Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ҷавонони далер ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд


Ҷавонони далер ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд



Шамсиддини Шоҳин

Рӯзи 1 апрел фарзандони ғаюру ватандӯсти ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар баробари дигар даъватшавандагону муҳофизони марзу бум ба хизмати аскарӣ гусел гардида, дар рӯзи аввали даъват ноҳия дар доираи тадбирҳои роҳандозишудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар сохторҳои марбута аз иҷрои саривақтии ин рисолати таърихии ватандорӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ мужда дод.

Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Шамсиддини Шоҳин барои адои хизмати ҳарбӣ бо хоҳиши худ ба комиссариати ҳарбии ноҳия ҳозир шуда, аз комиссияи тиббӣ гузаштанд. Дар ноҳия дар рӯзи аввали даъват нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар пурра иҷро шуд. Шумораи наваскароне, ки ба комиссариати ҳарбии вилоят сафарбар карда шуданд, ба 70 нафар расид, ки тибқи нақша аз 100 фоиз зиёд аст.

Тайи чанд соли охир масъалаи даъват ба сафи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти риоя ва амалӣ сохтани корҳои оммафаҳмонӣ миёни аҳолӣ ҳалли дурусти худро ёфта, шумораи ихтиёриён бобати сафарбар гардидан ба хизмати ҳақиқии аскарӣ аз ҳисоби ҷавонони ватандӯсти ноҳия тамоюли афзоиш дорад.

Фархор

Дар ноҳияи Фархор низ ҷавонони синни даъватӣ дар вазъияти тантанавӣ ба хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ гусел карда шуданд.

Аксари даъватшудагон барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ихтиёран ҳозир шуда, зикр доштанд, ки барои дифои марзҳои Ватани худ ҳамеша тайёранд. 

Зимнан қайд гардид, ки нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи  Фархор иҷро шуд.

Маросими даъвати наваскарон бо барномаи консертӣ ва тақдими туҳфаҳои хотиравӣ анҷом ёфт.

Воқеан дар натиҷаи андешидани тадбирҳои мушаххас аз ҷониби роҳбарияти олии сиёсии кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити маишии сарбозон дар қисмҳои низомӣ сол аз сол беҳтар гардида, заминаҳои моддию техникии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам мегардад.

Кӯлоб 

Дар майдони 2700-солагии Муҷассамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб маросими ботантанаи гусели баҳории ҷавонони даъватшаванда ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

- Ҳар ҷавони имрӯза хуб медонад, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили аслии сулҳу субот ва амнияту якпорчагии мамлакат мебошанд, - қайд гардид дар ҳамоиш. – Пас, на танҳо дар забон, балки дар амал бояд тамоми неруи худро ба он равона созем, ки дар кору пайкори ҳаррӯзаи худ пайравони воқеии Пешвои миллат бошем.

Бо изҳори миннатдорӣ ба волидайни ҷавонони даъватшаванда, ки ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ пайвастаанд, ба наваскарон саломатӣ, хушбахтӣ ҳушёрию зиракӣ, матонату ҷасорат ва дар роҳи хизмати содиқона ба Ватан саодату комёбӣ ва барору музаффарият таманно карда шуд.

Баъдан, маросими мардумии «Нонгазон» аз ҷониби модарони даъватшудагон баргузор гардид. Барномаи ҷолиби консертии фарҳангиёни шаҳри Кӯлоб ба ҷамъомад шукӯҳу шаҳомати хосса бахшид.

Норак


1 апрел дар саҳни Қасри фарҳанги шаҳри Норак бахшида ба Рӯзи даъватшаванда - даъвати баҳории наваскарон барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҷамъомади бошукӯҳи тантанавӣ баргузор гардид.

Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки дар заминаи таваҷҷуҳ ва дастгириҳои бевоситаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол шароити хизмат дар қисмҳои ҳарбии мамлакат беҳтару хубтар мегардад.

Дар маросими гусел падару модарони наваскарон, ҷанговарони башардӯст, собиқадорони меҳнат иштирок ва суханронӣ намуданд. 

Ҷавононе, ки барои адои хизмати Модар-Ватан дар даъвати баҳорӣ ихтиёран ба Комиссариати ҳарбии шаҳр омада буданд, онҳо бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ба курсҳои кутоҳмуддати омӯзиши ронандагӣ фаро гирифта шуда буданд.

Мавриди зикр аст, ки дар шаҳри Норак ҷиҳати дар рӯҳияи хештаншиносӣ тарбия намудани ҷавонон, хоса насли ояндасози мамлакат, пайваста чорабиниҳои гуногуни фарҳангию маърифатӣ доир карда мешавад.

Муъминобод

Дар ноҳияи Муъминобод низ бахшида ба Рӯзи даъватшаванда ҷамъомади идона доир гардид, ки дар он ҷавонони аз 18-сола боло ҳамроҳи волидони худ бо мақсади хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъ омаданд. 

Тавре комиссари ҳарбии ноҳия, подполковник Самандар Саидмуъминзода иттилоъ дод, айни ҳол ба комиссариати ҳарбӣ 30 нафар ҷавон бо аризаҳои худ ворид гардида, марҳила ба марҳила нақшаи дар пешистода иҷро мегардад.

Даъватшаванда, истиқоматкунандаи деҳаи Тутқавули Ҷамоати деҳоти “Деҳбаланд” Саидҷони Файзалӣ чунин изҳор дошт: «ман бо аризаи худ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шудам ва мехоҳам, ки ба Ватанам содиқона хизмат карда, марзу буми онро ҳимоя намоям».

Модари даъватшаванда, истиқоматкунандаи ноҳияи Муъминобод Рупиямо Сатторова изҳор дошт: «Писари дуюмамро ба сафи Артиши миллӣ гусел мекунам ва боварӣ дорам, ки писарам содиқона хизмат намуда, Ватани азизамонро ҳимоя менамоям».

Хизмат ба Ватан қарзи ҳар ҷавонмарди асил ба шумор рафта, ҳар як ҷавонро зарур аст, ки саҳми худро дар ҳимояи марзу буми он гузорад. Дар фарҷоми чорабинӣ волидон фарзандони худро бо савту наво ва хушнудӣ ба қисмҳои низомӣ гусел намуданд.

АЗ ИДОРА:

Бояд зикр намуд, ки хизмат ба Ватан – Модар қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҳар ҷавонмарди бонангу номус буда, мактаби бузурги тарбияи ирода, ҷасорат, шуҷоат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад. Артиши миллии мамлакат дар тӯли мавҷудияти худ дар таҳкими суботу оромӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ нақши назаррас дорад.

“Хатлон ”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода