Дар як сатр
» » Ёвон. “Корвони маърифат”-ро истиқбол гирифт

Ёвон. “Корвони маърифат”-ро истиқбол гирифт

16-02-2017, 09:40

Ёвон. “Корвони маърифат”-ро истиқбол гирифт

Бо қадамҳои корвониёни пуранвор аз маърифату иттилооти сара, хизматрасониҳои ройгону маҳфилҳои адабию фарҳангӣ, ки аз як маҳал ба маҳалли дигар мерасад, ҳадафи он бештар рӯшан гардида, ба истиқболашон чорабиниҳои пурмуҳтавою ибратбахш ташкил меёбанд. Ин маънӣ дар ноҳияи Ёвон баръало мушоҳида гардид.

Баҳри истиқболи сазовор ва таъмини ҳадафи “Корвони маърифат”-и вилоятӣ, ки бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ мегузарад, бо қарори раиси ноҳия, дар ин ҷо гузаронидани озмунҳои “Оилаи намунавӣ”, “Кадбонуи беҳтарин”, “Беҳтарин навовари ҷавон”, “Беҳтарин хонанда”, “Беҳтарин тарроҳи ҷавон”, “Беҳтарин тими футбол”, “Беҳтарин гӯштингир”-ро муқаррар намуда буданд. Озмунҳои ноҳиявӣ рӯзи шанбеи гузашта баргузор гардид ва беҳтаринҳо аз нигоҳи мутахассисону масъулини соҳа, ки шомили корвон буданд, баҳогузорӣ шуданд.

Натиҷаи чорабиниҳои дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот баргузоргардида худи ҳамон рӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода, раиси ноҳия Амирбеки Темур ва ҷамъи роҳбарону фаъолон, аз ҷониби роҳбарони гурӯҳ баррасӣ гардид.

Раъно Раҳимзода, сардори Раёсати кор бо оила ва занони вилоят:

-Дар маркази ноҳия озмунҳои “Оилаи намунавӣ” ва “Кадбонуи беҳтарин” гузаронида шуд. Чорабинӣ нишон дод, ки мардуми ноҳия мақсаду мароми ташкил гардидани “Корвони маърифат”- и вилоятиро, ки аз дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ маншаъ гирифта, ба истиқболи 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ гузаронида мешавад, хуб дарк намуда, ба ин муносибат омодагии комил гирифтаанд. Дар чорабинии “Кадбонуи беҳтарин” аз хурдтарин пазандаҳо, ки дар боғча тарбият мегиранд, наврасоне, ки дар мактаб одобу маданияти кадбонуиро меомӯзанд, то занону бонувони хушҳунару босалиқаи ҳунарманд ширкат доштанд. Маҳсули дастони тамоми кадбонувон, вобаста ба синну сол ва маҳорати пазандагиашон, боиси таҳсину офарин буд. Аз рӯйи шартҳои озмун бошад, намояндагони Ҷамоати деҳоти “Норин” ҷойи аввалро соҳиб гардиданд.

Дар ноҳияи мазкур қадамҳои устувор дар боби амалигардии ҳадафҳои олии давлат, майлони ба самти саноатӣ-кишоварзӣ гузаштан ба назар мерасад. Дар ин ҷо намояндагони маҳалҳои гуногун, халқияту миллатҳои дигар паҳлуи ҳам дӯсту бародарвор кору зиндагӣ доранд. Дар озмуни “Оилаи намунавӣ” 7 ҷуфт, аз ҷумлаи оилаҳои ҷавон то пирони 56 сол собиқаи ҳамзистидошта ширкат доштанд. Дар суҳбат бо иштирокчиёни озмун, пеш аз ҳама, ин маъниро пайдо намудем, ки хурду калон хуррамию шодкомӣ аз даврони истиқлол доранду парастиш аз ваҳдати миллӣ. Дар ин сабқат низ оилаи??? аз деҳоти “Норин” беҳтарин ҳисобида шуд.

Ёвон. “Корвони маърифат”-ро истиқбол гирифт

С. Маллазода, сардори Раёсати тандурустии вилоят: - Бояд гуфт, ки дар тамоми ҳудуди ноҳия соҳаи тандурустӣ намояндагии худро дорад ва самти фаъолияти беморхонаву дармонгоҳ, марказҳои саломатию бунгоҳҳои тиббӣ хамеша таҳти назорат ва кумак қарор доранд. Корвониёни вилоятиро ҳайати табибон низ бо ҷумлаи таҷҳизот ба мақсади расонидани хизмати тиббии ройгон ҳамроҳӣ доранд. Корвони саломатии мо кори худро аз деҳоти дурдасти ноҳия - “Ҳаёти нав” оғоз бахшид. Дар зарфи 3 соат, аз ҳудуди ҷамоат наздики 1000 нафар ҳоҷатмандон аз ташхиси тиббӣ гузашта, барои табобаташон маслиҳат гирифтанд. Ҳамчунин ба омма аз ҷониби мутахассисон оқибатҳои бахшиданашудании никоҳи байни хешутаборӣ, ки аз онҳо фарзандони носолим ба дунё меоянд, фаҳмонда дода шуд.

С. Алимардонов, намояндаи Раёсати маорифи вилоят:

- Чорабинии васеъ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 баргузор гардид, ки дар он намояндагони кумитаҳои падару модарон аз тамоми ҷамоатҳои ноҳия ширкат доштанд. Дар чорабинӣ мактабиён бо саҳначаҳои ҷолиб ва андешаҳои комил аз татбиқи амалии Қонуни Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар маҳал равшанӣ андохтанд. Маълум гардид, ки бо таваҷҷуҳу ғамхориҳо, дастуру супоришҳои Сарвари давлат соҳаи маориф ба тадриҷ рушд меёбад, таълиму тарбия беҳ мегардад, вале баробари пешравиҳо ҳоло ҳам нишонаҳои нигаронкунанда дар рафти иҷрои талаботи қонунҳои миллӣ дида мешаванд. Падару модарон, омӯзгорони мактабҳо раванди минбаъд омӯзиши ҳатмии Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро дар барномаҳои муассисаҳои таълимӣ, ки Сарвари давлат дар ироаи Паёми имсолаашон ба Вазорати маориф ва илм супориш доданд, яке аз нуктаҳои муҳими ин ҳуҷҷати зиндагисоз дониста, бо боварӣ изҳор медоштанд, ки оянда муносибати оила бо мактаб, мақомотҳои дахлдор дар роҳи таълиму тарбияи насли наврас мустаҳкамтар хоҳад шуд.

С. Шарифзода, мудири бахш оид ба дин ва танзими ҷашну маросимҳои мақо-моти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят: - Вохӯрии ҳайати корвон дар самти риояи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, пешгирии ҷавонон аз амалҳои номатлуб, роҳ надодан ба шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, дар мадди аввал гузоштани ҳуқуқҳои кӯдак, дастгирии ятимону бепарасторон, бо баргузории аксияи иттилоотӣ дар деҳоти “Норин” гузашт. Дар ҷараёни вохӯрӣ аз ҳадафҳои стратегии давлат, роҳҳои ба ҳаёт мутобиқ намудани қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, қарорҳои дархӯри вақт дар боби ҳифзи ҳукуқи кӯдак, ҳаёти оилавӣ, роҳ надодан ба никоҳи барвақтӣ ва манъ будани никоҳи байни хешутаборӣ, ки ба зиндагии шоиста мебарад, ҳаматарафа фаҳмонда дода шуд. Воқеан, мардуми ноҳияи Ёвон дар иҷрои ҳадафҳои зиндагисози давлату Ҳукумат собитқадаманд. Агарчанде рақамҳои оморӣ баъзе камбудию мушкилотро бозгӯй мекунанд, вале рейду санҷишҳо нишон медиҳанд, ки дар маҳалҳо волоияти қонунҳои амалкунанда риоя мегардад.

Ф. Саъдуллоев, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дасгоҳи раиси вилоят:

- Дар ин ҳамоиши маърифатию иттилоотӣ ба мардуми бофарҳангу маърифатдӯсти ноҳия шумораҳои тозанашри рӯзномаҳои “Хатлон”, “Новый Хатлон” ва “Дӯстлик” дастрас карда шуд. Дар ҳамаи он ҷамоатҳое, ки вохӯриҳо баргузор гардиданд, намояндагони ВАО аз вилоят ширкат доштанд. Рӯзноманигорон ба мардум аз хабару рӯйдод ва ҳаводиси ҷаҳони имрӯза, аз нақши манбаъҳои хабарӣ маълумоти муфассал дода, зараровару хавфнок будани баъзе шабакаҳои иҷтимоиро бо далелҳои амиқ фаҳмонданд. Хурсандибахш аст, ки дар ноҳияи Ёвон нақшу мақсадҳои нопоки чунин манбаъҳоро медонанд. Ташкил ёфтани шабакаи мустақили телевизиони ноҳия, ки мардумро бо қарору фармонҳо, дастуру супоришҳои ҳукуматӣ, дастоварду азму иродаи неки ҳамноҳиягон шинос менамояду онҳоро ба ватандӯстию меҳнатқаринӣ ҳидоят намуда, бо барномаҳои маърифатию фарҳангӣ хотирашонро болида мегардонад, далели ҳамин гуфтаҳост.
Ёвон. “Корвони маърифат”-ро истиқбол гирифт

Фариза Абдуллоева, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят:

- Баргузории чорабинии маърифатию иттилоотии вилоятӣ, ки то ҷашни 20-солагии Ваҳдати миллӣ дар тамоми шаҳру навоҳии вилоят мегузарад, махсусан барои ҷавонон шодии беинтиҳо овардааст. Чунки имсол худ Соли ҷавонон аст. Бахши ҷавонон ба ин мақсад дар назди бозори марказӣ, терминали мусофиркашонӣ, Кохи фарҳанг аксияи иттилоотиро ташкил намуда, ба ҷавонону наврасон буклету брошюраҳои ҳадафманду муфид тақсим намудаанд. Байни ҷавонон аз рӯйи 8 намуди варзиш мусобиқаҳо ташкил карда шуд ва беҳтаринҳо бо ифтихорномаву туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд. Ҳамчунин ба 30 нафар стипендияи раиси ноҳия ва ба 2 нафар стипендияи бахши ҷавонон тақдим карда шуд.

Б. Саидов, мудири шуъбаи иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилоят:

- Дар вохӯрие, ки дар деҳоти “Чоргул” бо иштирокчии ҷаласаи тақдирсози ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон Раҷаббек Қодиров доир гардид, наздики 400 нафар пиру барно ширкат доштанд. Вохӯрӣ, бемуҳобо, хотирмону ибратомӯз буд. Чунки ин пири барнодил тамоми воқеоту ҳаводиси он айёмро ботафсил нақл намуд, ки ҳар лаҳзаву соати он барои насли имрӯза дарси ҳаёт ба ҳисоб меравад. Таклиф шуд, ки чунин вохӯрӣ минбаъд ҳам давом ёбад, то насли наврас заҳмати босазои падарону бародаронро дар солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ фаҳманд ва ба қадри меҳнати босуботи ватандӯстон тайи солҳои Ваҳдати миллӣ расанд.

Ҳамин тариқ, дар ҷамъомади ҷамъбастӣ намояндагон аз Раёсати сабти ҳолати шаҳрвандӣ, Иттифоқи нависандагон, Раёсати фарҳанги вилоят баромад намуда, аз баргузории маҳфилҳои адабӣ, ҳунарнамоии санъаткорон дар назди мардум маълумот доданд.

“Корвони маърифат” охири ин ҳафта боз ба роҳ мебарояд.

ВАХШОНА,
И. ҲАСАНОВ,
“Хатлон”


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«Корвони маърифат» ба Хуросон омад

«Корвони маърифат» ба Хуросон омад

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Фарҳанг ва адабиёт, КОМРОНИ БАХТИЁР
«Корвони маърифат» ба роҳ баромад

«Корвони маърифат» ба роҳ баромад

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, АСАЛМО САФАРОВА, ИСМАТУЛЛО ҲАСАНОВ
Вакилон Паёмро шарҳ медиҳанд

Вакилон Паёмро шарҳ медиҳанд

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, ИСМАТУЛЛО ҲАСАНОВ
Ҷ. Румӣ. Кадбонуи беҳтарин муайян шуд

Ҷ. Румӣ. Кадбонуи беҳтарин муайян шуд

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо
Дар партави Паём. Оила – ошёни меҳру вафо

Дар партави Паём. Оила – ошёни меҳру вафо

Ҳаёти иҷтимоӣ