Дар як сатр
» » Корвони «Модарони ваҳдатсаро» дар ноҳияи Шаҳритуз

Корвони «Модарони ваҳдатсаро» дар ноҳияи Шаҳритуз

13-06-2017, 12:52

Корвони «Модарони ваҳдатсаро» дар ноҳияи Шаҳритуз

Таърих гувоҳ аст, ки ҷанги таҳмилӣ ба давлату мардуми Ватани азизи мо чӣ қадар даҳшату вазниниҳоро пеш овард. Дар ин ҷанги бебунёду бе маънӣ қабл аз ҳама модарон ранҷ кашиданд, зеро онҳо ҳам фарзанду ҳам шавҳарони хешро аз даст доданд. Бори сангини рӯзгор бар дӯши нозуки модарон афтод. Кулбаҳои бо меҳр бунёднамудаашон туъмаи оташи ҷанги шаҳрвандӣ гашт. Қалби саршори меҳру муҳаббаташон аз доғи фарзанду оташу дуди нобасомониҳо пурхун гардид.

Аллаи саршор аз меҳру муҳаббати модаронро навҳаю афғони ҷонсӯз ҷойгузин гашт. Модарон амсоли мӯйе рӯйи оташ месӯхтанду ба худ фурӯ мебурданд, дарду алами ҷигарбандонашонро. Ба ҷойи армон шикастан дар тӯйи домодию арӯсии фарзандон рӯи тобути ҷигарбандонашон нола мекарданд. Аз Яздони пок илтиҷо мекарданд, ки саҳифаҳои сиёҳи зиндагиномаашон ба поён расаду саҳифае нав пур аз шодию нишот, сулҳу ваҳдат оғоз ёбад, то ин ки дарду доғи фарзандонашонро дигарбора набинанд ва кулбаю маҳал ва ватани аҷдодиашонро аз харобаю заволёбӣ нигоҳ дорад, Худо.

Корвони «Модарони ваҳдатсаро» дар ноҳияи Шаҳритуз

Ва ниҳоят раҳми Парвардигор омад. Бо азму талошҳои фарзанди фарзонаи ватан Эмомалӣ Раҳмон сулҳи деринтизор ҷониби тоҷику тоҷикистонӣ дасти оғӯш кушод. Ба қалбҳои ноумед умед бахшид. Ва ҷойи оташу ҷанги аҳриманиро офтоби нурпоши Ваҳдат фаро гирифт. Модарон ба фарзанди некусиришт, наҷотбахши миллату давлат, шоҳсутуни Ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон аҳсант хонданд ва дуогӯи сари сабзу ҷону танаш гаштанд. Халқи парешонгашта боз рӯ ба кулбаи аҷдодӣ оварданд.

Корвони «Модарони ваҳдатсаро» дар ноҳияи Шаҳритуз

Ҷароҳатҳои қалбашонро тавассути меҳнати шабонарӯзӣ даво бахшиданд ва шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдат, сиёсати Роҳбари бохиради хеш карданд. Инак, аз он лаҳзаҳои тақдирсози мардуми кишвар 20-сол сипарӣ гашт.

Имрӯз модарони хушрӯзу хуштолеъ ин санаи таърихиро ҷашн мегиранд. Ба ин муносибат дар ҳар гӯшаву канори Ватани азизамон чорабиниҳои хотирмони сиёсию фарҳангӣ доир гашта истодааст.

Субҳи бармаҳал саҳни бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз чеҳраҳои гарму пурнури модарони чаканпӯш гулистонро мемонд. Либосҳои хушдӯхти миллӣ ба бар модарони хуштолеи даврон ҷамъ омада буданд. Корвони модарони ваҳдатсаро ҷониби ноҳияи Шаҳритуз раҳсипор гашт.

Баргу сози коинот аз ваҳдат аст,
Андар ин олам ҳаёт аз ваҳдат аст.
Гул ба гул бо ҳам гулистон гаштаанд,
Рӯи хандону нишот аз ваҳдат аст.
Мебарад ин раҳ ба сӯи васли ёр,
Чунки дар роҳаш работ аз ваҳдат аст.
Ваҳдат омад, аз фалокатҳо раҳонд,
Миллати моро наҷот аз ваҳдат аст.


Корвони «Модарони ваҳдатсаро» дар ноҳияи Шаҳритуз

Ин таронаҳоро модарони ваҳдатсаро раҳораҳ замзама намуда, ба ноҳияи Шаҳритуз расиданд. Истиқболи гарму самимии сокинони ноҳия ва масъулин ба модарон боз рӯҳу илҳоми тоза бахшида, пиру ҷавон месуруданду мерақсиданд. Назди қасри фарҳанги ноҳия модарону бонувони хушсалиқаи ноҳия ҳунари дастони хешро пешкаши меҳмонон намуданд. Ҳунари волои гулдӯзону адрасбофон, заргарону таббохон диққати модаронро ба худ ҷалб намуд.

Дар ин корвон беш аз 80 нафар занону модарон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят, ташкилоту муассисаҳо, собиқадорони соҳаҳои мухталиф ҷамъ омада буданд.
Сипас, модарони ваҳдатсаро ба гурӯҳҳои корӣ ҷудо шуда ба ҷамоатҳои деҳоти ноҳия раҳсипор гаштанд. Бо аҳолӣ зимни мулоқоту суҳбатҳои самимӣ атрофи беҳтарин, муқаддасоти инсонӣ - ваҳдату якпорчагӣ, хизматҳои бемисли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан намуданд. Пас аз вохӯриҳои судманд конфронси илмӣ таҳти унвони «Нақши занон дар таҳкими сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ» баргузор гардид.

Корвони «Модарони ваҳдатсаро» дар ноҳияи Шаҳритуз

Дар кори конфронс раиси ноҳияи Шаҳритуз Рамазон Оймаҳмадзода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Раъно Раҳимзода, корманди Кумитаи кор бо занон ва оилаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мадина Бобоева, мудирони бахши кор бо занон ва оилаи шаҳру ноҳияҳо ширкат доштанд.

Баромадкунандагон дар маърӯзаҳои хеш доир ба Ваҳдати миллӣ, хизматҳои арзандаи Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба расидан ба ваҳдату пирӯзиҳои миллат, мақому нақши занон дар таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ андеша баён доштанд. Ҳунармандони ноҳия бо савту сурудҳои дилпазир хотири иштирокдорони чорабиниро болида гардониданд.

ВАХШОНА,
«Хатлон».



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Фархор. «Корвони маърифат» ба истиқболи ваҳдат

Фархор. «Корвони маърифат» ба истиқболи ваҳдат

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Гурўҳҳои корӣ дар ноҳияи Темурмалик

Гурўҳҳои корӣ дар ноҳияи Темурмалик

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Ваҳдат созандагист

Ваҳдат созандагист

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Сиёсат, Ҳаёти иҷтимоӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Мо ба Ваҳдат дар ҷаҳон машҳур гаштем

Мо ба Ваҳдат дар ҷаҳон машҳур гаштем

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
«Корвони ваҳдат»-и Хатлон дар Бадахшон (аксҳо)

«Корвони ваҳдат»-и Хатлон дар Бадахшон (аксҳо)

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Фарҳанг ва адабиёт, Матолиби чандрасонаӣ, АСАЛМО САФАРОВА