Дар як сатр
» » Ҳадафи ислоҳот – ҳамкории бештари милитсия бо мардум

Ҳадафи ислоҳот – ҳамкории бештари милитсия бо мардум

17-05-2017, 08:55

Ҳадафи ислоҳот – ҳамкории бештари милитсия бо мардум

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020» ва дар ин замина Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия ва нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи он» ба тавсиб расида буд.

Дар самти амалигардии фармон ва Барномаи мазкур дар вилояти Хатлон низ як қатор корҳо ба сомон расонида шуд. Аз ҷумла Шӯрои ҷамъиятии назди РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон соли сеюм аст, ки фаъолияти хешро тибқи Низомномаи Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия ва нақшаҳои тарҳрезишуда ба роҳ монда, дар ин самт ба натиҷаҳои мусбат ноил гаштааст. Тибқи реҷаи корӣ аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ ба шаҳру ноҳияҳо сафар намуда, доир ба ислоҳоти милитсия, мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия суҳбату вохӯриҳо доир менамоянд.

Ҳамчунин дар ин замина дас-турамалу варақаҳои иттилоотӣ ба чоп расонида, пешкаши аҳолӣ гардониданд. Чанде қабл дар маҷлисгоҳи РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон вохӯрии Шӯрои ҷамъиятӣ бо кормандони раёсат, аз ҷумла нозирони минтақавӣ баргузор гашт. Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия Лоҳутӣ Шоназаров перомуни нақшаву дурнамои фаъ-олияти Шӯро изҳори андеша намуда, таъкид дошт, ки барои дар амал татбиқ гардонидани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Раёсат, шуъбаҳо ва нозирони тартиботи ҷамъиятӣ бояд бо аъзои Шӯро ва аҳолӣ ҳамкориро зич намоянд. Муҳим аз ҳама, баланд бардоштан ва рушди тавонмандии касбии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ба рафти амалисозии ислоҳоти милитсия, ҳифзи иҷтимоии кормандони милитсия аз самтҳои асосии ислоҳот ба шумор меравад, зикр шуд дар мулоқот.

Тавре ки А. Файзуллозода, сардори шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон таъкид дошт, вазифаҳои асосии стратегияи ислоҳот баланд бардоштани сатҳи таҳсил ва маҳорати касбии ҳайати шахсӣ бо роҳи ҷорӣ намудани таълим, тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кормандон, тақ-вият додани ҳамкории мутақобила бо аҳолӣ, ҳалли мушкилот, пешгирии ҷиноят ва баланд бардоштани боварии ҷомеа ба милитсия мебошад.
Ҳадафи ислоҳот – ҳамкории бештари милитсия бо мардум

Воқеан вазъи имрӯзаи ҷаҳон водор месозад, ки шаҳрвандони Ватани азизамон баҳри амнияту пойдории Ваҳдати миллӣ, пешгирӣ аз ҳодисаҳои ҷиноӣ, бахусус шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ беш аз пеш тадбир андешанд. Зеро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Ҳадаф аз татбиқи ислоҳоти милитсия ин ҳамкории боз ҳам наздик бо аҳолӣ, афзудани эътимоду боварии халқ ба ин ниҳоди калидӣ, таъмини шаффофият дар кору фаъолият ва муборизаи дастаҷамъона бо ҷинояткорӣ мебошад».

ВАХШОНА,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Дар таъмини сулҳу ваҳдат ҳамагон саҳмгузор бошем

Дар таъмини сулҳу ваҳдат ҳамагон саҳмгузор бошем

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Фарҳанг ва адабиёт, АСАЛМО САФАРОВА
Вохӯрии Искандар Солеҳзода бо аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ

Вохӯрии Искандар Солеҳзода бо аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
Ҷайҳун. Пешгирии зӯроварӣ дар оила

Ҷайҳун. Пешгирии зӯроварӣ дар оила

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳмгузор бошем

Дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳмгузор бошем

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, АСАЛМО САФАРОВА
Нахустин нишасти Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия

Нахустин нишасти Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, АСАЛМО САФАРОВА