Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » «Нақши Абурайҳони Берунӣ дар рушди илмҳои риёзиву табиӣ ва техникӣ»


«Нақши Абурайҳони Берунӣ дар рушди илмҳои риёзиву табиӣ ва техникӣ»



Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба 1050-солагии нобиғаи маъруфи тоҷик Абурайҳони Берунӣ ва «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» таҳти унвони «Нақши Абурайҳони Берунӣ дар рушди илмҳои риёзиву табиӣ ва техникӣ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд.

Ректори донишгоҳ Сайфиддин Давлатзода дар мавзуи «Саҳми табибони асримиёнагии форс-тоҷик дар илми дорушиносӣ» маърӯза кард. Зикр шуд, ки «олими зуфунун-энсиклопедист Абурайҳони Берунӣ (973-1048) мутафаккири форсизабони Хоразм буд, ки дар чандин соҳаҳои улуми асрҳои миёнаи Шарқи исломӣ, аз ҷумла дар соҳаи таърих, мардумшиносӣ, ҷуғрофия, забону адаб, нуҷуму ҳайат, ҳисобу арифметика, механика, геодезия, минералогия - илми ҷавоҳир, фармакология, геология беш аз 100 асари илмӣ офаридааст, ки асосан ба забонҳои арабӣ ва форсӣ тасниф шудаанд ва миқдори бузурги онҳо то замони мо расидааст. Умдатарин осори Абурайҳони Берунӣ «Таҳқиқ мол-ул-Ҳинд», «Қонуни Масъудӣ», «Ат-тафҳим», «Алҷамоҳир фил маърифат-ул-ҷавоҳир», «Алсайдана фи-т-тиб», «Осор-ул-боқия», «Таҳдид ниҳоят ал-амокин ли тасҳеҳ масафат ал- масакин» ва «Мукотибот» ба шумор мераванд».

Доктори илмҳои физика Абдулҳай Комилӣ дар мавзуи «Мухтасар дар бораи Абурайҳони Берунӣ ва саҳми ӯ дар инкишофи илмҳои риёзиву табиӣ», доктори илмҳои техникӣ Маҳмадалӣ Сафаров дар мавзуи “Саҳми олимони тоҷик дар рушд ва омӯзиши хосиятҳои гармофизикии моддаҳо дар тӯли 50 сол”, доктори илмҳои таърих Баҳром Қурбонов дар мавзуи “Саҳми Закариёи Розӣ ва Абурайҳони Берунӣ дар инкишофи таърихи илму техника” ва доктори илмҳои педагогӣ Абдурасул Сатторов дар мавзуи “Ақидаҳои Берунӣ ва ҳамзабонҳои ӯ ва масъалаҳои таълими математика” маърӯза намуданд. Конференсияи мазкур се бахшро дар бар гирифт.

Ёдовар мешавем, ки бо пешниҳоди муштараки Тоҷикистон, Эрон ва Узбекистон таҷлили 1050-солагии донишманди саршиноси тоҷику форс Абурайҳони Берунӣ ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО, ки солҳои 2022-2023 ҷашн гирифта мешаванд, ворид гардид. Ин тасмим дар ҷаласаи 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО тибқи тавсияи Шӯрои иҷроияи ЮНЕСКО ва қарори 41 C/15 Конфронси генералӣ ҳосил шуд.


Комрони БАХТИЁР, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода