Дар як сатр
» » Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия зарурати ҷомеаи Тоҷикистон аст

Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия зарурати ҷомеаи Тоҷикистон аст

13-05-2016, 11:10

Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия зарурати ҷомеаи Тоҷикистон аст

Баъди истиқлолиятро ба даст овардани ватанамон халқи тоҷик ба дастовардҳои зиёд ноил гашт, ки яке аз онҳо қабули Конститутсияи (Сарқонуни) давлати азизамон мебошад. Дар ҳақиқат, Конститутсия дастоварди арзишманди Истиқлолият аст.

Конститутсияи имрӯз амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 6 ноябри соли 1994 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид.

Тавре маълум аст, бо тақозои замон ва навгониҳои баамаломада дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии ҷумҳуриамон бори аввал 26 сетябри соли 1999 ва маротибаи дуюм 22 июни соли 2003 ба Конс-титутсия ба тариқи раъйпурсии умуумихалқӣ тағйироту иловаҳо ворид карда шуд.

Бори аввал бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Комиссияи Оштии Миллӣ таҳия намуда буд ва бо мақсади амалӣ гардонидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, қабул гардид.

Бори дуюм як гурӯҳ аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ истифода бурда, бо мақсади аниқ гардонидани ҷараёни демократӣ дар ҷомеа ва таъмини кафолатҳои ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд тағйиру иловаҳоро ба Конститутсия пешниҳод карданд.

Вақт нишон дод, ки он тағйироту иловаҳое, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дароварда шудаанд, Конститутсияи моро аз ҷиҳати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ боз ҳам мукаммалтар ва демократитар гардонид ва имрӯз ҳар як сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон бо боварӣ гуфта метавонад, ки зиндагии ҳаррӯзааш осоиштаву таҳти ҳимояи Конститутсияи Тоҷикистон аст.

Имрӯзҳо Ватани азизамон дар арафаи боз як чорабинии муҳими сиёсӣ - раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Доир ба сабаб ва мақсадҳои даровардани тағйироту иловаҳо ба Конститутсия ҳаминро қайд карданиям, ки давраҳои гузаронидани ислоҳоти конститутсионӣ ба худ хусусиятҳои хос доранд, вале дар як вақт ҳамаи ин ислоҳоти конститутсионӣ хусусияти умумӣ доранд. Яъне ҳамаи ин тағйироту иловаҳо аз пешрафти ҷомеаи Тоҷикистон, рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ сарчашма гирифта, бо мақсади таъмини пешрафти минбаъдаи ҷомеа ва аз нигоҳи ҳуқуқӣ мустаҳкам кардани ин дастовардҳо пешниҳод шудааст.

Тағйиру иловаҳое, ки ин дафъа ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, бояд гуфт, ки он натанҳо зарур аст, балки ногузир буда, аз пешрафти ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон маншаъ мегирад.

Бояд қайд кард, ки Конститутсия худ қонун аст ва табиист, ки қонун чизи шахшуда (догма) набуда, дар натиҷаи пешрафти ҷомеа он низ тағйир меёбад ва мукаммал гардонида мешавад. Илова бар ин, пешрафти ҷомеа ва такмили қонунгузории миллӣ хоси ҳамаи давлатҳои демократии дунё аст.

Ба мо низ зарур аст, ки меъёрҳои Конститутсия бо назардошти тараққиёти имрӯза ва минбаъдаи ҷомеа боз ҳам такмил дода шаванд, то ки мо ба марҳилаи нав-батии рушди демократӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон комёб шавем.

Тағйироту иловаҳои пешниҳодшударо ба ду гурӯҳи асосӣ тақсим кардан мумкин аст: Тагйироту иловаҳое, ки хусусияти меъёрӣ доранд ва тағйироту иловаҳое, ки хусусияти меъёрӣ надоранд. Дар маҷмӯъ, ба 32 модда 72 тағйиру иловаҳо пешниҳод шудаанд. Аз онҳо 7 меъёри нав ва 13 меъёр дар таҳрири нав мебошад.

Конститутсия на танҳо ҳуҷҷати олии ҳуқуқӣ, балки ҳуҷҷати олии сиёсӣ мебошад. Бесабаб нест, ки Конститутсияро шиносномаи миллат низ меноманд.

Гарчанде Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди се соли истиқлолияти давлатиро соҳиб шудани ҷумҳурии азизамон қабул шуда бошад ҳам, маҳз тавассути Конститутсия Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нигоҳи ҳуқуқӣ ба расмият дароварда шудааст.

Чунончи, дар моддаи 1-и Конс-титутсия омадааст: "Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад".

Ҳамчунин пешниҳод мешавад, ки ба моддаи якуми Конститутсия қисми дуюм илова карда шавад, ки тибқи он шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ ифода мегардад.

Бояд қайд кард, ки аз рӯзи аввали қабули Конститутсия ҷумҳурии мо шакли идораи президентиро интихоб намуда буд ва воқеан вақт нишон дод, ки ин шакли идоракунӣ барои давлати мо мувофиқ аст.

Илова бар ин, тибқи талаботи моддаи 100-и Конститутсия, шакли идораи ҷумҳурӣ яке аз асосҳои бунёди давлату давлатдории мо буда, он тағйирнопазир аст.

Аз ин рӯ, ин пешниҳоди зикр-гардида ифодакунандаи воқеии шакли идоракунии президентӣ буда, он Конститутсияро мукаммал менамояд.

Ҳамчунин, оид ба тағйироти асосие, ки дар моддаҳои 8 ва 28-и Конститутсия пешниҳод гардидааст, мехостам гуфта гузарам. Гарчанде тағйироти мазкур ба бобҳои алоҳидаи Конститутсия (1 ва 2) тааллуқ дошта бошанд ҳам, онҳо аз рӯи мазмун ва мақсад ягона мебошанд.

Мувофиқи тағйирот, қисми 6-и моддаи 8-и Конститутсия дар таҳрири нав ифода гаштааст, ки тибқи он, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ манъ аст.

Ҳамчунин ҷумлаи дуюми қисми якуми моддаи бисту ҳаштум дар таҳрири нав пешниҳод шудааст ва тибқи он шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок намояд, ихтиёран ба онҳо дохил ва аз онҳо хориҷ гардад.
Бояд қайд кард, ки тибқи муқаррароти моддаи 1-и Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ мебошад.
Дар лоиҳаи Конститутсия, ки соли 1994 қабул гардида буд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динӣ дошта манъ буд.

Тағйиру иловаҳое, ки соли 1999 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуд, аз тарафи Комиссияи Оштии Миллӣ омода шуда буд ва мувофиқи он шаҳрванд ҳақ дорад дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, аз ҷумла, ҳизбҳои характери демократӣ, динӣ ва атеистӣ дошта иштирок намояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷи-кистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади расидан ба сулҳ ва амалӣ намудани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ онро қабул намуда, ба раъйпурсӣ пешниҳод кард.

Гарчанде дар ҷумҳурӣ гуногунандешии (плюрализми) сиёсӣ амал мекард, ба ҲНИТ низ шарту шароити демократӣ барои фаъолияти қонунӣ иҷозат дода шуд.

Вақт нишон дод, ки ҲНИТ дар ниқоби демократия, волоияти қонун, арзишҳои олии инсон ва шаҳрванд фаъолият карда, дар аслбошад, зери ин ниқоб мақсадҳои разилона ва бо ҳар роҳу восита истифода кардани қувваҳои тундгароӣ – экстремистӣ ба хотири расидан ба ҳадафҳои нопоки худ ва хоҷагони берунааш нуҳуфта будааст.

Воқеаҳои тирамоҳи соли 2015 тасдиқи ин гуфтаҳост, ки онро ҳамаи мо медонем.

Асосан ҳизбҳое, ки дар заминаи динӣ ва миллӣ таъсис дода мешаванд, динро ба сиёсат омехта карда, ба тафриқаандозӣ машғул шуда, байни диндорон низоъ меоранд, одамон, бахусус ҷавононро бо ақидаҳояшон ба сафҳои худ шомил карда, барои иҷрои вазифаҳояшон истифода мебаранд.

Исломшинос Капелл Жил мегӯяд: «Ҳизбҳои сиёсии динӣ ҷонибдорони минбарӣ ва пасипардагӣ доранд, агар дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ба дунявият даъват намоянд, дар мубориза ҳамеша ба қувваҳои ифтиротӣ такя мекунанд».

Муборизаи сиёсӣ бояд дар доираи Конститутсия ва қонунҳо, бе дахолати давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ сурат гирад. Бинобар ин, дар сатҳи Конститутсия пешниҳод шудааст, ки амалҳои мазкур манъ карда шаванд.

Бояд қайд кард, ки Тоҷикистон давлати дунявӣ мебошад, ки ин навъи давлатдорӣ аз тарзи давлатдории атеистӣ, ки он бо дину мазҳаб ҳамавақт дар ҳолати муборизаи оштинопазир қарор дошт, комилан фарқ мекунад. Мо дида истодаем, ки дар ватанамон шаҳрвандон озодона аз ҳуқуқҳои худ истифода мебаранд, муассисаҳои олии динӣ мутахассисони соҳаи динро тайёр мекунанд, масҷидҳо ва дигар иттиҳодияҳои динӣ фаъолияти озодона доранд.

Илова бар ин, фаъолияти 7 ҳизби сиёсӣ ва беш аз 4000 иттиҳодияи ҷамъиятӣ дар ҷумҳурӣ нишонаи гуногунандешӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.

Таърих нишон додааст, ки дар кадом давлате ҳизбҳо дар заминаи динӣ таъсис ёбанд, дар натиҷаи ҳаракатҳои ғайриқонуниашон аз тарафи халқ дастгирӣ намеёбанд ва онҳо фаъолияташонро ё қатъ мекунанд, ё аз тарафи давлат фаъолияташон манъ гашта, дар ватанашон ҳизбу ҳаракати экстремистӣ эълон шуда, ба назди хоҷагонашон (монанди роҳбарияти ҲНИТ) рафта, амалҳои разилона ва палидонаи худро идома медиҳанд.

Ба чунин ҳизбҳо мисол шуда метавонад, ҳаракати динии «Акрамия», «Ҷамъияти адолатпарвар», «Ҳизби наҳзати ислом», «Ҳизби исломии Туркистон», Ҳаракати исломии ӯзбекистон (ӯзбекистон) «Ҳизби исломии Озарбойҷон» (Озарбойҷон), «Ҷамоати исломии Покистон» (Покистон), «Ихвон-ул-муслимин», «Озодӣ», «Ал нур» (Миср) ва ғ.

Бо Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 ҲНИТ ҳизби экстремистӣ эълон гашта, фаъолияташ дар қаламрави ҷумҳурӣ қатъ карда шудааст.

Аз ин рӯ, тағйироти мазкур хеле бамаврид буда, ба нигоҳ доштани ягонагӣ ва бехатарии давлат нигаронида шудааст.

Дар охир, гуфтаниам, ки Конститутсия ҳуҷҷати олии сиёсӣ ва ҳуқуқӣ буда, дар давраҳои дигаргунсозиҳои куллии ҷомеа бо мақсади таъмини гузариши ҳаёти ҷамъиятӣ аз як марҳала ба марҳалаи сифатан нави инкишофи таърихӣ қабул мешавад.

Таърихи давлати навини тоҷикон нишон медиҳад, ки мо аз соли 1929 то соли 1977 ҳангоми дар ҳайати давлати абарқудрати СССР будан дар марҳалаҳои гуногуни рушди ҷомеа 4 маротиба Конститутсияро дар таҳрири нав қабул карда, рушди ҷомеаро таъмин намудем.

Ё худ, мисол мегирем ИМА-ро, ки давлати аз ҳама демократитарин ва пешрафтаи дунё ба ҳисоб рафта, бо он Конститутсияе, ки соли 1789 қабул карда буд, ба ин дараҷаи тараққиёт нарасида, балки ба Конститутсияи имрӯз амалкунандааш беш аз 20 маротиба тағйироту иловаҳо ворид кардааст.

Ҳамаи ин тағйироту иловаҳо дар натиҷа ба нафъи халқу давлати Амрико гаштааст, ки ниҳояти онро имрӯз мову шумо дида истодаем.

Ёд дорам, ки баъди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо семинари байналмилалӣ дар мавзӯи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳҳои татбиқи он» баргузор гардид, ки дар он яке аз муаллифони Конститутсия А.Достиев баён карда буд: "Конститутсияе, ки тарақиёти ҷамъиятиро ба зарурияти ба он даровардани тағйиротҳои боз ҳам демократитар овардааст ва онҳо ҳамватанони моро боз ҳам озодтару хушбахттар месозад, Конститутсияи хуб аст".

Тибқи талаботи моддаи 6-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсӣ ва интихобот аст.

Аз ин рӯ, аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ хоҳиш дорам, ки аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ истифода бурда, рӯзи 22-юми май дар раъйпурсии умумихалқӣ иштирок карда, саҳми худро дар пешрафти давлатамон гузоранд.

Сайдалӣ Сироҷиддин САЙВАЛӢ,
раиси Суди шаҳри Қӯрғонтеппа



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«Рушди устувори ҷомеа тақозо менамояд, ки меъёрҳои Конститутсия такмил дода ...

«Рушди устувори ҷомеа тақозо менамояд, ки меъёрҳои Конститутсия такмил дода ...

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда ба Конститутсия саривақтист

Тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда ба Конститутсия саривақтист

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Б. Сафаров: “Сухани охиринро халқи Тоҷикистон мегӯяд”

Б. Сафаров: “Сухани охиринро халқи Тоҷикистон мегӯяд”

Сиёсат, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Вожаи «Сарқонун» аз ном ва матни Конститутсия ихроҷ хоҳад шуд (видео)

Вожаи «Сарқонун» аз ном ва матни Конститутсия ихроҷ хоҳад шуд (видео)

Сиёсат, Хабарҳо, Матолиби чандрасонаӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР
Суди конститутсионӣ мувофиқати лоиҳаи тағйиру иловаҳои воридшаванда ба Конс ...

Суди конститутсионӣ мувофиқати лоиҳаи тағйиру иловаҳои воридшаванда ба Конс ...

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният