Дар як сатр
» » Таклиф мекунам, ки…

Таклиф мекунам, ки…

13-06-2017, 15:31

Таклиф мекунам, ки…

Шаҳноза ЮСУПОВА, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа:

- Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дар воқеъ, ба рӯзгори мардум сабукиҳо овард. Баъзе расму ойинҳо, ки дар фарҳанги мо бунёд надоштанд ва нишона аз таассубу хурофотпарастӣ буданд, ба танзим даромада, огоҳии мардум ҳам аз асли суннатҳои миллӣ беҳтар гардид.

Пеш аз қабули қонуни танзим шаҳрвандон ба хотири гузаронидани тӯю маъракаҳои худ маблағи зиёд сарф мекарданд. Кор ба ҷое мерасид, ки соҳибони тӯй ҳатто қарздор шуда, дар натиҷа устувории оила халалдор мегардид. Бояд ҳамеша дар хотир дошт, ки дар Қуръони маҷид, дар сураи Бақара, ояти 263, чунин омадааст: “сухани нек ва афв беҳтар аз он садақаест, ки озоре ба дунболи он бошад...”. Яъне бахотири худнамоӣ ё аз “орият”-и мардум бо қарзу қаволаи зиёд барпо намудани тӯю маърака ва исрофкорӣ амали солеҳ нест.

Азбаски қонуни мазкур асосан ҷашну маросимҳои миллию суннатиро танзим мекунад, пешниҳод дорам, ки дар номи он ба шакли зайл тағйирот ворид шавад: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон“Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ”. Ҳамчунин агарчи қонун гузаронидани маросимҳои фотиҳатӯй, маслиҳатошӣ, идонабарӣ, чойгаштак ва мисли инро манъ кардааст, мутаассифона, аз ҷониби шаҳрвандон на ҳамеша ин муқаррарот риоя мегардад. Бинобар ин, механизми иҷрои қонун, назорати риояи он бояд бозбинӣ ва пурзӯр карда шавад.

Фаррухрӯз ЭЛБЕГИЕВ, омӯзгор, ноҳияи Ёвон:

- Мақсади Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардум буда, он барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ мусоидат мекунад. Масалан, дар моддаи 10-и қонуни мазкур гуфта шудааст: «Тӯйи домодию арӯсӣ дар давоми на бештар аз ду рӯз ба таври ихтиёрӣ бо оростани зиёфат барои то 150 нафар ва додани оши тӯй барои то 200 нафар аз ҳисоби ҳар ду ҷониб гузаронида мешавад».

Илёсиддин НАБИЕВ, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Тӯли 10 сол аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» мавриди амал қарор дошта, қабули онро - мушкилкушои зиндагонии мардум ҳисобидан мумкин аст. Боиси тазаккур аст, ки воқеан, ҳам пас аз қабули ин санади муҳим баргузор намудани ҳамаи ҷашну маросимҳо, тӯйю маъракаҳо ба тартибу низоми муайян даромаданд. Имрӯзҳо сокинони мо ба ин мавзӯи мубрами рӯз таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, амалӣ намудани ҳар нуктаву нишондоди онро риоя менамоянд.

Чуноне ки дар моддаи 9-и қонуни мазкур дар бораи гузаронидани хатнасӯр гуфта шудааст, бояд маракаи хатнасӯр ба таври ихтиёрӣ дар як рӯз бо иштироки то 60 нафар танҳо дар доираи як чорабинӣ (додани зиёфат ё ош) бо харҷи кам гузаронида шавад, вале гоҳо ин муқарарот ба назар гирифта намешавад.

Аз ин рӯ пешниҳод менамоям, ки маъракаҳои сермасрафу серхароҷот худдорӣ бояд кард. Аз тарафи дигар ба ин восила иқтисодиёти оиларо ғанӣ гардонид. Маблағи сарфагардидаро барои беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва таълиму тарбияи фарзандон истифода карда шавад.

А. ВАҲҲОБОВ, сокини ноҳияи Вахш:

-Баъзан таассуб масалан, иштироки аз меъёр зиёди даъватшудагон, тайёр кардани 2-3 намуди хӯрок, ки қонун онро манъ кардааст, ба қонуншиканӣ мерасонад. Ба ҷаримабандӣ аз тарафи масъулин нигоҳ накарда, соҳиби маърака қонуншиканиро идома медиҳад. Аз ин рӯ, пешниҳод дорам, ки қонун минбаъд дар ҳаққи чунин ашхос ҷазои вазнинтареро муайян ва муқаррар кунад, то таъсири амиқтаре бирасонад.

Ҷ. СУЛТОНОВ, ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ:

-Дар мавриди рӯзҳои шанбе ва якшанбе, ки ҷашну маъракаҳо аз соати 8 оғоз меёбанд, чунин так-лиф дорам, ки аз сабаби барои аксари мардум шанбе рӯзи корӣ аст ва кишоварзон низ давраи авҷи корҳои саҳроӣ доранд, дар моддаи 14-и қонун вақти гузаронидани ҷашну маросимҳо дар фасли тобистон тағйироти зайл дароварда шавад: ҷашну маросимҳо аз соати 6 -и субҳ доир гарданд.

М. АМИРЗОДА, ноҳияи Хуросон:

Борҳо шоҳид будам, ки баъзан одамон вақту соати дар қонун муайяншударо риоя накарда, то нимаи рӯз ба маърака ворид шудан мегиранд. Соҳиби маърака дар ин гуна маврид намедонад, ки чӣ кор кунад. Чаро, ки дегу дастархонаш аллакай холӣ шудааст. Чунки вазъият, табиист, ки соҳиби маърака дар зери бори хиҷолат мемонад. Аз ин рӯ, таклиф мекунам, ки мардум ба тӯю маъракаҳо дар вақту соатҳои муайянгардида ҳозир шаванд. Ин имкон медиҳад, ки буҷаи оилавии соҳиби маърака аз харҷи беҳудаву зарари зиёдати эмин бимонад.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Қонуни танзим аз исроф пешгирӣ ва шахсони камбизоатро дастгирӣ кард

Қонуни танзим аз исроф пешгирӣ ва шахсони камбизоатро дастгирӣ кард

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ
Сабти 80 қонуншиканӣ дар се моҳ

Сабти 80 қонуншиканӣ дар се моҳ

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Риояи муқаррароти ин қонун аҳамияти ҳаётӣ дорад

Риояи муқаррароти ин қонун аҳамияти ҳаётӣ дорад

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо
3 млрд. сомонӣ сарфа шуд

3 млрд. сомонӣ сарфа шуд

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Ҷаримаи 6 ҳофизи тӯйгард

Ҷаримаи 6 ҳофизи тӯйгард

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА