиронсолон дар Тоҷикистон ва саросари ҷаҳон қайд мекунанд. Дар арафаи ин сана хостем аз ташкилоти ҷамъиятии “Эҳё ва дастгирӣ”-и вилояти Хатлон дидан намоем, ки ин ташкилот бевосита ба одамони имконияташон маҳдуд сару кор дорад. Мақсади асосии ташкилоти мазкур кӯмак намудан ба шахсони яккаву танҳо, кӯдакони имконияташон маҳдуд ва бепарасторон мебошад. Дар ташкилоти номбурда 12 кӯдаки маъюб ба таълим фаро гирифта шудаанд. Зимни боздид хостем бо як тан аз волидайне, ки фарзандаш дар ин ташкилот таълим мегирад, ҳамсуҳбат шавем.

Саодат орзуи табиб шудан дорадПарвина Шарипова модари се фарзанд мебошад. Фарзанди дуюмаш Саодат Шарипова маъюби гурӯҳи 1-ум аст. Саодат 6-уми декабри соли 2009 дар шаҳри Қӯрғонтеппа ба дунё омадааст. Ӯ то 4-солагӣ қадам мезад, роҳ мерафт, миёни ҳамсолони худ бозӣ мекард. Аммо зиндагӣ қонунҳои нонавишта дорад. Саодати хурдсол баъди дар об сӯхтан аз роҳгардӣ монд. Муддати 3 сол мешавад, ки ӯ бо ин ташкилоти ҷамъиятӣ ҳамкорӣ дорад. Имрӯз хонаводаи Саодат шоданд, ки баъди овардани фарзанданашон ба ин ҷо вазъи саломатиаш хубтар гаштааст. Саодат метавонад аз ҷойи худ бархезад. Модари Саодат мегӯяд, ки дар тӯли ҳамин солҳо вай як маротиба ҳам ашк нарехтааст ва нагуфтааст, ки духтараш маъюб аст. Ҳангоми суҳбат бо Саодатхон мушоҳида намудем, ки ӯ дунёи рангини худро дорад.

Саодат орзуи табиб шудан дорад- Дар оянда мехоҳам табиб шавам, то беморонро табобат кунам, - мегӯяд Саодат Шарипова. - Муносибати ҳамсолонам бо ман хуб аст, дугонаҳоям маро дастгирӣ мекунанд, аз ҳама бештар модарам.

Сайёра Умарова, корманди ташкилоти мазкур, дар як ҳафта ду маротиба бо Саодат машғулияти ҷисмониву дарсӣ мегузаронад.

Саодат бениҳоят духтари қобилиятнок, хушёру зирак мебошад, - гуфт Сайёра Умарова. - Нисбати машғулиятҳое, ки бо ӯ мегузаронем, дар ҳама ҳолат омода аст ва дар дарсҳо фаъолияти хуби худро нишон медиҳад. Ҳамчунин, феълу рафтораш хеле намунаи ибрат аст, аз ҷумла кӯшишҳои зиёд мекунад барои роҳгардӣ.

Мо низ аз Саодатхон умеди зиёде дорем, ки пурра шифо ёфта, ба орзуҳои худ ноил мегардад. Ба монанди ин духтарак садҳо нафароне ҳастанд, ки дар аробачаи маъюбӣ менишинанд, вале ба зиндагӣ дилгарму дар пайи табобат ҳастанд. Мо ба онҳо низ тани сиҳат ва рӯзҳои хушро таманно мекунем.

Парвинаи ТЕМУРХОН,
Субҳия НАУРУЗОВА,
коромӯзони рӯзномаи “Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Эмомалӣ Раҳмон - ғамхори маъюбон

Эмомалӣ Раҳмон - ғамхори маъюбон

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, САТТОР ҚАРАХОНОВ, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Ансамблҳои оилавӣ аз Кӯлобу Қубодиён ғолиби даври аввали Фестивали «Дунёи с ...

Ансамблҳои оилавӣ аз Кӯлобу Қубодиён ғолиби даври аввали Фестивали «Дунёи с ...

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Ба деҳқонон ҳуқуқу манфиатҳояшон ташреҳ дода шуд

Ба деҳқонон ҳуқуқу манфиатҳояшон ташреҳ дода шуд

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Зиндагии офтобии Ҷамшеду Сайёра (видео)

Зиндагии офтобии Ҷамшеду Сайёра (видео)

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Матолиби чандрасонаӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР
Кӣ ба мадади «Мададгори мудофиа» мерасад?

Кӣ ба мадади «Мададгори мудофиа» мерасад?

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, АМОН МАҲКАМОВ