Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Саноатикунонии босуръат - омили рушди устувори иқтисодиёти мамлакат


Саноатикунонии босуръат - омили рушди устувори иқтисодиёти мамлакат



Рушду нумӯи давлат, таъсис ёфтани ҷойҳои нави корӣ, афзудани иқтидори истеҳсолӣ, ғанӣ гардонидани буҷети кишвар, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ба пешравии соҳаи саноат вобаста аст. Аз ин хотир, аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти аҳамияти соҳа дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ ва солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” эълон гардид.

Дар шаҳри Кӯлоб бо назардошти татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат ба рушди ин соҳаи афзалиятнок диққати махсус равона гардида, таваҷҷуҳи асосӣ ба тақвияти истеҳсолот, содироти маҳсулоти тайёр, истифодаи ҳарчи бештари манбаъҳои ашёи хоми маҳаллӣ ва коркарди пурраи он равона карда шудааст. Бо ин мақсад шаҳрдории Кӯлоб соли 2022-ро «Соли рушди саноат ва роҳдорӣ дар Кӯлоб» эълон кардааст.

Тибқи иттилои мудири бахши саноат, энергетика ва нақлиёту коммуникатсияи шаҳри Кӯлоб Абдуразоқ Хоҷамқулов, дар соли 2021 дар шаҳр 5 коргоҳи нав мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, коргоҳи истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ, макаронбарорӣ, обҳои ташнагишикан, дӯзандагӣ ва коркарди сангу шағал ба истифода дода шуд, ки дар он 56 ҷойи нави корӣ муҳайё гардид. Бо ҷалби сармояи хориҷӣ бошад, корхонаи истеҳсоли хишти пухтаи ҶДММ “Сабури Ҳамадонӣ” бо таъсиси 25 ҷойи корӣ сохта ба истифода супорида шуд.

- Филиали корхонаи ҶДММ “Ваҳдат текстайл” дар шаҳри Кӯлоб бунёд гардид, ки бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 октябри соли 2021 ба истифода супорида шуд, - иброз намуд Абдуразоқ Хоҷамқулов. - Иқтидори солонаи ин коргоҳ истеҳсоли 34 млн. ҷуфт ҷуроб мебошад ва бояд дар корхона 430 нафар кору фаъолият намоянд. Айни замон хоҳишмандон дар корхона рӯйхат гардида, мутахассисон ба онҳо нозукиҳои касбро омӯзонида истодаанд. Ҳоло дар коргоҳ 107 нафар фаъолият доранд. Дар соли 2021 корхона 181,3 ҳазор ҷуфт ҷӯроб истеҳсол намуд, ки маблағи умумии он 398,7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

АФЗОИШИ ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ

Барои зиёд намудани ҳаҷми маҳсулот ва ба кор даровардани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда бо роҳбарон ва соҳибмулкони корхонаҳо вохӯрӣ анҷом дода, онҳоро вазифадор намудем, ки аз захираю имкониятҳои мавҷуда истифода баранд, то ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд намоянд, - гуфт дар суҳбат бо рӯзномаи “Хатлон” А. Хоҷамқулов. - Дар натиҷа, аз 51 корхонаи саноатӣ дар 26-тои он ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли гузашта зиёдтар истеҳсол гардид.

Дар баробари дастовардҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар шаҳр афзоиши нишондиҳандаҳои истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба қайд гирифта шудааст. Корхонаҳои саноатии шаҳр дар соли 2021 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 309,7 млн. сомонӣ расониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 31,9 млн. сомонӣ зиёд буда, дурнамо 111,5 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин давра, орд 115,3 фоиз, нон ва маҳсулоти нонӣ 104,1 фоиз, ҳасиб 137,2 фоиз, макарон 204 фоиз, нӯшокиҳои ташнашикан 129 фоиз, ресмони пахтагин 212 фоиз, регу сангмайда 114 фоиз ва бетони сохтмонӣ 138 фоиз истеҳсол карда шудааст.

МОИ “Кӯлоб”

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди соҳаи саноат дар майдони 309,3 га Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” таъсис дода шуд. Ин иқдом тамоми шароити заруриро барои фаъолияти соҳибкорон дар ин минтақа муҳайё намуд.

Дар МОИ-и “Кӯлоб” корхонаи истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии мошинҳо (филтрҳо) ҶДММ “Тоҷик Алмос” ҳамчун нахустин субъект дар масоҳати 1 га замин бунёд ёфта, ҳаҷми сармояи умумӣ 300 ҳазор доллари ИМА ва бо ташкил додани 20 ҷойи нави кории доимӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар қисмати аввали корхона тибқи лоиҳаи тасдиқшуда, корҳои сохтмонӣ муташаккилона идома доранд. ҶДММ “Кӯлоб агро-саноат” бошад, ҳамчун дуюмин субъект дар масоҳати 1 га замин дар МОИ-и “Кӯлоб” ба қайд гирифта шудааст, ки истеҳсоли равғани растанӣ, набот ва коркарди намакро ба роҳ мемонад.

Ба қавли А. Хоҷамқулов, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар ҳамкорӣ бо роҳбарияти МОИ-и “Кӯлоб” лоиҳаҳои бунёди корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла маркази логистикӣ (7 млн. доллари ИМА), технопарк (10 млн. доллар), комбинати нассоҷӣ (80 млн. доллар), корхонаи газворҳои дурушт (70 млн. доллар), фабрикаи истеҳсоли куртаҳои мардона (30 млн. доллар), корхонаи истеҳсоли аккумулятор (40 млн. доллар), корхонаи истеҳсоли лампаҳои каммасраф ва дигар асбобҳои барқӣ (30 млн.доллар), корхонаи истеҳсоли лифт (10 млн. доллар), корхонаи истеҳсоли сӯзандору (30 млн. доллар) ва корхонаи истеҳсоли равғани растанӣ (20 млн. доллар) бо забонҳои русӣ ва англисӣ омода намуда, бо мактуби расмӣ ба вазорату идораҳои марбута ирсол намудаанд.

БУНЁДИ 15 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ

Тибқи иттилои мудири бахши саноат, энергетика ва нақлиёту коммуникатсияи шаҳри Кӯлоб, бо мақсади рушди соҳаи иқтисодӣ ва табдил додани шаҳри Кӯлоб ба шаҳри индустриалию аграрӣ бунёди 15 корхонаи азим давоми солҳои 2022-2025 бо назардошти ашёи хоми маҳаллӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак, модернизатсияи 5 корхонаи фаъолияткунанда ба арзиши беш аз 4,0 млрд. сомонӣ бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ пешбинӣ гардидааст.

Аз ин шумора, 6 корхонаи соҳаи саноати сабук, 3 корхонаи соҳаи хӯрокворӣ, 3 корхонаи соҳаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, 2 корхонаи соҳаи энергетика ва як корхонаи соҳаи тандурустӣ мебошанд. Тадбирҳои дар соҳаи саноат пешбинигардида имконият медиҳанд, ки то соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 4 баробар бо нархҳои ҷорӣ боло рафта, беш аз 9700 ҷойи кори доимӣ ва 3500 ҷойи кории мавсимӣ ташкил карда шавад, ки вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсулро тавассути саноатикунонӣ таъмин намояд.

Фаромӯз БОБОЕВ, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода