Дар як сатр
» » М. Хидирзода: “Муқовимат бо коррупсия вазифаи дастаҷамъист”

М. Хидирзода: “Муқовимат бо коррупсия вазифаи дастаҷамъист”

6-04-2017, 08:14

М. Хидирзода: “Муқовимат бо коррупсия вазифаи дастаҷамъист”

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти раёсати муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода семинар-машварати омӯзишӣ оид ба моҳияти “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” ва вазифаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия баргузор гардид.

Дар ин ҳамоиши омӯзишӣ раисон ва котибони шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру навоҳӣ, инчунин аъзои комиссияи ҷамъиятӣ оид ба муқовимат бо коррупсия ширкат варзиданд.

Раиси комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, муовини раиси вилоят М. Хидирзода қайд кард, ки Стратегияи мазкур тибқи Фармони Президенти ҷумҳурӣ бо дарназардошти меъёрҳои зиддикоррупсионӣ, ки аз уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон бармеоянд, дар мувофиқа бо мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ба инобат гирифтани пешниҳодоти коршиносони ватаниву хориҷӣ таҳия шудааст. “Ҳадафи ниҳоии ҳуҷҷати мазкур паст кардани сатҳи коррупсия, бартараф намудани монеаҳои рушди иқтисодиёт, демократия, мукаммалгардонии идораи давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва иҷрои дигар ҳадафҳои стратегияи миллии рушди кишвар мебошад”, - афзуд М. Хидирзода.

М. Хидирзода: “Муқовимат бо коррупсия вазифаи дастаҷамъист”Тамкин Раззоқзода, сардори шуъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон, зикр кард, ки Раёсати агентӣ барои дар амал татбиқ кардани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ошкор ва пешгирӣ намудани амалҳои коррупсионӣ дар кишвар корҳои мушаххасро анҷом медиҳад. “Новобаста аз тадбирҳои анҷомдодашуда то ҳол дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ рафти иҷрои қарорҳои Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия ва татбиқи «Стратегияи муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2013-2020» мувофиқи матлаб нест. Дар баъзе сохторҳо то ҳол дар таъмини иҷрои нақшаи корӣ барои татбиқи стратегия мушкилиҳо ҷой дошта, дар баъзе ҳолатҳо бандҳои алоҳидаи Стратегияи муқовимат бо коррупсия сарфи назар карда шудаанд”, - идома дод Т. Раззоқзода.

Дар семинар-машварати мазкур, инчунин таъкид гардид, ки тайи як соли гузашта аз ҷониби Раёсати Агентии зиддикоррупсионӣ рафти татбиқи «Стратегияи муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2013-2020» дар шаҳру навоҳии Сарбанд, Абдураҳмони Ҷомӣ, Хуросон ва Дӯстӣ мавриди санҷиш қарор гирифта, ба ҳуҷҷатгузорӣ ва фаъолияти танҳо комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ баҳои мусбат дода шудааст.

- Таҳлилу баррасиҳо нишон доданд, ки масъулони аксари комиссияҳои ҷамъиятӣ, баъзан раисону котибон низ ваколатҳо ва вазифаҳои комиссия, инчунин тарзи дурусти фаъолият, баррасии масъалаҳо, таҳияи барномаҳо ва нақшаҳои кориро намедонанд, - ишора кард Раҳмон Эмомалӣ, - корманди масъули Раёсати Агентӣ дар вилоят. – Тибқи низомнома, бояд нафаре котиби комиссияи ҷамъиятӣ таъин карда шавад, ки дорои маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ бошад. Аммо азбаски на дар ҳамаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ воҳиди кории ҳуқуқшинос ё кормандони дорои маълумоти ҳуқуқшиносӣ ҳастанд, дар мақоми котиби комиссияҳои ҷамъиятӣ нафарони ғайриихтисос ҷалб шудаанд.

Кормандони масъули Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон таъкид намуданд, ки ҳар як корхонаву муассиса, тибқи талаботи “Стратегияи муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2013-2020”, бояд барномаи идоравии зиддикоррупсионии худро барои то соли 2020 таҳия намояд. Дар акси ҳол, роҳбарони идораҳо мутобиқи моддаи 663, прим 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.
М. Хидирзода: “Муқовимат бо коррупсия вазифаи дастаҷамъист”

Дар идомаи семинар-машварати омӯзишӣ миёни аъзои комиссияҳои ҷамъиятии пешгирии коррупсия дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ва масъулони агентии зиддикоррупсионӣ суолу ҷавоб сурат гирифт.

- Ҳукумати кишвар коррупсияро яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа ва унсури таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушди иҷтимоию иқтисодии давлат медонад, - зикр кард М. Хидирзода. - Аз ин рӯ, кишвари мо ҳамчун узви ҷаҳонии муқовимат бо коррупсия ҷиҳати аз байн бурдани омилҳои бавуҷудоваранда, сари вақт ошкору бартаф намудани кирдорҳои коррупсионӣ, ташаккули фазои оштинопазирӣ нисбат ба ин падидаи номатлуб ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон тадбирҳои судманд меандешад. Муқовимат ба коррупсияро Тоҷикистон қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии худ дониста, омода аст, самаранокии фаъ-олиятро дар ин самт бо иштироки тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори омма, созмонҳои байналмилалии манфиатдор таъмин намояд.

Раиси комиссияи вилоятии пешгирии коррупсия, муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода аъзои Шӯрои вилоятӣ ва масъулони комиссияҳои шаҳрию ноҳиявиро барои татбиқи пурраи «Стратегияи муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2013 -2020» ва иҷрои дигар дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифадор карда, ба масъулон барои андешидани тадбирҳои иловагӣ дар мубориза бар зидди коррупсия дастур дод. «Дар Паёми навбатии Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ таъкид шуд, ки дар кори мубориза бо коррупсия ғайр аз мақомоти давлатӣ, ҳар як фарди ҷомеа низ бояд саҳмгузор бошад. Масъулияти пешбурди назорати ҷараёни иҷрои Стратегия ба зиммаи ҳамаи мову шумост», - таъкид дошт муовини раиси вилоят.

Н. МАЪМУРЗОДА,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Муборизаро бо коррупсия пурзӯр намоем

Муборизаро бо коррупсия пурзӯр намоем

Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА
С. Носирзода: «Эътимоди мардум ба ниҳоди мо рӯзафзун аст»

С. Носирзода: «Эътимоди мардум ба ниҳоди мо рӯзафзун аст»

Хабарҳо, Мусоҳибаи мо, Сиёсат, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Мубориза бар зидди коррупсия кори дастаҷамъист

Мубориза бар зидди коррупсия кори дастаҷамъист

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
Президент: «Коррупсия кирдори хатарноки зиддидавлатист»

Президент: «Коррупсия кирдори хатарноки зиддидавлатист»

Сиёсат, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
Ифшои 91 ҷинояти вобаста ба замин

Ифшои 91 ҷинояти вобаста ба замин

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА