Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » “Хатлон” бо “Истиқлол” мусовӣ кард


“Хатлон” бо “Истиқлол” мусовӣ кард



Бозии марказии даври 6-уми Чемпионати Тоҷикистон бо иштироки дастаҳои футболи “Хатлон”-и шаҳри Бохтар ва “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе 7 ҳазор мухлисро дар варзишгоҳи “Пахтакор” гирд овард. Давоми солҳои охир ин шумораи рекордии мухлисон дар ин варзишгоҳ мебошад.

Аллакай дар дақиқаи 5-уми бозӣ ҳимоятгари дастаи “Хатлон” Муҳаммадҷон Насков бо партофти ҳамдастаи худ тӯбро ба дарвозаи “Истиқлол” ворид кард. Дар идома бозигарони “Хатлон” бештар хатти дифоъро интихоб карда, кӯшиш мекарданд, ки бо контр-ҳуҷумҳо рақибро ғофилгир кунанд. Бо бартарии “Хатлон” қисми аввали бозӣ паси сар гардид.

Равиши бозӣ дар қисми дуюм ҳам тағйир наёфт. “Истиқлол” кӯшиш мекард, ки ҳисоби бозиро баробар намояд. “Хатлон”, ки аз соли 2011 инҷониб бар “Истиқлол” ғалаба накардааст, мекӯшид, ки ғолибият ба даст биёрад.

Дар дақиқаи 77-уми бозӣ сармураббии “Хатлон” Аслиддин Ҳабибуллоев тағйироти навбатии худро амалӣ карда, ба ҷойи Нуриддин Ҳамроқулов ҳуҷумкори дигар Хайриддин Турахоновро ба майдон баровард. Вале Турахонов баъди 3 дақиқа бо корти сурх муҷозот шуда, аз майдон берун шуд. Баъди 6 дақиқаи дигар бо як бозигар зиёд ба “Истиқлол” фурсат даст дод, ки ҳисобро баробар намояд.

Сармураббии дастаи “Хатлон” Аслиддин Ҳабибуллоев андешаи худро атрофи бозӣ чунин баён кард: “Албатта, ман аз натиҷаи ин бозӣ розӣ ҳастам, вале хуб мешуд, ки мо бартариро нигоҳ дошта, ғалаба ба даст меовардем. Нақшаи интихобнамудаи мо барои ин бозӣ то дақиқаҳои 77-ум кор дод. Вале футболбозе, ки мо ба майдон баровардем, баъди чанд дақиқа корти сурх гирифт ва ҳамин ҳолат ҳалкунанда буд, ки “Истиқлол” гол ба самар расонид”.

Даври минбаъда рӯзҳои 14-16 май баргузор гардида, дастаҳо ба таври зайл қувваозмоӣ мекунанд:

“Равшан” (Зафаробод) - “Файзканд” (Восеъ), КМВА (Душанбе) - “Эсхата” (Хуҷанд), “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) - “Хатлон” (Бохтар), “Равшан” (Кӯлоб) - “Истаравшан” (Истаравшан), “Истиқлол” (Душанбе) - “Хуҷанд (Хуҷанд).

Д. ИБОДУЛЛОЗОДА, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода