Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ҷиноятҳои пинҳонмонда ошкор шуданд


Ҷиноятҳои пинҳонмонда ошкор шуданд



4-уми апрели соли равон дар толори мақомоти прокуратураи вилояти Хатлон фаъолияти 3 моҳи аввали соли 2022-юм ҷамъбаст гардид. Дар ҷаласа А. Раҳимзода прокурори вилоят, кормандони дастгоҳи марказии прокуратураи вилоят, прокуророни шаҳру ноҳияҳо иштирок карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра 1173 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  14 ҷиноят (21,1%) кам мебошад. Аз ин ҷиноятҳо 36,1%-и онро мақомоти прокуратураи вилояти Хатлон ошкор намуда, аз ҷониби прокуророн дар се моҳи охир 124 ҷинояти аз қайд пинҳонмонда ба қайд гирифта шудааст. Бо натиҷаи баррасии пешниҳодоти прокуророн 57 нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ барои даст задан ба рӯйпӯшкунии ҷиноят ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуданд.

Ҳамин тариқ, қайд карда шуд, ки назорати умумӣ яке аз самтҳои муҳими назорати прокурорӣ буда, дар ин давра, вобаста ба ҳолати риоя ва иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” 734 ҳолати санҷишӣ гузаронида шуда, аз натиҷаи онҳо ҳамагӣ 12 ҳазору 429 қонунвайронкунӣ ошкор гардид.

Бо натиҷаи санҷишҳо, ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 2167 амр, 1952 эътироз ва 1018 таклиф пешниҳод гардида, 1610 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 1338 нафар ба ҷавобгарии моддӣ, 4135 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд. Нисбати қонунвайронкунандагон парвандаҳои ҷиноятӣ боз карда шуда, 112,3 миллион сомонӣ маблағи зарар барқарор карда шуд.

Ҳамчунин, қайд карда шуд, ки ҳолати иҷрои қонунгузории замин таҳти назорати ҳамарӯза қарор дошта, кӯшиш ба харҷ дода шуд, ки истифодаи оқилона ва самараноки замин дар доираи талаботи қонун таъмин карда шавад. Дар ин миён, 2753 га заминҳои худсарона ишғолшуда ва ғайриқонунӣ тақсимгардида ба ҳолати аввала баргардонида шуданд.

Ҷасури Қиёмиддин ,
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода