Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » «Эъҷози Истиқлол» ба нашр расид


«Эъҷози Истиқлол» ба нашр расид



Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати эҷодии идораи рӯзномаи “Хатлон” китоби “Эъҷози Истиқлол”- ро ба табъ расонид.

 Дар маҷмӯаи мазкур 30 мақолаи аҳли эҷоди рӯзномаи вилоятии “Хатлон” ба муносибати Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъоварӣ шудаанд. Матолиби мазкур ба мавзӯъҳои  Истиқлол, Ватан, сулҳу амният, нақши Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ифтихори ватандорӣ, арзишҳои миллию давлатдорӣ бахшида шуда, ҳамзамон, дастовардҳои муҳимтарини даврони Истиқлолро бозтоб медиҳанд.
 
Китоби “Эъҷози Истиқлол” бо теъдоди 300 нусха дар матбааи ҶДММ “Ношир-С” ба нашр расида, ҳамчун армуғони ҷашнӣ ба оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.
 
Фирдавс УМАРОВ, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода