Дар як сатр
» » Дастовард: 27 медал дар олимпиада

Дастовард: 27 медал дар олимпиада

6-06-2017, 13:24

Дастовард: 27 медал дар олимпиада


Дар даври хотимавии (чоруми) олимпиадаи ҷумҳуриявии хонандагон аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва табиию риёзӣ муҳассилон аз вилояти Хатлон бо 27 медал (6 тилло, 7 нуқра ва 14 биринҷӣ) дар ҷойи дуюм қарор гирифтанд.

Ин даври олимпиада дар Мактаби байналмилалии президентӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар он 530 нафар хонанда аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забони давлатӣ, забони англисӣ, забони русӣ, забон ва адабиёти рус, асосҳои давлат ва ҳуқуқ, таърих, математика, физика, химия, технологияи информатсионӣ, биология ва география донишу маҳорати худро санҷиданд. Аз рӯйи талаботи Низомнома, хонандагон дар ду шарт — кори хаттӣ ва тестӣ ба сабқат пардохтанд. Ҳамин тариқ, натиҷаи озмун нишон дод, ки хонандагони шаҳри Душанбе бо 35 медал (10 тилло, 10 нуқра ва 15 биринҷӣ) ҷойи аввал ва вилояти Суғд бо 25 медал (7 тилло, 8 нуқра ва 10 биринҷӣ) ҷойи сеюмро соҳиб гардиданд. Ба ғолибон Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, медал, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорид.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

6 паҳлавон соҳиби медал шуданд

6 паҳлавон соҳиби медал шуданд

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Дастовард: 27 медал дар олимпиада

Дастовард: 27 медал дар олимпиада

Хабарҳо, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
9409  ҷавонон ба кор таъмин гаштанд

9409 ҷавонон ба кор таъмин гаштанд

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
154 медали варзишгарони Хатлон дар 3 моҳ

154 медали варзишгарони Хатлон дар 3 моҳ

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Номаҳои Шумо
Дар мактабҳои вилоят 777 омӯзгор намерасад

Дар мактабҳои вилоят 777 омӯзгор намерасад

Хабарҳо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА