Дар як сатр
» » Мактаби имрӯза ба донишандӯзӣ ва касбомӯзии насли ҷавон бояд аҳамияти асосӣ диҳад

Мактаби имрӯза ба донишандӯзӣ ва касбомӯзии насли ҷавон бояд аҳамияти асосӣ диҳад

3-06-2017, 09:04

Мактаби имрӯза ба донишандӯзӣ ва касбомӯзии насли ҷавон бояд аҳамияти асосӣ диҳад


Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи Шӯрои рушди маорифи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят доир гардид. Ҷаласаро муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо муҳтавои рӯзномаи ҷамъомад ошно намуд.

Ҳозирин сараввал гузориши сардори Раёсати маорифи вилоят Диловаршо Исоевро оид ба фаъолияти муассисаҳои интернатӣ ва таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста ба иҷрои талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунандаи соҳаи маориф шуниданд.

Тавре ки таъкид рафт, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд, ки дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ ҳаме-ша дар мадди аввали сиёсати давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Таъмин намудани шароит барои зиндагии арзандаи сокинони кишвар ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат мебошад. Аз ин рӯ, кормандони риштаи маорифи вилоят низ тамоми захираву имкониятҳоро барои расидан ба ин ҳадаф равона месозанд. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишварамон як қатор қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки сиёсати давлатро дар соҳаи маориф муайян намуда, ба тарбияи дурусти насли наврас имкониятҳои дастрасро фароҳам месозанд.

Бахусус, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» дар рушди соҳаи маориф нақши бориз мегузорад. Ғамхории давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо, тавре ки таъкид рафт, дар расонидани кумакҳои молиявӣ ва таъсис додани муассисаҳои махсус, аз ҷумла мактаб-интернатҳо зоҳир мегардад. Чуноне ки Диловаршо Исоев ироа дошт, дар вилояти Хатлон айни замон 18 муассисаи интернатӣ фаъолият менамояд. Муассисаҳои интернатии вилоят 2173 нафар наврасонро ба таълиму тарбия фаро гирифтааст. Тавре ки дар ҷаласа зикр гардид, вазъи таълиму тарбияи муассисаҳои интернатӣ зери назорати доимӣ қарор дошта, масоили ҳалталаби онҳо тибқи нақша дар ҷаласаҳои мушовараи Раёсати маорифи вилоят мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

12 нафар тарбиятгирандагони муассисаҳои интернатии вилоят тибқи квотаи президентӣ ба мактабҳои олии кишвар дохил шуданд. Сол аз сол маблағгузорӣ ба муассисаҳои интернатии вилоят аз ҳисоби буҷаи давлатӣ рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Чуноне ки дар ҷаласа таъкид рафт, таҳсилоти иловагӣ низ қисми таркибии соҳаи маориф буда, ба рушди қобилияту истеъдоди кӯдакон, наврасон ва ҷавонон замина мегузорад. Бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 27 муассисаи таҳсилоти иловагӣ фаъолият дорад. Ҳадаф аз таъсиси муассисаҳо инкишофи қобилияти зеҳнию эҷодӣ ва истеъдоди таълимгирандагон, қонеъ гардонидани рағбат, эҳтиёҷоти маънавӣ ва талаботи онҳо ба интихоб ва гирифтани касб ҳангоми фориғ будан аз таълим мебошад.

Ҳамин тавр, Диловаршо Исоев доир ба масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласаи Шӯро ҷараёни иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 19 сентябри соли 2012 таҳти №239 «Оид ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 августи соли 2012 таҳти №282 дар бораи «Барномаи давлатии тарбияи насли наврас дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017» дар фаъолияти шуъбаи маориф ба муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии вилоят ибрози назар намуд. Аз ҷумла, таъкид рафт, ки яке аз самтҳои асосии барнома ин вазъи муассисаҳои томактабӣ ба шумор меравад. Агар соли 2013 шумораи муассисаҳои томактабӣ дар вилоят 117 адад бошад, дар соли 2017 теъдоди муассисаҳои томактабӣ ба 135 адад ва шумораи кӯдакон 15165 нафарро ташкил дод. Теъдоди муассисаҳои томактабӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Сарбанд, Фархор, Восеъ, Панҷ, Ҷ. Балхӣ ва ноҳияи Ёвон афзудааст.

Дар ин баробар, нотиқ доир ба вазъи фаъолияти муассисаҳои томактабӣ изҳори андеша намуда, таъкид дошт, ки теъдоди муассисаҳои томактабӣ мувофиқи матлаб нестанд. Муҳаммад Шодиев, ректори ДДҚ ба номи Носири Хусрав, оид ба рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи давлатии тайёр намудани мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбӣ барои солҳои 2016-2020» дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди вилоят ибрози назар намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки дар ин самт чандин донишгоҳҳои олӣ таъсис ёфта, барои тайёр намудани кадрҳои болаёқат, мутахассисони дорои тахассуси олии касбӣ равона гардидаанд.

Сардори бахши Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Раҳмоналӣ Халилов доир ба вазъи бақайдгирии довталабон барои супоридани имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии дахлдори ҷумҳурӣ барои солҳои таҳсили 2017-2018 ибрози назар намуд. Тавре ки таъкид рафт, то 30 апрел дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 95520 довталаб ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 40711 нафар довталабон аз вилояти Хатлон буда, дар маҷмӯъ он 43% -и шумораи умумии хатмкунандагони ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Ҳамчунин қайд гардид, ки аз 12 то 20 июни соли равон азнавбақайдгирии дуюм ва 12 то 30 бақайдгирии иловагӣ дар шаҳри Душанбе гузаронида мешавад. Ин давра имконият медиҳад, ки довталабон интихоби худро таҳрир созанд ва гурӯҳи шаҳрвандоне, ки бо сабабҳои гуногун ба қайд гирифта нашудаанд, ба қайд гирифта шаванд.

Чуноне ки Раҳмоналӣ Халилов ёдовар гардид, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, омӯзгорон ва волидайн бояд ба интихоби довталабон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, донишу истеъдод ва имкониятҳои онҳоро ба назар гирифта, тавсияву маслиҳатҳои муфид диҳанд. Ҳамчунин, довталабон бо истифодаи китобҳои дарсӣ ва барномаҳои таълимӣ дар мактабҳо, саволномаҳои тестӣ, ки дар сомонаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ntc. tj) ҷой дода шудааст, ба имтиҳонҳо тайёрӣ бинанд.

Пас аз ҳисоботи нотиқон ва пешниҳоду мулоҳизаҳои иштирокчиён муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дод.

ВАХШОНА,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

77,4% худро дар ММТ ба қайд гирифтанд

77,4% худро дар ММТ ба қайд гирифтанд

Хабарҳо, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Мақсад - хизматрасонии босифати тиббӣ ба модару кӯдак

Мақсад - хизматрасонии босифати тиббӣ ба модару кӯдак

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Тандурустӣ ва экология
Муборизаро бо коррупсия пурзӯр намоем

Муборизаро бо коррупсия пурзӯр намоем

Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА
С. Шерзода: «Омӯзгорони ҷавонро бояд дилгарм созем»

С. Шерзода: «Омӯзгорони ҷавонро бояд дилгарм созем»

Хабарҳо, Маориф ва илм
Ихтисоси 3 миллиард сомонӣ барои рушди маорифи кишвар

Ихтисоси 3 миллиард сомонӣ барои рушди маорифи кишвар

Хабарҳо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА