Дар як сатр
» » Кӯдакони замони ҷанг заҳматкашу ватандӯст буданд…

Кӯдакони замони ҷанг заҳматкашу ватандӯст буданд…

9-05-2016, 14:19

Кӯдакони замони ҷанг заҳматкашу ватандӯст буданд…


Бачагиям бекасу танҳо гузашт,
Бо дарав, бо хӯшачиниҳо гузашт…


Кӯдаконе, ки дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба воя ра¬сидаанд, кӯдакони аз муҳаббати падару бародар маҳрум буданд. Онҳо хушбахтии дар оилаи пурра зистанро намедонистанд, танҳо бо муҳаббати модарон зиндагӣ мекарданд. Кӯдакони замони ҷанг кӯдаконе буданд, ки ба қавле хо¬машон пухта шуда буд ба ҳама сахтию пастиҳои зиндагӣ. Даврони наврасии кӯдакони замони ҷанг дар нуқтаҳои дилхушии кӯдакона ва боғчаву мактабҳои замонавӣ нагузашта буд. Баръакс, онҳо ёрирасони модару хоҳарони хеш дар ақибгоҳ буданд. Устухони онҳо аз овони наврасӣ ба заҳматкашиданҳо тобовар шуда буд. Орзуи кӯдакони замони ҷанг бо бозиҳои кӯдакона амалӣ намегардид. Онҳо дар ғами як бурда нон зери офтоби сӯзон рӯйи замин заҳмат мекашиданд. Аммо бар замми ин, онҳо нафарони меҳнатқарину ватандӯст ба воя расида буданд. Ҳамаи ин аз тарбияи дуруст ва ободии оилаҳои бобоёнамон дарак медод. Онҳо дар зиндагӣ мардони соҳибиззат, ба қадри як пора нон мерасидагӣ ва эҳтироми хурду калонро ба ҷо меовардагӣ муаррифӣ шудаанд. Зеро онҳо аз ҳар як лаҳзаи зиндагии замони наврасӣ сабақ гирифта буданд.

Ҳарчанд ҷанг аз Тоҷикистон хеле дур буд, вале таъсири он дар ҳама ҷо ва дар ҳар як хонавода эҳсос мегардид. Бо вуҷуди тамоми мушкилоту маҳрумиятҳо, мардум дар он замон бо шиори «ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои ғалаба» заҳмат мекашид. Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар яке аз паёмҳои табрикиаш ба ифтихори Рӯзи Ғалаба ба саҳми қобили мулоҳизаи занон ва наврасони кишвар дар мубориза алайҳи адӯ ва пирӯзии артиши Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ таъкид карда, гуфтааст: «Агар дар солҳои ҷанг ақибгоҳи мустаҳкаму тавоно намебуд ва фидокориву қаҳрамониҳои меҳнатии заҳматкашон намешуд, ҳаргиз мо ба ғалаба намерасидем. Қувваи асосии корӣ дар ақибгоҳ занону наврасон ва пиронсолон буданд. Онҳо, сарфи назар аз шароити сангини замони ҷанг, супоришҳои давлатиро барзиёд иҷро мекарданд. Худ гуруснаву бараҳна буданд, вале ба хотири таъмини ғалаба ва ояндаи нек ҳамаи дороиашонро ба ҷабҳа мефиристоданд».

Дар ҳақиқат, ғалабаи беназир бар фашизм натанҳо ба ивази корнамоиҳои бемислу монанд, ҷасорату далерӣ ва шуҷоату мардонагии артиши Шӯравӣ ба даст омадааст, балки дар таъмини ин пирӯзӣ саҳми артиши бузурги занон ва наврасон дар ақибгоҳ бориз аст. Қиссаҳои бобоҳою бибиҳои ҳоло беш аз 80-солаамонро, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ақибгоҳ қаҳрамонона меҳнат кардаанд, агар бишнавем, онҳо барои таъминоти фронт, барои падарону бародароне, ки ба ҳимояи ватан рафта буданд, бо пушти сар намудани чи сахтиҳое кор мекарданд.

- Раҳнамои зиндагии мо суханони модарони пурсабру оқиламон буд, - мегӯянд кӯдакони замони ҷанг. – Албатта занҳо буданд, ки тавонистанд фарзандони хешро ба ҳалолкорию меҳнатдӯстӣ талқин намоянд. Дар солҳои пуризтироби Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз деҳоти кишвар аксари мардуми ҷавону миёнасол ба фронт рафтанд. Дар колхозҳо асосан занон ва мардони пиронсолу бачагони хурдсол монданд. Ва маҳз ҳаминҳо колхозҳоро, умуман истеҳсолоти кишоварзиро идора мекарданд. Солҳои хеле мушкил буд, аммо мардонагию ҷасорати беҳамтои онон дар он солҳои мушкил колхозҳоро аз фаношавӣ боздошт.

Албатта, занони он давр тавонистанд, ки бо муҳаббати саршори хеш фарзандонро ба ояндаашон дилгарм созанд. Бале, занони он давр номуси занона доштанд, онҳо ба ҳама сахтию пастиҳои зиндагӣ тоб оварда, ба хотири шавҳарони қаҳрамонашон дар назди фарзандон ҳам модар буданду ҳам падар. Онҳо ҳамзамон пешбурди кори колхозҳоро ба уҳда доштанд ва колхозҳо ба фронт кӯмаки имконпазир расонда, дар ғалабаи ҷанговарони шӯравӣ саҳми босазои худро расонданд.

Бобои Шарифи 83-сола баробари ба ёд овардани даврони кӯдакӣ ашк дар чашмонаш ҳалқа мезанад. «Духтарам, вақте падари ман ба ҷанг рафта буд, 9-сола будам, дигар бародару хоҳаронам аз ман ҳам хурдтар буданд. Модарам азбаски субҳ ба саҳро мерафт, шабҳо ба роҳат хоб рафта наметавонист. Назди чароғ либосҳои даридаи ману ду бародар ва ду хоҳарамро дарбеҳ мекард. Мо имкони либоси нав хариданро надоштем. Ҳатто сару либоси мо алоҳида ҳам набуд, бонавбат ва ба касе чизе рост меомад, мепӯшидем. Дастурхони наҳории мо бо ҳасибу қаймоқ, тухму мураббо ва дигар ғизоҳои хушхӯри субҳона оро дода намешуд. Мо бо дидани як нони гарми ҷавин дар рӯйи дастурхон хурсанд мешудем. Зеро ҳар гоҳе дилат мехост, наметавонистӣ нонро фаровон тановул намоӣ. Болои ҳама мушкилиҳо он солҳо бемории вабо хуруҷ карда буд ва мо ҳам дар баробари дигарон як бародару як хоҳарамро аз даст додем. Ёд дорам, ки ҳангоми бемор будани онҳо дору он тараф истад, ҳатто ягон ғизои хуб ҳам набуд, ки онҳо истеъмол намоянд. Дар фасли баҳор хӯроки асосии мо алафҷӯшак буд. Аммо мо, ки чизи хубро надида будем, ба ҳамон ҳам қаноат мекардем», - нақл мекунад бобои Шариф.

Ҳар гоҳе, ки ӯ ба давутоз, беғамию хурсандии набераю абераҳояш менагирад, айёми кӯдакиаш ба ёд меояд. «Ҳар вақт, ки ба сари дастурхон дар ҳалқаи фарзандон менишинаму рӯйи дастурхон нонро фаровону ҳама нозу неъмати дунёро мебинам, шукр мегӯям аз соҳибистиқлолии кишвар ва нон дар гулӯям дар мемонад. Зеро модарам ба хотири мо ҳатто ҳамон нони ҷавину кунҷораро ҳам намехӯрд, ба он хотир, ки мо нимсер шавему зинда монем. Мо имрӯз бояд шукргузор бошем, зеро кӯдаке аз бенавотарин оила баробари кӯдакони он давр ранҷу азоби гуруснагӣ намекашад. Бозию дилхушӣ ҳам ба кӯдак бо шиками сер ва табъи хуш мефорад. Яъне табъи хуш ҳам аз фазои солими оила ва сарҷамъии он вобастагӣ дорад. Мо, ки ҳамеша дар фикри як бурда нон будему роҳи падарро интизор, ба диламон на бозӣ меғунҷиду на шӯхӣ. Деҳае, ки зиндагӣ мекардем, қариб мо ҳама кӯдакон ҳамтақдир будем», - хулоса кард бобои Шариф.

Дар воқеъ, ҷанги дуюми ҷаҳон яке аз мудҳиштарин фоҷеаҳои башарият буд, ки дар рафти он дар қатори дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ Тоҷикистон низ бо маҳрумияту машаққатҳои зиёд рӯ ба рӯ гардид ва талафоти гарон дод.

Нуҳуми майи соли 1945 дар таърихи мардуми сулҳпарвару озодихоҳи тоҷик ҳамчун натиҷаи корнамоиҳои беназир ҳам дар ҷабҳаи набард ва ҳам дар ақибгоҳ арзёбӣ мегардад. Зеро хурду бузурги кишвар ба хотири ҳифзи Ватан ва таъмини ҳарчи зудтари пирӯзӣ дар ҷанг қаҳрамониҳои бемислу монандеро нишон доданд. Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон барҳақ гуфтааст: «Корномаву диловарии фарзандони баору номуси он солҳо намунаи ибрати наслҳои зиёди имрӯзаву оянда хоҳад буд. Омӯзиши таҷрибаи зиндагӣ, маслиҳату машваратҳои муфид, кору пайкор ва зиндагиву фаъолияти собиқадорони ҷангу меҳнат ба наслҳои имрӯзу фардои халқи тоҷик барои эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва пешрафта ҳамеша дастури зиндагиву фаъолият мебошад».

Нақши фарзандони далеру ғамхори халқамон, яъне онҳое, ки дар он солҳои мудҳиш ба хотири сулҳу оромӣ сина сипар кардаанд ва занону наврасоне, ки ҳама сахтиҳои замони ҷангро таҳаммул намуда, аз ақибгоҳ истода фронтро бо маводи озуқа, либосворӣ ва дигар лавозимот таъмин менамуданд, имрӯз ҳам дар густариши ҳисси ватандӯстӣ, баланд бардоштани масъулиятшиносии ҷавонон нисбат ба ҳифзи марзу буми Ватан бисёр муҳиму арзишманд аст.

Ҳангомаи ИСМАТ,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Собиқадори ҶБВ М. Ҳамроев: лейтенант ва профессор

Собиқадори ҶБВ М. Ҳамроев: лейтенант ва профессор

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Матолиби чандрасонаӣ
Д. Гулмаҳмадзода: «Халқи тоҷик дар таъмини Ғалабаи Бузург бар фашизм саҳми  ...

Д. Гулмаҳмадзода: «Халқи тоҷик дар таъмини Ғалабаи Бузург бар фашизм саҳми ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Ҳуқуқу амният
Шоҳиди ду ҷанг: ба қадри сулҳ бояд расид!

Шоҳиди ду ҷанг: ба қадри сулҳ бояд расид!

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
Кӯдакони замони ҷанг чӣ орзу доштанд?

Кӯдакони замони ҷанг чӣ орзу доштанд?

Ҳуқуқу амният, Ҷавонон ва варзиш
Саҳми тоҷикистониҳо дар ғалаба бузург аст

Саҳми тоҷикистониҳо дар ғалаба бузург аст

Ҳаёти иҷтимоӣ, Ҳуқуқу амният