Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Кишвари ободу озод дорем


Кишвари ободу озод дорем



-мегӯяд Чоршанбе Ғафуров, раиси Шӯрои меҳтарони ҷангу меҳнати ноҳияи Ёвон

Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон (санаи 27 июни соли 1997) қуллаи баланди гуфтушунид байни тоҷикон дар раванди ба даст овардани сулҳи сартосарӣ ва комёбии бемисли мардуми Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ин рӯйдоди таърихӣ заминаи устувори корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ дар миқёси кишвар гардида, нақшаҳои нав ба нав баҳри пешрафт ва ободии Ватанро ба миён овард.
 
Дар он солҳо ба мақсади ин ҳадафҳои неку наҷиб Шӯрои собиқадарони Тоҷикистон фаъолияти худро боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ монда, дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ба тарбияи ҷавонон ҷиддан машғул гардиданд.
 
Аз рӯзҳои нахустини масъулият гирифтани Шӯро дар ноҳияи Ёвон бо ташкилу гузаронидани чорабиниҳо баҳри мустаҳкамшавии дӯстии халқҳо, дар ниҳоди мардум, бахусус насли ҷавон, парваридани ҳисси ифтихори миллию хештаншиносӣ корҳои зиёдеро ба иҷро расонид. Ба ин мақсад мардуми ноҳия дар фазои сулҳу осоиштагӣ баҳри ба даст овардани натиҷаҳои беҳтарин сайъю кӯшиш ба харҷ доданд.
 
Аъзои Шӯро тайи солҳои охир дар мулоқоту вохӯриҳо бо аҳли меҳнат ва дар маҳалҳо бо кулли сокинон оид ба мавзуъҳои мубрами рӯз: ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, ифтихори милливу худшиносӣ баромад менамоянд.
 
Имрӯзҳо боварии шаҳрвандони мо ба ояндаи неки кишвар, сулҳу ваҳдат ва рушди иҷтимоию иқтисодӣ қавӣ гардидааст. Ҳамаи ин гуфтаҳоро мо бори дигар зимни суҳбату мулоқоти хеш бо мардум хуб эҳсос кардем. 
 
Бо мақсади идомаи анъанаҳои неки гузаштагон, боз ҳам мустаҳкам намудани дӯстиву рафоқати миллатҳои маскуни ноҳия аъзои Шӯрои меҳтарони ҷангу меҳнат тадбирҳои судманд меандешанд.
 
Чандест ба истиқболи ҷашни Ваҳдати миллӣ вохӯрии собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия бо ҷавонон, толибилмон ва сокинони ноҳия дар мавзуъҳои арзишманди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ тарбия кардани насли ҷавон, ҳифзу муқаддас донистани арзишҳои миллӣ, ки дар он ваҳдату ризоияти миллӣ ҳамчун дастоварди нодиртарини мардуми Тоҷикистон маънидод шудааст, доир карда мешавад. Дар ин ҷамъомадҳои муфид бори дигар таъкид карда мешавад, ки ҳамаи корҳои баанҷомрасида самараи сулҳу ваҳдати миллист, ки имрӯз мардуми ноҳияро ба корнамоиҳои нав ба нави меҳнатӣ баҳри ободию шукуфоии кишварамон руҳбаланд месозад.
 
Ҳамин тавр, собиқадоронпирони рӯзгордидаю талхию шириниҳои ҳаётро чашида, ки дар фазои осудагию осоиштагии кишвар ба сар мебаранд, аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар оянда низ баҳри рушди бонизоми соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи кишвар, таҳкими ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона саҳми арзанда хоҳанд гузошт.
Омодасоз
И. ҲАСАНОВ 
27 июни соли 2013. №25 (2918)

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода