Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Никоҳи хешутаборӣ. Пайомадҳои он: кӯдакони маъюб, оилавайронӣ ва ҷудоии хешутаборӣ


Никоҳи хешутаборӣ. Пайомадҳои он: кӯдакони маъюб, оилавайронӣ ва ҷудоии хешутаборӣ




Ҳаёти  инсон  хушиву бадбахтиҳои  зиёд  дорад.  Он  довари зиндагӣ буда, инсонро сахт имтиҳон мекунад. Масалан, масъалаи издивоҷи хешутаборӣ ва оқибатҳои онро  бигирем.  Мушоҳидаю  таҷрибаи зиндагӣ  исбот  намудааст,  ки  издивоҷи хешутаборӣ ин тавлиди кӯдаки носолим, ҷангу  ҷанҷоли  зану  шавҳари  ҷавон,  парешонии  оилаҳои  ноком,  канда  гаштани риштаҳои  хешутаборӣ  (байни  бародару хоҳар,  тағою  хола,  аммаю  амак)  мебошад.  Мутаассифона,  ин  ҳама  “офатҳо” ба баъзе волидону ҷавонон сабақ нагашта, боз дунболи “пайванд”-и хешутаборӣ мераванд.  Чаро  волидон  издивоҷро  бо ҷавонписар  ё  духтари  бегона  хуш  надоранд? Мехоҳанд, ки келин ва домод танҳо аз ҷониби наздикони худ бошад?

Барои фаҳмидани сабабҳои ин масъала пурсиши журналистӣ гузаронидем, ки натиҷаи  онро  ба  хонандаи  гиромӣ  пешкаш менамоем.

Афсонаи ширин дароз нест

Тавре ки дар боло ишора рафт, зиндагӣ пур аз муаммо, таваккалу хатоҳост. Инсон баъдан ба  хотири  некӣ  кардану  пайвандии  авлоди худ коре мекунад бар зарари худ. Албатта, ин амали  таваккалиашро  тамоми  умр  бахшида наметавонад ва аз карда пушаймон мешавад. 

Чӣ илоҷ, замин сахту осмон баланд аст, табиат  қонунҳои  нонавишта  дорад  ва  одамӣ  дар хатои худу дигарон ислоҳ мешавад...

Падару  модар  аз  худ  ду  фарзанд-писар ва духтарро нишона монданд. Ду ҷигарбанд-Некрӯзу  Фаришта  баъди  реҳлати  волидон барои  якдигар  ширину  азиз  буданд.  Дар  симояшон  падару  модарро  медиданд,  дар ҳар  як  вохӯрӣ  бӯйи  волидонро  аз  ҳамдигар мебӯиданд. Ба ҳаминаш ҳам шукр мекарданд, ки танҳо нестанд ва муттакою ғамхор, мададгору меҳрубон, хабаргиру таскинбахш доранд. Ин, албатта, хушбахтии ҳар як инсон аст.

“Афсонаи  ширин  дароз  нест”,  -  мегӯянд дар халқ. Бо гузашти вақт, бо кадом як сабабе меҳру  муҳаббати  бародарию  хоҳарӣ  аз  байн рафта,  ҷойи  онро  бадбинию  номеҳрубониҳо мегирифтааст.  Муносибати  хоҳарию  бародарии Некрӯзу Фаришта хубу ширин буд, то ин рӯзе, ки ба якдигар қудо шуданд. “Қудо шудӣҷудо  шудӣ”,  гуфтани  мақоли  мардумӣ  низ ҳақиқат доштааст...

Бародару хоҳар рӯзе ба ҳам омада маслиҳат карданд, ки ба хотиРи қавӣ гардонидани риштаи хешутаборӣ қудо шаванд. Ҳарчанд фарзандон ба ин никоҳ розӣ набуданд, хоҳиши волидон зӯртар баромад, вале хурсандии онҳо дер давом накард.

Оилаи  бе  ишқу  муҳаббат  бунёдёфта мустаҳкам наомад. Онҳо бо ҳар як баҳонаи ночиз байни ҳамдигар ҷанҷол мекарданд. Келин як рӯз дар хонаи шавҳар буду ҳафтаҳо дар хонаи падар. Онҳо танҳо ба хотири хешутаборӣ таҳаммул  намуда,  бахти  хешро  дар  қафас нигоҳ медоштанд.

Ҷавонон худро таскин бахшида мегуфтанд: 

“Ҳеҷ гап не, аз сабр ғӯра ҳалво мешавад, фар-занддор шуда ба якдигар одат мекунем”.

Вале ба бахти онҳо дар оила фарзанд та-валлуд намешуд. Аз ин ҷавонон ва волидайн ғамгин  мегаштанд.  Охир  танҳо  кӯдак  оиларо нигоҳ дошта метавонад. Аммо тақдир ба онҳои ба нохуни тифлак зорро насиб нагардонд. Ин бошад, ҷавононро боз аз ҳам дур месохт, ба якдигар  меҳру  муҳаббат  пайдо  на-карданд.

Рӯзу  ҳафтаҳо,  моҳу  солҳо  гузашта, зиндагӣ барояшон маънӣ надошт. Баъди панҷ соли ҳамхонагӣ он рӯзи наҳсе, ки чашмдор буданд, расид. Оилаи ҷавон парешон шуд. Дар байни бародару хоҳар низ ҷудоӣ афтод, ҷудоии якумра. Ҳар яке фарзандони  якдигарро  дар  ҷудоӣ  гунаҳкор мекарданд,  гарчанде  дар  ҳамаи  ин худи  онҳо  гунаҳкор  буданд.  Ҳамин тавр  хатои  бародару  хоҳар  балои сарашон  шуд.  Муносибати  хешутабории онҳо сард гашт ва оқибат ду фарзанди як падар ҷудо шуда, бегона шуда монданд. Ба хонаи якдигар рафтуомадашон қатъ гашт.

Қаҳригии  онҳо  то  рӯзи  марги хоҳар идома ёфт. Бародар барои видоъ ба ягона фарзанди падарӣ дар рӯзи  ҷанозааш  рафт  ва  ин  барояш сангину нобахшиданӣ буд.

-Тағоҷон,  чаро  дер  кардед? 

Хоҳаратон  сари  бистари  беморӣ ҳар  лаҳза  роҳатонро  мепоид.  Ӯ  ноумед рафту рӯйи бародарро надида, армонҳояшро ба гӯр бурд,- гуфтани ҷиянаш қалбашро сад пора сохт.

Бо гузашти солҳо фарзандони бародару хоҳар аз оилаҳои бегона бахти худро ёфтанд. Онҳо аз издивоҷи дуюм  фарзанддор  шуданд.  Афсӯс, ки Фариштамоҳ набераҳои худро надида,  аз  олам  даргузашт.  Албатта, руҳаш аз ин бахти фарзандаш шод хоҳад шуд...

Бахт хешутаборӣ надорад

Шаҳрия мураббии кӯдакистон ва ҳам модар аст. Таҷрибаи мураббигӣ ва модарӣ ба ӯ нишон доданд, ки аксарияти фарзандони маъюб бадунёомада ва парешонии оилаҳои ҷавон дар  никоҳи  хешутаборист.  Ҳарчанд волидон  бар  он  назаранд,  ки  гӯё издивоҷи  хешутаборӣ  пайвандгари онҳост  ва  ҷавонон-оилаҳои  ҷавон ба  ҳама  мушкилоти  зиндагӣ  сабур гашта, ба оилавайронӣ намераванд, яъне ба хотири хешутаборӣ ба ҳама пастию  баландиҳои  рӯзгор  тоб  меоранд,  вале... 


Магар  зери  як  бом бо  қалби  шикаста  зиндагӣ  намуда, хотирбинӣ  кардану  умри  ширинро талх  паси  сар  намудан  хушбахтӣ аст?  Не,  албатта!  Вақте  тифлакони  маъюб  ба  дунё  меоянд,  ин  пеш аз  ҳама,  азоби  якумраи  он  кӯдакон ва  албатта,  худи  падару  модаронанд.  Уболи  чунин  фарзандон  рӯзе гунаҳкорони бахтро мегирад.

-Барои  тақвияти  андешаҳоям  як мисоле  меорам  аз  рӯзгори  сангину бадбахтии як оила,- мегӯяд Шаҳрия.- Ду бародар ба якдигар қудо шуданд. 

Фарзандон-духтару  писарро  оиладор карданд. Дар нигоҳи аввал онҳо ҷавонони  хушбахт  менамуданд. 

Аммо, дар асл ин тавр набуд. Тифли нахустин ба дунё омад. Тавлиди кӯдак  падару  модар  ва  волидайнро чандон хурсанд насохт. Ӯ, ба бахти онҳо,  маъюб  таваллуд  шуд.  Пойи равону дасти гиро надошт, ин узвҳо фаъолият  намекарданд.  Ба  замми ин гунг ҳам буд. Ҳамин тавр чор фарзанди аввал маъюб ба дунё омаданд. Онҳо бо навбат фарзандбонӣ мекарданд. Ҳоли фарзандон онҳоро афкору  қалбашонро  пурхуну  дардманд  карда  буд.  Лаб  зери  дандон монда  сабр  пеша  карданд.  Аз  гиря ашки дидагонашон хушк шудаю азоб ёрашон гашта буд.

Шаҳрия доимо худро таскин медод:  “Ба  модарон  душвор  аст  тарбияи  фарзанд,  махсусан  ба  модароне,  ки  фарзанди  маъюб  доранд. 

Аз  ин  набояд  малол  шуд,  чӣ  тавре ҳаст бояд қабул кард. Зеро онҳо низ туҳфаи илоҳианд...”. 

Ҳоло  синни  фарзандони  маъюб ба  ҷое  расидааст.  50-60-сола  шудаанд. Вале ҳоло ҳам кӯдакеро мемонанд, ки ба кумаки волидон ниёз доранд. Тарбия ва нигоҳубини чунин фарзандон кори саҳл нест, албатта. 

Чӣ чора, тақдирашон чунин будааст.

-Ин дарду ғам ва мушкилоти волидону фарзандони маъюбро дида, ғамгин  мешавам,-нақлашро  идома медиҳад  Шаҳрия.-Чаро  мегӯянд,  ки бегона (шавҳар ё зан) хотир намебинанд. Ин фикри хато аст. Охир бахт хешутаборӣ  надорад.  Бо  бегона издивоҷ карда, хешу табор мешавӣ, фарзандони  солиму  зебо  ба  дунё меояд,  ҳамзамон  байни  худиҳо  ва хешу таборӣ қавӣ мемонад.

Ҳастанд оилаҳое боникоҳи хешутаборӣ бунёдёфта, ки дар ҳақиқат хотирбинӣ намуда, зиндагӣ пеш мебаранд, ба ҳама баду неки рӯзгор сабрро пеш менамоянд.

Аммо дар ин амалҳо боз як мушкилоти  дигаре  низ  ҳаст.  Оби  дари хона  ҳам  беқадр  аст.  Пайваста  аз хушдоман  (шояд  амма  ё  холааш бошад)  таънаю  гап  мешунавад, шавҳар  низ  нисбаташ  номеҳрубон аст.

Аз  ин  рӯ,  ба  андешаи  ман  дар бунёди  оила  ихтиёрро  ба  худи ҷавонон  додан  лозим  аст.  Онҳо мустақилиятро ҳис намуда, зиндагиро  ҷараёни  тоза  мебахшанд  ва  ои-ларо нигоҳ медоранд. Ҳақ бар ҷониби Шаҳрия аст...

...Даҳонибаста

Волидон  вақте,  ки  духтарашон Дастагулро  ба  шавҳар  доданӣ  шуданд,  хоҳиши  ӯро  напурсиданд.  Бе ишқу муҳаббат ба писари амакаш ба шавҳар баромад. Шавҳар ба ӯ бахт дода натавонист. Ӯ дар хона мисли меҳмон  аст.  Субҳи  барвақт  аз  хона мебарояду  поси  шаб  аз  дар  медарояд. Баъзан кӯдаконашро панҷ рӯз намебинад.  Вақтҳои  охир  ҳамарӯза ширакайф  омада,  бо   сад   баҳона занро  зери  мушту  лагад  мегирад. 

Ҳар  гоҳе,  ки  бо  тани  кабуду  варамида  аз  хушдоман  имдод  ҷустанӣ мешавад, ӯ “зани хубро шавҳар намезанад”, мегӯяд. Болои сӯхта намакоб шавҳар зани дуюм гирифту бахт ва ҳама орзуҳояш шикаст.

Зулми шавҳар охир надошт ва рӯзе Дастагул кӯдаконашро гирифта, ба хонаи волидайн рафт. Онҳо низ сабаби омадани духтарро фаҳмида, дастгириаш накарданд. “Хотири хешутаборӣ сабр кун, оилаатро вайрон насоз, ягон рӯз ақли шавҳарат медарояду зиндагиатон хуб мешавад”, гӯён падару модар ӯро дубора ба хонаи шавҳар гуселониданд.

Дастагул дар танҳоӣ аз худ суол мекард: “Он рӯз кай мерасаду ақли шавҳарам  медарояд,  кай?”,  ҳамин тавр  хотири  хешутаборӣ  Дастагул “сар  кафад  зери  тоқӣ,  даст  сӯзад, зери остин”, гӯён бо даҳони бастаю бахти шикаста мондааст. Охир, умри ҷавонӣ мегузарад, ӯ кай хушбахтиро мебинад?

Хушбахтӣ дар дасти тақдир аст?

Розиқ  дар  оила  фарзанди  ягона аст. Хотири модари бемораш, хотири ӯ духтари холаашро ба занӣ гирифт. Ин корро бо умеде кард, ки завҷааш холаашро нигаҳбон шуда хизматашро  мекунад.  Охир  ӯ  ҷиянаш  мешавад! 

Мутаассифона,  Розиқу  модар иштибоҳ  карданд.  Ҷияни  модар шаттоҳу  эрка  баромада,  нисбати хола  нописандӣ  мекард  ва  бемории ӯ хуруҷ меёфт. Оилаи ҷавон зуд пир шуд. Баъди се соли зиндагӣ аз ҳам ҷудо гаштанд. Зани ҷавон шояд пай мебурд, ки зиндагиашон хуб намешавад,  ҳатто  таваллуд  кардан нахост.  Ин  дафъа  аз  бегонагон  зан гирифт. Соҳиби 2 фарзанди ширину дӯстрӯяк  ҳастанд.  Розиқ  акнун  бахташро ёфт. Модараш низ аз келини нав,  ки  ҳамшираи  тиббӣ  мебошаду вайро табобат менамояд, розӣ аст.

Пас, хушбахтӣ дар дести тақдир аст!

P.S.  Пас  аз  ин  дидаю шунидаҳои  хулоса  баровардам,  ки  никоҳи  хешутаборӣ як  пешомад  дорад:  ҷудоӣ  аз наздикон;  Аз  ин  рӯ,  падару модарон  пеш  аз  ин  кор  бояд сад  маротиба  андеша  намуда,  як  маротиба  қарор  қабул 
намоянд,  то  иштибоҳашон пушаймонӣ наорад...

С. Аттор, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода