Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Кӣ будани зани роҳбарро ҳама медонад. Зани муваффақу кордон, ки сарварии корхона, муассиса ва ташкилотеро ба уҳда дорад. Зани боҷасорату боирода, мутахассиси касби хеш. Дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон чунин занҳо зиёданд. Таваҷҷуҳи давлат ба боло бурдани мақоми занон, модарон бармало эҳсос мешавад.
Дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ бонувон саҳми назаррас доранд. Шумораи занони сиёсатмадору хиизматчии давлатӣ ҳам афзудааст. Зани даврони Истиқлол имкониятҳои озоди фаъолият, ташкили оила ва соҳиби ҳуқуқҳои худ мебошад. Ман ҳам яке аз ҳамон занони хушбахтам. Аз рӯйи касб кор мекунам, масъулияти ҳамсар ва модар буданро ба дӯш дорам. Аммо як чиз маро ба ташвиш меорад. Муносибати атрофиёнро намефаҳмам. Ибораҳои “зани калон”, “зани раис” маъқулам нест. Дар корхона ному насаби аслиямро донанд ҳам, дар ғайбам “зани раис” гуфтанҳояшонро мешунавам. Агар ду корманд байни худ суҳбате дошта бошанду ман вориди ҳуҷра шавам, ҳама яку якбора хомӯш мешаванд. Сир нигоҳ доштани мавзуи суҳбат аниқ аст. Чаро онҳо аз ман дарди дилашонро пинҳон медоранд, медонам.
Ман ҳамсари роҳбар! Шояд ба гӯши роҳбар нарасидани гапашонро пешгирӣ мекунанд. Онҳо намедонанд, ки мо, занон на ҳама сирри дилро ба шавҳар мегӯем. Дар суҳбат бо модару хоҳар, дугона ва ҳамсоязан гоҳо чизҳоеро муҳокима мекунем, ки ба мард гуфтани онро нораво меҳисобем. Ин шояд олами пурасрори занона бошад, ки байни худ муоширати хосса дорем.
Дар корхона натанҳо занон, кормандони мард низ баробари дидани ман авзояшон дигар шуда, аз пайи иҷрои корашон мешаванд. Шояд фикр кунанд, ки ман ба роҳбар хабар медиҳам. Гӯё ман дигар коре надошта бошам. Ин вазъият бист сол боз давом мекунад. Ба он одат карда бошам ҳам, хушоянд нест. Ҳар пагоҳӣ ба кор омода мешаваму мехоҳам, ки ҳамкоронам бо чеҳраву дили кушод бо ман муносибат дошта бошанд. Вале, афсӯс. Зани роҳбар будан чӣ кори душворе будааст. Ман дар андешаи онҳо ҳамкор не, зани «калон» ҳастам. Чаро мо муносибатамонро рӯйихотири дигарон муайян мекунем? Зан, шавҳар, писару духтари кӣ будани мо ба ин чӣ рабт дошта метавонад? Ҳатто ҷияну хешу табор, ҳамсоя будани касе бо соҳибмансабе муносибати одамонро дигар мекунад. Агар он шахс чун инсон, мутахассис ба эҳтирому эътибор лоиқ набошад ҳам, паси номи роҳбаре кибру манманӣ мекунанд. Ман боре ҳам аз мансаби касе ифтихор накардам. Ба дониши худ, маҳоратам такя намудам. Аз мавқеи касе сӯистифода накардам.
Ёд дорам. Баъди хатми донишгоҳ, зимни гирифтани диплом устоде, ки бароям панҷ сол дарс гуфта буд, бо ҳайрат аз ман пурсид, ки ман духтари кӣ ҳастам? Шояд аз ному насабам фаҳмидааст, ки падарам ҳамкурси ӯст. Ман аз ин “кашфиёт”-и дершудаи устод хурсанд будам. Хайрият, ки надониста будааст. Ҳол он ки ҳамаи саъю талошҳоямро дар таҳсил, пешравиамро ба ӯ нисбат медоданд.
Дар солҳои донишҷӯӣ мо чор нафар духтарони шаҳр дар сафи пеш будем. Бо баҳои аъло мехондем, дар корҳои ҷамъиятӣ низ фаъол будем. Дар маҳфили эҷодкорони ҷавон аввалин бор бо Анис шинос шудам. Ӯ аз ноҳияе омада буду донишҷӯи фаъол буд. Дар чорабиниҳои донишгоҳ вомехӯрдем.
Ҷавони боадаб буд. Дар озмунҳо ҳамроҳ иштирок мекардем. Дар байнамон дӯстӣ ва мусобиқа барои дониш буду халос. Баъди хатми донишгоҳ ба ҳардуямон ба як шаҳр роҳхат доданд. Ин амри тақдир буд ё тасодуф, намедонам. Дар як корхона кор кардан чун мутахассисони ҷавон осон менамуд. Ба якдигар дар иҷрои супоришҳо кумак мекардем. Баъди чанд сол маро мудири бахш гузарониданд. Анис барои бозомӯзӣ ба хориҷа рафт. Баъди бозгашт тӯйи арӯсӣ шуду мо дар ҳамин шаҳр мондем. Коллективи корхона аз одамони меҳнатдӯсту самимӣ ташкил ёфта буд. Дар ҳама шодию ғами якдигар ҳамроҳ, чорабиниҳоро якҷоя мегузаронидем. Ҳамроҳ хӯроки нисфирӯзӣ мехӯрдем. Як оилаи тифоқ будем. Ҳис намекардам, ки аз пайвандонам дур ҳастам.
Аз ҳамон рӯзе, ки Анисро директор таъин карданд, вазъият тағйир ёфт. Ҳамкорон ҳар як сухан ва рафторашонро назорат мекардагӣ шуданд. Ба қавле “субординатсия”, яъне эҳтироми мансаби баландтари ҳамкор асосӣ шуда монд. Афсӯс, ки мо мансаби инсонро аз худи ӯ боло медонем. Дигар он ҳазлу шӯхӣ ва суҳбатҳо қатъ шуданд. Бо баҳонаи кор муносибатҳо ҷиддӣ ва қариб ки идорӣ шуда монд. Зани раис буданам ба онҳо имкон намедод, ки ошкорову озод бошанду чун пештара муносибат кунанд. Байнамон ҳадди зердастиву роҳбарӣ пайдо шуд. Аз ин ҳам ман ва ҳам худашон азоб мекашанд.
Кормандон дар як сол чанд маротиба ба сафари хидматӣ мерафтанд. Анис ба ман боре ҳам пешниҳод намекард. “Агар туро фиристам, зани худашдия гуфта, гапу калоча мекунанд”, сабаб меовард вай. Вақти мукофотгириву қадрдонӣ ҳам истиҳола карда, аз рӯйхат ному насаби маро хат мезад. Ба маҷлису чорабиниҳо ҳам кормандони дигарро пешбарӣ мекард.
“Медонам, ки ту арзандаӣ, аммо илоҷ надорам. Ту зани роҳбар ҳастӣ. Одамон нодуруст фаҳмиданашон мумкин” - гӯён таскин медод Анис. Дар маҷлисҳо баромад намекардагӣ шудам. Гӯё ман овоз надоштам. Намехостам, ки ба мавқеи Анис халал расонам. Нисбат ба иҷрои кори шуъба ва кормандон камбудиҳо бошанд ҳам, эрод намегирифтам, аз гуфтани онҳо худдорӣ мекардам. Дар асл ман корманди баробарҳуқуқи корхона будам, аммо барои обруи шавҳар ҳамаи инро тоқат мекардам.
Бисёр афсӯс мехӯрдам, ки дар корхонаи дигаре кор намекунам. Боре дар бораи ин бо Анис маслиҳат кардам. Ӯ чунин ҷавоб дод: “Ту мутахассиси пешбарӣ. Ҳоло кадри хуб ёфтан хеле душвор. Ту маро дастгирӣ кун. Ба кори худат масъулият дорӣ. Ба дигарон кор нагир”. Анис як чизро намефаҳмид. Дар корхона муҳити солими боварию дастгирӣ набошад, танҳо кор кардан душвор аст. Инсон ҳамеша ба муошират ниёз дорад. Ҳар як сухани маро чун сухани роҳбар қабул кардани кормандон нодуруст аст. Ин муносибат маро асабонӣ мекунад. Охир, ман ҳам монанди онҳо як корманд, мутахассиси дипломдор ҳастам. Зани корманди масъули корхона будан магар гуноҳ аст? Мефаҳмам, занони раисоне, ки хонашин ҳастанд, инро намебинанду намедонанд. Вале ман чӣ?
Ҳар рӯз ҳамин ҳолат. Эҳтиром аст ё тамаллуқи рӯихотири роҳбар, ки пешорӯям кадом кормандро набинам, табассуми сохта дораду вонамуд мекунад, ки муносибати самимӣ дорад. Аммо дар дил чӣ андеша доштанаш бароям торик аст. Медонам, ки вақти корӣ, дақиқа ба дақиқа мегузараду ба хона мешитобам. Бо фарзандон муошират мекунаму ғубори дил мебарорам. Бо Анис дар хона дар бораи кор гап намезанем.
Ягона таскини дилам он аст, ки Анис маро мефаҳмад. Рӯзҳои истироҳат бо фарзандон ба сайру тамошо ва ба назди пайвандонамон ба меҳмонӣ меравем. Дар онҷо худро зани роҳбар ҳис намекунам. Гӯё ба фазои асли худ бармегардам. Хайрият, ки бори вазнини “зани калон” буданамро муддате фаромӯш мекунам.
Дар китобҳои таърихӣ хондаам, ки ҳамсарони сиёсатмадорону шоҳон, нобиғаҳо, адибони машҳуру олимон барои дар мақоми шуҳрат будани шавҳаронашон хизмати мондагоре доранд. Пеш аз ҳама, муҳайё кардани имконияти орому корӣ, муносибати хайрхоҳона ва ҳатто дастгириву машварати судманд мардонро комёб карда-анд. Саъдии Шерозӣ ба ин маънӣ гуфтааст:
Зани хуби фармонбари порсо,
Кунад марди дарвешро подшоҳ.
Тасаввур мекунам, ки ҳамсарони мардони мансабдори сатҳи боло чӣ масъулияте доранд. Субҳи барвақт ба кор гусело-нидан, бозгашти марди хонаро аз маҷлису сафарҳои хидматӣ интизор будан, дар набудани ӯ ба тарбияву таълими фарзандон машғул будан ва ҳамаи мушкилоти рӯзгорро ба дӯш доштан чӣ қадар сабру таҳаммул мехоҳад. Дар одобу муносибат, меҳмондориву кадбонугӣ, ҳатто либоспӯшӣ барои мардум намуна будан ҳам асосист, чунки дигар занон ба он пайравӣ мекунанд.
Як чизро дар занони роҳбарон яксон медонам. Ҳамаи онҳо эҳсоси якдигарфаҳмии ҳамсариро дар оила, садоқат ва меҳрубониро муҳим меҳисобанд. Ин пайванди оиларо мустаҳкам нигаҳ медорад ва асолати занро нишон медиҳад.
Д. Маҳкамзода,
«Хатлон»
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.