Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Раиси вилоят сарбозону меҳтаронро бо Соли нав табрик гуфт


Раиси вилоят сарбозону меҳтаронро бо Соли нав табрик гуфт



Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода баҳри дар амал татбиқ намудани ҳидоятҳои Пешвои миллат, ки дар Паёми навбатиашон баён гардид, бо мақсади таҳният гуфтани сарбозони қисмҳои низомӣ, афроди ниёзманд ва собиқадорони меҳнат ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ ба аёдати онҳо рафт.
 
АЁДАТИ САРБОЗОНИ ҚИСМҲОИ НИЗОМӢ
 
Зимни сафари корӣ раиси вилоят нахуст аз шароити буду боши сарбзону афсарони қисми низомии 07017-и Вазорати мудофиа дидан кард. Қайд гардид, ки имрӯзҳо пояи моддию техникии қисмҳои ҳарбӣ такомул ёфта, сарбозон бо шароити хуби хизмат ва истиқомат дар қисмҳои ҳарбӣ таъмин гаштаанд. Тамоми намудҳои техникаи ҳозиразамони ҷангӣ арзи вуҷуд дошта, сарбозону афсарон машқҳои тактикии худро бо истифодаи онҳо ва дониши хуби ҳарбӣ мегузаронанд.
 
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода аз шароити хизмати сарбозон, фаъолияти афсарон, муносибати онҳо бо волидайну омӯзишу сайқали маҳорати сарбозон пурсон гардида, аз тартибу низом ва нигаҳдории онҳо изҳори қаноатмандӣ намуд.
 
Ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки имрӯзҳо дар қисмҳои низомӣ ба таълиму тарбия ва касбомузии сарбозон диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, онҳоро ба омӯзиши ҳунарҳои сартарошӣ, дӯхтани пойафзол, тарзи дуруст дарзмол кардани либоси низомӣ ва нонпазию омодасозии таом фаро мегиранд. Сарбозон зимни суҳбат бо раиси вилоят бо ҳисси ифтихору рӯҳбаландӣ хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатро барои худ шараф хонданд ва аз ҷавонмардони бонангу номуси Ватан даъват ба амал оварданд, ки қарзи фарзандии худро адо намоянд.
 
Раиси вилояти Хатлон ва раиси ноҳияи Кӯшониён барои сарбозони қисми низомӣ ба андозаи як тонна пиёз, як тонна картошка, як тонна сабзӣ, биринҷ, гӯшт, маҳсулоти макаронӣ, бодирингу помидор, мевагиҳои гуногун оварданд. Сипас, бо иштироки васеи сарбозону афсарон ва фарзандони онҳо ҷамъомад доир гардид. Раиси вилоят Курбон Хакимзода кулли хизматчиёни ҳарбиро бо фаро расидани соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфта, ба ҷавонони ҷасуру далери ватан хизмати софдилона ва комёбию бурдборӣ таманно намуд.
 
Ҳунармандони ансамбли вилоятии фолклорӣэтнографии “Хутал” бо суруду таронаҳои тараннумгари Ватан хотири сарбозону аскаронро болида гардониданд.
 
АЁДАТИ ПИРОНСОЛОНУ МАЪЮБОН
 
Сафари кории раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар ноҳияи Кӯшониён бо аёдати бошандагони муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии тавонбахшӣ ва будубоши доимии пиронсолон ва маъюбон идома ёфт.
 
Дар назди бошандагони ин муассиса раиси вилоят дар бораи ғамхориҳои ҳамешагии давлату Ҳукумати Тоҷикистон, хоса Сарвари давлат, андешаронӣ карда, кумакҳои доимӣ ва яквақтаи шахсони саховатпешаю роҳбарони ташкилоту муасисаҳоро пайи иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат нек арзёбӣ дошт. Барои истиқоматкунандагони ин муассиса дастархони идона ороста, туҳфаҳои хотиравӣ ва либоси гарми зимистона тақдим намуданд. Ҳангоми боздид ва шиносоӣ аз шароити зиндагии бошандагон маълум гардид, ки онҳо бо ҷойи хоби муносиб, хонаи алоҳида, шароити хуби зиндагӣ таъмин мебошанд. Чанде аз пиронсолони яккаву танҳо дар ин муасиса ҷуфти худро пайдо намуда, оила барпо кардаанд ва ҳоло зиндагии аҳлонаву осударо идома медиҳанд.
 
АЁДАТ И МЕҲТАР ОНИ МЕҲНАТ
 
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар ноҳияи Кӯшониён барои ҳолпурсӣ ба хонаи собиқадори меҳнат, сокини деҳаи “Озодии меҳнат” Маҳмадалӣ Насруллоев ташриф овард. Маҳмадалӣ Насруллоев тайи солиёни зиёд дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ, давлатию ҷамъиятӣ фаъолияти пурсамар карда, имрӯз миёни пайвандону аҳли хонавода давлати пирӣ меронад. Ӯ гуфт, ки имрӯзҳо дар заминҳои наздиҳавлигиаш кишти зироати гуногунро мегузаронад ва ҳосили хуб ба даст меорад.
 
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар шаҳри Бохтар низ ба аёдати якчанд собиқадори меҳнат омад. Омӯзгори собиқадор Гулғунча Ёрасенова яке аз онҳо буд. Аълочии маорифи Тоҷикистон Г. Ёрасенова зодаи ноҳияи Ишкошим буда, бо амри тақдир дар вилояти мо муқимӣ шудааст ва беш аз 50 сол боз дар рушду нумӯи соҳаи маориф саҳмгузор мебошад. Имрӯз шогирдони ин устод дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат кору пайкор доранд. Новобаста ба синну сол ин омӯзгори пурмаҳсул хастагӣ эҳсос накарда, баҳри таълиму тарбияи насли ояндасози ҷомеа қувваю ғайрати худро дареғ намедорад.
 
Ба ин зани меҳнатӣ аз ҷониби раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода кумаки яквақтаина ва ширинию туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
 
Нафари дигаре, ки мавриди таваҷҷуҳи роҳбари вилоят қарор гирифт, табиби ҳозиқ, ҷарроҳи шинохта, Аълочии тандурустӣ ва Корманди шоистаи Тоҷикистон Иноят Муродов буд. Дар ҳақиқат, солҳои зиёд дар барқарор ва ҳифз намудани саломатии аҳли ҷомеа заҳмати шабонарӯзӣ кашида, то имрӯз ҳам корро дар беморхонаи шаҳри Бохтар идома медиҳад.
 
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни суҳбат бо собиқадорон қайд кард, ки ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, ғамхорӣ дар ҳаққи собиқадорону ашхоси хизматнишондода дар мадди назари Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қарор дошта, меҳнати софдилонаи онҳоро ҳамаҷониба қадр менамояд.
 
Ба ҳамаи меҳтарони меҳнат барои хизмати бисёрсолаи бенуқсонашон арзи сипосу миннатдорӣ намуда, онҳоро ба муносибати фарорасии Соли нави 2022 табрику таҳният гуфт ва саломатии бардавому осоиши умр таманно кард.
 
Н. Маъмурзода,
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода