Дар як сатр
» » Мақсад - хизматрасонии босифати тиббӣ ба модару кӯдак

Мақсад - хизматрасонии босифати тиббӣ ба модару кӯдак

18-04-2017, 09:16

Мақсад - хизматрасонии босифати тиббӣ ба модару кӯдак


Рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар барои масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак мавзӯи меҳварии ҷаласаи Шӯрои занони Раёсати кор бо занони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қарор гирифт.

Ҷамъомадро муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода, ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯро шинос намуд.

Оид ба масъалаи аввали ҷаласаи Шӯро Хатича Бекова, мудири бахши ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Малика Шукурова, мудири шуъбаи таҳсилоти томактабӣ-иловагӣ ва интернатии Раёсати маорифи вилоят, сухан намуданд.

Мудири шуъбаи ҳифзи саломатии кӯдак ва кумаки аввалияи санитарии Раёсати тандурустии вилоят М. Шоҳназарова оид ба ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак дар муассисаҳои тиббии вилоят андеша ронд. Муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода аз масъулин бобати камбудиҳои ҷойдошта дар самти хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак дар муассисаҳои тиббӣ пурсиш ба амал оварда, баҳри ислоҳи саривақтии онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.

ВАХШОНА,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Бунёди 445 толор ва 535 майдончаи варзишӣ дар 5 сол

Бунёди 445 толор ва 535 майдончаи варзишӣ дар 5 сол

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Хизматрасонии ройгони тиббӣ ба 11147 нафар дар як рӯз

Хизматрасонии ройгони тиббӣ ба 11147 нафар дар як рӯз

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Ҷаласаи корӣ бо роҳбарони дастгоҳҳо

Ҷаласаи корӣ бо роҳбарони дастгоҳҳо

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Муаррифии лоиҳаи нав оид ба саломатӣ ва ғизо дар вилояти Хатлон

Муаррифии лоиҳаи нав оид ба саломатӣ ва ғизо дар вилояти Хатлон

Иқтисоду тиҷорат, Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Татбиқи лоиҳаи нави тиббӣ дар Хатлон

Татбиқи лоиҳаи нави тиббӣ дар Хатлон

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА