Дар як сатр
» » Ҳушдори ВКД аз беназоратии кӯдакон

Ҳушдори ВКД аз беназоратии кӯдакон

3-07-2017, 16:50

Ҳушдори ВКД аз беназоратии кӯдаконВазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ду ҳодисаи нохуш хабар дод, ки бо марги писарчаҳои 2 ва 13-сола анҷомидаанд.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии ВКД, 22-юми июн, тахминан соати 11:10, писарбачаи 13-сола, сокини деҳаи Сафарбоёни ноҳияи Темурмалик, хонандаи синфи 6, аз зарби қанотҳои шамолдиҳаки барқӣ ба ҳалокат расидааст. “Ҳангоми хушк кардани мӯй ногаҳон сари писарбача ба қанотҳои шамолдиҳаки барқӣ бархӯрдааст. Дар натиҷа, ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, - зикр кард манбаъ.

Инчунин 22-юми июн, тахминан соати 09:30, хурдсол, писарбачаи 2-солаи сокини ноҳияи Ховалинг, ҳангоми бозӣ мехчаро ба сӯрохии “разетка” ворид намудааст: “Дар натиҷа, хурдсол аз ҷараёни қувваи барқ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”.

Вазорати корҳои дохилӣ аз тамоми шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки нисбати фарзандони хурдсол ва ноболиғи худ бодиққат буда, онҳоро беназорат нагузоранд.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҳалокати 5 ноболиғ ҳангоми оббозӣ

Ҳалокати 5 ноболиғ ҳангоми оббозӣ

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология
Ҳушёр бошед! 5 ҳодисаи ғарқшавӣ дар 3 рӯз

Ҳушёр бошед! 5 ҳодисаи ғарқшавӣ дар 3 рӯз

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Садамаи нақлиётӣ бо марги ҷавони 30-сола анҷомид

Садамаи нақлиётӣ бо марги ҷавони 30-сола анҷомид

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
Ноболиғи 16-сола дар куштори кӯдак гумонбар дониста мешавад

Ноболиғи 16-сола дар куштори кӯдак гумонбар дониста мешавад

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ҳалокати 4 нафар аз дасти ронандаи ноболиғ

Ҳалокати 4 нафар аз дасти ронандаи ноболиғ

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА