Саёҳати хотирмон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 11 июл, Бахш: Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Туризм / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 270
Таътили хонандагони мактаб фаро расиду фарзандону наберагонро дар хона нигоҳубин кардан мушкил мешавад. На ҳамаи онҳо хоҳиши ба лагерҳои истироҳатӣ рафтанро доранд. На ҳар як оила имконияти ба истироҳатгоҳҳои дуртар фиристодани фарзандонашонро таъмин карда метавонад. Рухсатии аксари волидон ҳам ба ҳамин давра рост меояд. Тез-тез барои бозӣ ба кӯча баромадани онҳо, ба ҷӯйҳо рафта оббозӣ карданашон касро ба ташвиш меорад. Кӯдакон беназорат, ки монданд, ҳар воқеа шуданаш мумкин аст.
Таътили хонандагони мактаб фаро расиду фарзандону наберагонро дар хона нигоҳубин кардан мушкил мешавад. На ҳамаи онҳо хоҳиши ба лагерҳои истироҳатӣ рафтанро доранд. На ҳар як оила имконияти ба истироҳатгоҳҳои дуртар фиристодани фарзандонашонро таъмин карда метавонад. Рухсатии аксари волидон ҳам ба ҳамин давра рост меояд. Тез-тез барои бозӣ ба кӯча баромадани онҳо, ба ҷӯйҳо рафта оббозӣ карданашон касро ба ташвиш меорад. Кӯдакон беназорат, ки монданд, ҳар воқеа шуданаш мумкин аст.
-Қаҳрамони Тоҷикистон, муаллифи “Тоҷикон” аст. Китобаш дар хонаамон ҳастку,- шарҳ дод Муноҷот ба хоҳараш. Тамошокунон байни худ таассуроташонро нақл мекарданд духтаракон. Каме поёнтар бинои асосии Донишгоҳи миллӣ намудор шуд.
-Ман дар ҳамин донишгоҳ хондаам, -гуфтам ба онҳо.
Ёди солҳои беҳтарини донишҷӯӣ кардам. Ҳамеша толибилми ин даргоҳи илму дониш будан мояи ифтихор буду ҳаст.
Имрӯз ҳам он неруи бузурги илмии кишвар аст. Умед дорам, ба наберагонам низ дар ин донишгоҳ таҳсил кардан насиб мекунад.
Тамошои пойтахти Ватана-мон шаҳри Душанбе барои наберагонам ҷойҳои наву диданӣ дошт. Дар як сол чӣ қадар навигариҳо шудаанд. Симои пойтахт бо сохтмони биноҳои баланду замонавӣ, мағозаҳову нуқтаҳои хидматрасонӣ, боғҳову майдончаҳои варзишӣ, мактабу корхонаҳои нав, баргузории ҳамоишу мусобиқаҳои байналмилалӣ рӯз аз рӯз зеботару муҳташам мешавад.Таровати Душанбеи гулбасар тамоми сол боқӣ мемонад. Сафари мо ба ҷашни якасраи пойтахт рост омад.
Дар бозгашт мусофирони мошин чизе намегуфтанд. Садои мусиқии магнитофон ба олами хаёлоти ширини орзуҳо мебурд.
Ин саёҳат дар хотираи наберагонам саҳифаи нави таассуротро мекушояд. Медонам, ки сафарҳои навбатӣ ба гӯшаҳои дигари кишварамон ҳам шавқовар меша-ванд. Аммо ба Душанбе – қалби Тоҷикистон рафтан ҳамеша хушоянду ҳаяҷонбахш боқӣ мемонад.
Ҷазоббии ин шаҳр пиру ҷавонро ба худ кашида, ҳар яке гуфтан мехоҳад:
Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе,
Хаёлам, зеби дунёӣ, Душанбе.
Дар бораи саёҳати Душанбе духтаракон ба ҳамсолонашон нақл хоҳанд кард. Муҳим он, ки ман ба ваъдаам вафо кардам. Ин саёҳат барои онҳо ҳам сайру тамошо буду ҳам ғизои маънавӣ дод. Арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, ифтихор аз абармардони тоҷик эҳсоси ватандориашонро неру мебахшад.
Д. МАҲКАМЗОДА,
Бохтар-Душанбе-Бохтар
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
30-05-2024, 12:09
Муҳтарам олимону донишмандон!Ҳозирини гиромӣ!...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...