Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Барандаи лоиҳаи «Беҳтарин олими ҷавон-2021»


Барандаи лоиҳаи «Беҳтарин олими ҷавон-2021»



Дар арафаи Рӯзи ҷавонон суҳбате доштем бо Файзализода Баҳрулло, доктори илмҳои педагогӣ, дотсент, мудири кафедраи технологияи иттилоотӣ ва методикаи таълими информатикаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав.

Шиносоӣ:


Баҳрулло Файзализода 3-юми январи соли 1988 дар ноҳияи Вахш ба дунё омадааст. Хатмкардаи факултети информатикаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (солҳои 2005-2010), муҳандис-барномасози ширкати GREEN Logistics KLG Samsung шаҳри Калугаи давлати Россия (солҳои 2010-2011), омӯзгори кафедраи информатикаи ДДБ ба номи Носири Хусрав (солҳои 2011-2015), муҳассили аспирантураи рӯзона (солҳои 2013-2015), мудири кафедраи технологияи иттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав (соли 2017), сардори раёсати таҳсилоти ДДБ ба номи Носири Хусрав (солҳои 2017-2019), раиси Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавон дар вилояти Хатлон (солҳои 2019-2020) буд. Айни замон ба ҳайси мудири кафедраи технологияи иттилоотӣ ва методикаи таълими информатика ва ҳамзамон котиби илмии Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-035 оид ба 13.00.02. назария ва методикаи омӯзишу парвариш (методикаи таълими математика, информатика, физика) дар назди ДДБ ба номи Носири Хусрав фаъолият дорад.

-Солҳои 2021-2022 дар фаъолияти илмии шумо чӣ нақш дорад?

- Соли 2021 соли пурбарор дар ҷодаи илм буд, шахсан барои ман. Дар ин сол рисолаи доктории худро ҷамъбасту дифоъ карда, сазовори унвони баланди илмӣ, яъне доктори илм гаштам. Дуюмин дастовардам сазовор гардидан ба ҷоизаи АМИТ барои олимони то 35-сола мебошад. Дастоварди сеюм сазовори ҷоизаҳои «Беҳтарин олими ҷавон-2021» дар ИДМ барои тайёр кардани шогирдони ҷавон дар олимпидаҳои хориҷи кишвар ва маро ба ҷоизаи «Беҳтарин омӯзгори ҷавон-2021» дар ИДМ савозор донистанд.

-Муаллифи чанд мақолаи илмӣ ҳастед ва пажӯҳиши мавзӯи доктории шумо кадом самтро дар бар мегирад?

-Аз соли 2012, вақте ки унвонҷӯи кафедраи технологияи иттилоотӣ ва методикаи таълими информатикаи ДДБ ба номи Носири Хусрав будам, то имрӯз зиёда аз 90 мақолаи илмӣ, 12 китоби дарсию монографияам рӯйи чоп омадаанд.

Самти пажӯҳиши доктории ман, татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар раванди таълими фосилавӣ, яъне методикаи таълими фосилавӣ аст, ки ин нахустин рисолаи докторӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти методикаи таълими технология аст. Зимни пажӯҳиш бисёр мушкил буд.

Вақте ки диссертатсия омода шуд, мутахассисон дар ин самт набуданд. Хушбахтона, дар соли 2021 зери роҳбарии доктори илмҳои физикаю математика, профессор Комилиён Файзалӣ Саъдулло дифоъ шуд. Дар соли 2022 рисолаи докторӣ аз ҷониби КОА тасдиқи худро пайдо намуд.

-Нақш ва мақоми илмҳои риёзӣ дар шароити имрӯза чӣ гуна аст?

-Эълон гардидани солҳои 2020-2040 – «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдади миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба олимони соҳаи илмҳои дақиқ, махсусан ба риёзидонони мамлакат рӯҳу илҳоми эҷодӣ бахшид.

Ин паём барои мардуми Тоҷикистон, бахусус омӯзандагони фанҳои риёзӣ муҳиму сарнавиштсоз ба шумор меравад.

Зеро тағйирёбии вақту замон ва шароит аз ҷомеаи муосири Тоҷикистон дараҷаи баланди илмию методологии рушди илмҳои риёзиро талаб менамояд. Ин аст, ки дар фазои истиқлол таҳкиму рушд ва устувории илмҳои дақиқ ҳамчун пойдевори рушди соҳаи саноати кишварро тақозо мекунад.

Ба назари шумо, таваҷҷуҳи насли имрӯз ба омӯхтани илмҳои дақиқ дар кадом поя аст?

- Ҷавононе, ки ба илмҳои дақиқ рӯ меоранд, ба мушкилӣ дучор мешаванд. Сатҳи дониши математикӣ, информатикӣ, хусусан  илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ беҳбудӣ мехоҳад. Сабаб он аст, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, вақте ки аз синфи панҷ то ёздаҳ рӯ меоранд, ба илмҳои дақиқ, дар муассисаҳо омӯзгороне, ки ба таълиму тадрис машғуланд, баъзе аз онҳо аз рӯйи ихтисос таълим намедиҳанд. Масалан, вақто ки толибилм дар синфи панҷ таълим мегирад, омӯзгори фанни забони русӣ таълими технологияи иттилоотиро пеш мебарад. 

Таҳлилҳои ММТ нишон медиҳад, ки дар кластери 1 ва кластери 5, ки бахшида шудааст ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, шумораи толибилме, ки тариқи ҳамон марказ ба донишгоҳҳои олии кишвар ҳуҷҷатҳои худро месупоранд, кам аст. Ин гувоҳии онро медиҳад, ки таҳкурсии толибилм ба илми дақиқ суст мебошад.

Зери роҳбарии Шумо чанд нафар корҳои илмӣ бурда истодаанд?

-Дар давоми фаъолияти омӯзгориам даҳҳо шогирдонро тарбия намудаам. Шогирдам Дилшод Баротов дар Шӯрои диссертатсионии назди ДДБ ба номи Носири Хусрав ҳимоя кард, ҳоло муаллими Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон мебошад. Панҷ шогирди дигарам дар ҳоли дифои рисолаи номзадӣ ҳастанд. Шогирдонам дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат», «Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ», рӯзҳои 13-14-майи соли равон, иштироки як шогирдам Қурбоналӣ Наҷмиддинов дар олимпиадаи ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баргузор гардид, барои дарёфти Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон сазовори ҷойи сеюм аз рӯйи номинатсияи технологияи иттилоотӣ (барномасозӣ) гардид.

Панҷ мушкилот дар риштаи илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ аз нигоҳи шумо?

-Якум, ин нарасидани озмоишгоҳҳои ба талабот ҷавобгӯ. Дуюм, аз ҷиҳати моддӣ таъмин набудани муҳаққиқон дар риштаи илмҳои дақиқ. Сеюм, иродаи мустаҳкам надоштани шогирдон.

Шогирдони мо як сол кор мекунанд, бинобар тангдастӣ ба Россия барои кор мераванд. Як мисол меорам. Вақте дар Донишгоҳи давлатии педагогии Москва курси такмили ихтисос мегузаштам, гуфтанд, ки маоши омӯзгорони мо аз маоши аъзои маъмурони ҳукуматӣ, вакилон ва дигар соҳибмақомон зиёд аст. Чорум, риоя нашудани адолат дар раванди корӣ. Чунин фикрҳо дар зеҳни ҷавонон пайдо мешавад. Панҷум, адабиёти илмӣ ба забони тоҷикӣ кам ба назар мерасад. Аксарият ба забони русӣ ва англисӣ аст, ки донишҷӯёни мо бо сабаби забондон набуданашон азият мекашанд.

- Ташаккур барои суҳбат!
- Саломат бошед.


Комрони Бахт иёр,
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода