Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Баҳори нав муборак бод!


Баҳори нав муборак бод!



Мусиқии наврӯзӣ ҷузъи хеле ғании фарҳанги мусиқии халқи тоҷик буда, аз замонҳои қадим таҷассумгари кулли назокат ва хусусиятҳои ин ҷашни бузурги мардумӣ ва ифодакунандаи ҷаҳони маънавии халқи тоҷик буда, то ба давраи мо ҳамчун садои зиндаи ин ҷашни бузург расидааст.

Аз як ҷониб рубоиёт, байтҳо ва таронаҳои сершумори наврӯзӣ, баҳорияҳо, ки хосатан маҳсули эҷод мебошанд, аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ҷашни Наврӯз таърихан бо ҳунари мусиқӣ тавъам маъмул гардидааст. Аз ҷониби дигар, бояд эътироф намуд, ки маҳз мусиқии Наврӯздақиқтараш оҳангу таронаҳои ҳирфаӣ (аз ҷумла оҳангҳои наврӯзии Борбади Марвазӣ) аввалин намунаҳои рушди мусиқӣ ба шумор мераванд.

Шукӯҳу шаҳомате, ки ҷашни Наврӯз аз қадим дар байни мардуми одӣ ва дар сатҳи дарбори шоҳон касб карда буд, тақозо менамуд, ки ин ид бо суруду оҳангҳои муносиб омезиш ва оро дода шавад.

Мусиқии наврӯзӣ силсилаи хеле бузурги суруд ва таронаҳои мардумиву ҳунарварони касбиро дар бар мегирад. Яке аз хусусиятҳои мусиқии наврӯзӣ он аст, ки маҳз дар ниҳоди ҳамин ҷашни бузурги табиат ва бо илҳом аз хислатҳои нишотангези он мусиқии ҳирфаӣ рушду нумӯъ намудааст. Мусиқии наврӯзӣ ҷузъи хосаи базму тантанаҳои шоҳони қадим ба шумор мерафт. Фирдавсӣ доир ба мақоми хосси ромишгарон дар базмҳои шоҳон фармудааст:

Бузургон ба шодӣ биоростанд,
Майу ҷому ромишгарон хостанд.

Таҷлили Наврӯз ба рӯзи шашуми моҳ рост меомад, ки арафаи рӯзи ҳафтум рӯзи Амератат (Худованди наботот) ба шумор мерафт. Чанд рӯз қабл аз ҷашн дар майдонҳо 12 сутун бино мекарданд, болои ҳар кадоми онҳо гандум, ҷав, мошу лӯбиё кишт мекарданд. Ҳамаи ин амалҳо суруд ва оҳангҳои хоси худро доштанд. Тахмин меравад, ки суннати бо дувоздаҳ мақом (вобаста ба 12 сутуни майдони Наврӯзӣ) офаридани оҳангҳо низ аз ҳамин давра сарчашма гирифта бошад. Дар таронаҳои наврӯзии он замон, ки ба оғози киштукори баҳорӣ бахшида шуда буданд, тасвири ҳаракатҳои махсуси донапошӣ ё худ ғунучини ҳосил дида мешавад. Ин суннатро то имрӯз метавон дар сурудҳои “Ҳӯбҳӯб”-и хирманкӯбӣ, “Майда”, “Ман доғ”, инчунин силсилаи зиёди фалакхониҳои мардумӣ мушоҳида намуд.

Таронаҳои наврӯзии тоҷикӣ хусусияти рӯҳбаланд кардани инсонҳоро дошта, эҳсосоти волои инсонӣ-шодиву суруд, шукронаи ба баҳори нав расиданро ифода мекунанд:

Наврӯз шуду лолаи хушранг баромад,
Булбул ба тамошои дафу чанг баромад.

Байтҳо ва рубоиёти наврӯзӣ асосан дар жанри фалакхониҳо (фалаки даштӣ, фалаки роғӣ) иҷро карда мешуданд ва сарояндагони мардумӣ рӯзҳои ҷашн дар мавзеъҳои зебоманзари табиат, сайргоҳҳои махсус барои оммаи васеъ таронахонӣ мекарданд.

Васфи Наврӯз, ҳамчунин дар ашъори классикони назми форс-тоҷик мавқеи хосса дорад. Жанрҳои “Баҳория”, “Соқинома” ё худ тасвири манзараҳои базму маҳфилҳои шодиву фараҳ бузургиву назокати ҷашни Наврӯзро ифода менамуданд.

Дар мундариҷаи силсилаи бузурги “Шашмақом” наврӯзиҳои зиёд мавҷуданд ва яке аз маъруфтарини онҳо “Наврӯзи Хоро” (шояд “Наврӯзи Бухоро”) мебошад. Маълум аст, ки ин оҳанги қадимӣ дар пайравӣ ё худ ҳамчун тазмин ба силсилаи оҳангҳои наврӯзии маъруф- “Наврӯзи Аҷам”, “Наврӯзи Араб”, “Наврӯзи кабир” офарида шудааст ва дар баробари оҳангҳои машҳури “Наврӯзи Сабо”, “Наврӯзи Баёт” маҳсули эҷодии мутрибони тоҷик мебошанд.

Дар замони мо таҷлили Наврӯз хусусияти умумимиллӣ пайдо намудааст ва айёми ин ид дар тамоми манотиқи мамлакат суруду таронаҳои қадими наврӯзӣ, силсилаи мақомҳои классикӣ, ҳамчунин оҳангу сурудҳои композиторони тоҷик садо медиҳанд. Сурудҳои наврӯзии гулгардонии бачаҳо дар тамоми минтақаҳо мавҷуд буданд.

Дар байни сокинони баъзе деҳоти водии Зарафшон, дар байни тоҷикони вилояти Сурхандарёи Ӯзбекистон сурудҳои “Бойчечак”, “Обло барака”, “Арғамчӣ-гиламчӣ” низ машҳуранд. Навҷавонон суруди мазкурро ҳавлӣ ба ҳавлӣ гашта месароянд.

Дар охир ба як ҷое меоянд, ки нисбатан серодам аст. дар он ҷо базме баргузор менамоянд. Дар базм ба сурудхонҳо бачаҳои атроф низ ҳамроҳ мешаванд. Ҳам суруд мехонанд ва бо навбат якдигарро ба рақс даъват мекунанд. Дар баъзе деҳоти кӯҳистон, ки ҳанӯз ҳаво сард аст, ҳангоми сароидани ин навъ сурудҳои наврӯзӣ ҷавонони ҳушёру зиндадил зуд аз ҳавлиҳои худ ҳезум оварда, дар мобайни давра оташ дар медиҳанд. Ҳама хурду калон дар гирди гулхан сурудҳои баҳорию наврӯзӣ сароида, шодмонӣ мекунанд ва баъд аз болои оташ мепаранд. Тибқи мушоҳидаҳо сурудро гоҳе дастаҷамъона, дастҳои худро ба гардани якдигар андохта, мисраъ ё байтҳои такрории онро ҳамоҳанг якҷо месароянд. Масалан, яккахон месарояд:

Гули сияҳгӯши лавгардон,
Табақ пур куну даст гардон.
Бите бар дасти гулгардон,
Баҳори нав муборак бод!

Машҳуртарин суруди наврӯзӣ суруд дар васфи суманак аст. Пас аз он ки масолеҳи пухтани суманак омода мешавад, занон ва духтарон ба пухтани он шурӯъ менамоянд. Пухтани суманак вақти зиёдро (12-14 соат) дар бар мегирад. Дар гирди он рақсу бозӣ, сурудхонӣ, шӯхӣ, латифагӯӣ сурат мегирад.

Дар раванди пухтани суманак сурудҳои мухталифро замзама менамоянд. Яке аз ин сурудҳо марбут ба суманак аст, ки дар байни мардуми тоҷик вариантҳои гуногун дошта, таҳти унвони суруди “Суманак” (Сумалак, Саманак) машҳур аст. Маъмулан як духтар ва ё зани доирабадаст сифатҳои суманакро ситоиш намуда, месарояд ва дигарон бо як овоз “Иди Наврӯз муборак!” мегӯянд.

Сароянда:
Суманак дар ҷӯшай,
Равғани гов дар рушай.
Духтарако рупӯшай,

Ҳама:

Иди наврӯзӣ муборак!

Яке аз сурудҳое, ки дар гузаштаҳо машҳур буд ва мардум дар рӯзҳои базми наврӯзӣ онро месароиданд, “Гули наврӯзӣ” ном дошт. Суруди мазкур дар минтақаи Хатлон, аз ҷумла ноҳияи Данғара, вирди  забон буд:

Оҳ, гули наврӯзӣ, дар ҷонам занӣ,
Ҳам шаву ҳам рӯз, дар ҷонам занӣ.

Дар байни мардуми Кӯлоб ва ноҳияҳои дигари Хатлон суруди “Рӯзи Наврӯз” дар гузаштаҳо хеле машҳур буд, ки ҳоло низ сароида мешавад. Суруд дар ситоиши Наврӯз ва баҳор буда, ба фалсафаи гузарон будани зиндагии одамӣ ишорат менамояд:

Рӯзи Наврӯз омаду олам мунаввар мешавад,
Зиннати рӯи замин аз сабзаи тар мешавад.

Таҳияи Ҳангомаи ИСМАТ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода