Дар як сатр
» » «Хонаи адибони Фархор» 10 сола шуд

«Хонаи адибони Фархор» 10 сола шуд

12-04-2016, 08:39

«Хонаи адибони Фархор» 10 сола шуд

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор дар доираи нақша-чорабиниҳои таҳрезинамудаи худ, оид ба ифтихори 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки адибони шинохтаи кишвару аҳли қалами ноҳия 10 солагии таъсиси «Хонаи адибони Фархор»-ро таҷлил намуд. Иштирокчиёни ҷамъомад бо сарварии раиси ноҳия Раъно Раҳимзода ба хонаи адибон, ки он дар бинои тозасохту хуштарҳи китобхонаи марказӣ қарор дорад, ташриф оварда, ба фаъолияти ин боргоҳи сухан аз наздик ошно гардиданд. Сипас иштирокчиён ба хотири эҳтирому садоқати миллӣ, дар пояи муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ гулгузорӣ намуданд.

Вобаста ба ин муносибат дар толори қасри фарҳанги ноҳия ҷамъомади бошукӯҳу хотирнишин баргузор гардид. Раиси ноҳия Раъно Раҳимзода дар сухани табрикии худ изҳор намуд, ки соли 2006 бо назардошти вазъи ба миён омадаи фарҳангӣ, ба хусус бо дастгирию кӯмаки молии раиси онвақтаи ноҳия Ғуломалӣ Бояков «Хонаи адибони Фархор» таъсис дода шуд. Дар ин давра аз ҷониби қаламкашони ноҳия ва зодагони он дар жанрҳои гуногун 36 номгӯи китоб рӯи чоп омад, ки қомусномаи «Фархор», «Фархориён», «Фархор, фарзандони ту», «Бонувони Фархор», «Гаҳвораи маърифат», «Чордодарон», «Армуғони Фархор» аз ҷумлаи он китобҳоеанд, ки ба таърихи гузаштаву имрӯзаи Фархори бостонӣ бахшида шудаанд. Айни ҳол қомусномаи «Фархор» бо таҳриру иловаҳои нав омодаи чоп аст. Ва дар ин муддат чанд нафар қаламкашони «Хонаи адибони Фархор» аъзои Итифоқи нависандагони Тоҷикистон гардиданд,- иброз намуд дар баёни андешаҳои хеш Р.Раҳмизода.

Соҳибкор Ғуломалӣ Бояков дар баробари суханҳои табрикии худ, пешниҳод намуд, ки «Хонаи адибони Фархор» ба расмият шинохта шавад ва китоби «Армуғони Фархор» ниёз ба таҳриру чопи нав дорад. Дар сурати ба нашр омода гардидани китоби мазкур, банда метавонад, ки масрафи онро пардохт намояд,- гуфтанд Ғ. Бояков. Ва мавсуф дар поёнии баромади худ ба «Хонаи адибони Фархор» компютер ва телевизион тӯҳфа намуд.

Раиси минтақавии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоири Халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб дар анҷоми суханрониҳои табрикиаш «Сипоснома»-и ба унвони «Хонаи адибони Фархор» ирсол намудаи Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро қироат карда, онро ба масъули он Бурҳониддини Усмон тақдим карданд.

Шоири хушбаён Алимуҳаммад Муродӣ аз ҳамкориҳои эҷодиаш бо қаламкашони фархорӣ изҳори қаноатмандӣ карда, арз намуд, ки бо ташаббус ва дастгирии «Хонаи адибони Фархор» чанд китоби ӯ рӯи чоп омада, дар ҳудуди Фархори адибдӯст шабҳои эҷодиаш дар сатҳи баланд баргузор гардиданд.

Рӯзноманигор Аскар Абдусамадов баъд аз суханрониҳои табрикии хеш, ба як қаттор аъзоёни «Хонаи адибони Фархор» шаҳодатнома ва нишони сарисинагии «Аълочии матбуоти Тоҷикистон»-ро супурда, ба ҳамкасбони худ бурдбориҳои эҷодӣ таманно намуданд.

Масъулону аъзоёни «Хонаи адибони Фархор» Бурҳониддини Усмон, Аскар Абдусамадов, Эмомалӣ Нуралӣ, Ҳабибулло Афзалов, Файзулло Ҳалимов, Зебониссо Раҳимова, Акрам Бойматзода, Шариф Асозода, Ҳасан Бобоев, Эргаши Хоркаш, Раҷабалӣ Ҷалилов ва дигарон бо «Сипоснома» -ҳову тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ гардиданд.

Ҳунармандони шуъбаи фарҳанг ва хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия аз эҷодиёти аъзоёни «Хонаи адибони Фархор» намунаҳо рӯи саҳна оварда, шеъру порчаҳои насрӣ қироат карданд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор дар доираи нақша-чорабиниҳои таҳрезинамудаи худ, оид ба ифтихори 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки адибони шинохтаи кишвару аҳли қалами ноҳия 10 солагии таъсиси «Хонаи адибони Фархор»-ро таҷлил намуд. Иштирокчиёни ҷамъомад бо сарварии раиси ноҳия Раъно Раҳимзода ба хонаи адибон, ки он дар бинои тозасохту хуштарҳи китобхонаи марказӣ қарор дорад, ташриф оварда, ба фаъолияти ин боргоҳи сухан аз наздик ошно гардиданд. Сипас иштирокчиён ба хотири эҳтирому садоқати миллӣ, дар пояи муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ гулгузорӣ намуданд.

Вобаста ба ин муносибат дар толори қасри фарҳанги ноҳия ҷамъомади бошукӯҳу хотирнишин баргузор гардид. Раиси ноҳия Раъно Раҳимзода дар сухани табрикии худ изҳор намуд, ки соли 2006 бо назардошти вазъи ба миён омадаи фарҳангӣ, ба хусус бо дастгирию кӯмаки молии раиси онвақтаи ноҳия Ғуломалӣ Бояков «Хонаи адибони Фархор» таъсис дода шуд. Дар ин давра аз ҷониби қаламкашони ноҳия ва зодагони он дар жанрҳои гуногун 36 номгӯи китоб рӯи чоп омад, ки қомусномаи «Фархор», «Фархориён», «Фархор, фарзандони ту», «Бонувони Фархор», «Гаҳвораи маърифат», «Чордодарон», «Армуғони Фархор» аз ҷумлаи он китобҳоеанд, ки ба таърихи гузаштаву имрӯзаи Фархори бостонӣ бахшида шудаанд. Айни ҳол қомусномаи «Фархор» бо таҳриру иловаҳои нав омодаи чоп аст. Ва дар ин муддат чанд нафар қаламкашони «Хонаи адибони Фархор» аъзои Итифоқи нависандагони Тоҷикистон гардиданд,- иброз намуд дар баёни андешаҳои хеш Р. Раҳмизода.

Соҳибкор Ғуломалӣ Бояков дар баробари суханҳои табрикии худ, пешниҳод намуд, ки «Хонаи адибони Фархор» ба расмият шинохта шавад ва китоби «Армуғони Фархор» ниёз ба таҳриру чопи нав дорад. Дар сурати ба нашр омода гардидани китоби мазкур, банда метавонад, ки масрафи онро пардохт намояд,- гуфтанд Ғ. Бояков. Ва мавсуф дар поёнии баромади худ ба «Хонаи адибони Фархор» компютер ва телевизион тӯҳфа намуд.

Раиси минтақавии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоири Халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб дар анҷоми суханрониҳои табрикиаш «Сипоснома»-и ба унвони «Хонаи адибони Фархор» ирсол намудаи Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро қироат карда, онро ба масъули он Бурҳониддини Усмон тақдим карданд.

Шоири хушбаён Алимуҳаммад Муродӣ аз ҳамкориҳои эҷодиаш бо қаламкашони фархорӣ изҳори қаноатмандӣ карда, арз намуд, ки бо ташаббус ва дастгирии «Хонаи адибони Фархор» чанд китоби ӯ рӯи чоп омада, дар ҳудуди Фархори адибдӯст шабҳои эҷодиаш дар сатҳи баланд баргузор гардиданд.

Рӯзноманигор Аскар Абдусамадов баъд аз суханрониҳои табрикии хеш, ба як қаттор аъзоёни «Хонаи адибони Фархор» шаҳодатнома ва нишони сарисинагии «Аълочии матбуоти Тоҷикистон»-ро супурда, ба ҳамкасбони худ бурдбориҳои эҷодӣ таманно намуданд.

Масъулону аъзоёни «Хонаи адибони Фархор» Бурҳониддини Усмон, Аскар Абдусамадов, Эмомалӣ Нуралӣ, Ҳабибулло Афзалов, Файзулло Ҳалимов, Зебониссо Раҳимова, Акрам Бойматзода, Шариф Асозода, Ҳасан Бобоев, Эргаши Хоркаш, Раҷабалӣ Ҷалилов ва дигарон бо «Сипоснома»-ҳову тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ гардиданд.

Ҳунармандони шуъбаи фарҳанг ва хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия аз эҷодиёти аъзоёни «Хонаи адибони Фархор» намунаҳо рӯи саҳна оварда, шеъру порчаҳои насрӣ қироат карданд.

Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Саҳми соҳибкорон дар рушди муассисаҳои томактабӣ

Хабарҳо, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Тавлиди боз як сегоник дар Фархор (аксҳо)

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Матолиби чандрасонаӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ифтитоҳи филиали Бемористони «Ибни Сино» дар ноҳияи Фархор

Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Бунёди Чойхонаи миллӣ ва бунгоҳи тиббӣ дар Фархор

Хабарҳо
Беҳсозии шароити хонаи бачагон дар Фархор

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология