Дар як сатр
» » Ба фасли тирамоҳу зимистон омодагии ҷиддӣ мебояд

Ба фасли тирамоҳу зимистон омодагии ҷиддӣ мебояд

1-06-2017, 15:03

Ба фасли тирамоҳу зимистон омодагии ҷиддӣ мебояд

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди вилоятӣ доир ба омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу замистон баргузор гардид.

Ҷамъомадро муовини раиси вилоят Зоҳирзода Умед оғоз бахшида, иброз дошт, ки баҳри дар амал татбиқ гардидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу замистони солҳои 2017-2018» қарори раиси вилояти Хатлон ба тасвиб расид. Тибқи қарори мазкур ситоди вилоятӣ таҳти роҳбарии муовини соҳавии раиси вилоят ва аъзоён аз ҳисоби мудирони шуъбаҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдори вилоятӣ тасдиқ карда шуда, рафти иҷрои супоришҳо таҳти назорати доимӣ қарор гирифт.

Ҳозирин ҳисоботи сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Д. Мирзоевро шуниданд. Номбурда доир ба фаъолияти иншоотҳои соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ сухан ронда, аз дастоварду мушкилоти бамиёномада ёдовар гардид. Ҳамин тавр масъулони соҳаҳои тандурустӣ, маорифи вилоят, Раёсати молия нисбати масъалаи мазкур андеша ронданд. Муовини раиси вилоят Зоҳирзода Умед нисбати камбудиҳои ба-амаломада дар ин самт аз муовинони соҳавии раисони шаҳру ноҳияҳо пурсиш ба амал овард. Дар ҷамъомад баҳри омодагии ҳамаҷониба ба фасли сармо дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф, нақлиёт ва роҳнигоҳдорӣ, муассисаҳои таъминоти барқ, риштаи кишоварзӣ, ҷамъияти матлубот таъкид рафт.
Масъулони соҳа баҳри омодагии ҷиддӣ ба фасли тирамоҳу замистон муваззаф гардиданд.

ВАХШОНА,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Қарздорӣ аз музди меҳнат

Қарздорӣ аз музди меҳнат

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Камбудиҳо бояд зуд истлоҳ шавад!

Камбудиҳо бояд зуд истлоҳ шавад!

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР
Саҳми занон дар умури ҷамъиятию сиёсӣ назаррас аст

Саҳми занон дар умури ҷамъиятию сиёсӣ назаррас аст

Иқтисоду тиҷорат, Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА
Омодагӣ ба форуми соҳибкорони Тоҷикистон - «Хатлон-2016»

Омодагӣ ба форуми соҳибкорони Тоҷикистон - «Хатлон-2016»

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Омодагӣ ба зимистон хуб нест

Омодагӣ ба зимистон хуб нест

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, АСАЛМО САФАРОВА