Чаро оилаҳо ҷудо мешаванд?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 12 июн, Бахш: Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 220
Дар ҷомеаи кунунии мо ҷудошавии оилаҳои ҷавон зиёд гардида, зану шавҳар бо ин амалашон оилаи хешро парешон, тақдири фарзандонро норӯшан менамоянд. Масъулини ниҳодҳои марбутаро зарур аст, ки оид пешгирии ин амали номатлуб саҳлангорӣ накарда, тадбирҳои лозимаро андешанд. Чаро оилаҳои ҷавон аз ҳам ҷудо мешаванд? Омили ҷудошавии оилаҳо дар чист? Чӣ бояд кард, то пеши роҳи он гирифта шавад?
Гуландом (номи мустаори қаҳрамон) сокини шаҳри Бохтар буда, 3 сол мешавад, ки аз ҳамсараш ҷудо ва чархаи зиндагиро худаш ба пешаи омӯзгорӣ мечархонад. Мавсуф мегӯяд: “Муносибати дағалу номуносиби шавҳарам оилаи моро ба пошхӯрӣ оварда расонид. Мо муддати ду сол бо ҳам зиндагӣ намудем, аз лаҳзаҳои аввали зиндагӣ муносибату муоширати шавҳарам нағз буд. Ба гузашти вақт рофтору кирдори ӯ тағйир ёфт. Шабҳо ба хона дер меомаду озору азиятам медод. Ба ҳамаи ин сабр намудам. Чунки хушдоман ва аҳлу оилаи хонавода маро дӯст медоштанду эҳтиромам мекарданд. Ман низ онҳоро ба мисли модари хеш азиз мешуморидам. Дар ин муддати зиндагӣ мо соҳиби як писарча шудем, вале афсӯс, ки муносибати сарду рафторҳои дағалонаи шавҳарам кам нагардида, рӯз то рӯз афзун мешуд. Чанд маротиба аз ин рафторҳо дилгир шуда, ба хонаи падарам рафтам. Хусуру хушдоманам, ки инсонҳои хуб буданд, омада маро бурданд ва ба хотири онҳо боз ба зиндагии талхам баргаштам. Умед доштам, ки бо гузашти вақт шеваи гуфтори шавҳарам тағйир ёфта, хатогиашро мефаҳмад. Аммо ин ҳама орзуе буду бас. Баръакс, ҷангу ҷанҷол, бештар гардида, рӯзе омаду маро аз хона ронд. “Рав, ман дигар бо ту зиндагӣ кардан намехоҳам!” Ҳарчанде ба ӯ фаҳмонидам, ту фикри маро накун, ғами фарзандатро намехӯрӣ, ки тақдири он кӯдак чӣ мешавад? Ӯро зиндаятим карданӣ ҳастӣ? Ба ҳамаи ин нигоҳ нокарда, ба ман гуфт: “Рав, ҷавобатро додам”. Бо ҳамин зиндагии якҷояамон хотима ёфт.”
Чаро оилаҳо аз ҳам ҷудо мешаванд?
Аксари ҷавондухтарон дахолати ноҷо ва зулму таҳқири наздикони шавҳар, аз ҷумла хушдоман, хоҳаршӯй ва дигар аъзои хонаводаи шавҳарро сабаби аслии ҷудошавӣ медонанд. Дар ин бобат Ҳайдаралӣ Сафаров, муовини раиси Шурои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мегӯяд: “Падару модар ва ҳар он нафаре, ки бе сабаб барои ҷудоӣ андохтани як оила таъсир расонанд, назди Офаридгори хеш гунаҳкор дониста мешавад. Ҷавонмардон бошанд, ба зиндагии оилавӣ тайёр набудани духтарон, пурбардор, таҳаммулпазир набудани онҳо, яъне бо андак душворӣ дилсард гаштан ва барои хушбахтӣ мубориза набурдани онҳоро сабаб медонанд”.
Гулчеҳраи Раҳмон, сардори Шуъбаи асноди ҳолатҳои шаҳрвандии вилояти Хатлон, зимни суҳбат ба рӯзномаи “Хатлон” гуфт: “Яке аз сабабҳои дигари пошхӯрии оилаҳо, ки мо мушоҳида мекунем, ин хушунати хонаводагӣ унвон мегардад, яъне зӯроварӣ аз тарафи шавҳар, хушдоман, ху- сур, хоҳаршӯй ва дигар аъзои хонаводаи шавҳар нисбат ба келини хонадон, бефарзандӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ сабабгори пошхӯрии оилаҳои ҷавон мебошад. Ин зуҳуроти номатлубест, ки ба генофонди миллат низ таъсири манфӣ мерасонад”.
Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки имрӯзҳо аксари ҷавонон дар зиндагӣ ба мушкилие мувоҷеҳ гардидан дарҳол, якдигарро гунаҳкор мешуморанд. Айбҷӯӣ, нофаҳмӣ, идора накардани ҳолати равонӣ ҳам ба ҷудошавӣ оварда мерасонад.
Мутаассифона, ягона роҳи ҳалли муаммоҳои рӯзгорро ба забон овардани калимаи талоқ медонанд. Аммо ин ҷавонон бехабар аз он, ки дар ҳолатҳои асабоният набояд ба коре хулосабарорӣ намоянд.
Роҷеъ ба ин Ҳайдаралӣ Сафаров чунин андеша дорад: “Аз нигоҳи дини мубини Ислом бадтарин ҳалол дар назди Офаридгор ин ба забон овардани калимаи талоқ аст. Аз баён гардидани ҳамин калима Парвардигорро хушаш намеояд. Ҳангоми дар миёни оилае ҳамин калима садо диҳад, арши Худо ба ларза медарояд, дар ҳоле ки калимаи талоқ ҳалол аст. Барои ҳамин ҳар яки моро лозим аст, ки дар зиндагӣ саъй намоем, ки кор то ин ҳад омада нарасад”.
Масъулин чӣ мегӯяд?
Тибқи иттилои Шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлияи вилояти Хатлон, дар 5 моҳи соли равон дар шаҳру навоҳии вилоят 9856 никоҳ ба қайд гирифта, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1599 адад кам шудааст. Мутаассифона, аз аввали сол то инҷониб дар вилояти Хатлон 908 бекоршавии ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст. Гулчеҳраи Раҳмон, сардори Шуъбаи асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ дар вилоят, зимни суҳбати телефонӣ қайд намуд: “Дар давоми соли ҷорӣ бекоршавии ақди никоҳ дар ноҳияҳои Шаҳритус (22 адад) ва ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (3 адад) нисбати дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон зиёд ба қайд гирифта шудааст”.
Роҷеъ ба ин масъала хостем назари масъулини Раёсати кор бо занон ва оилаи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро пурсон шавем. Мутаассифона, онҳо аз суҳбат бо мо худдорӣ намуданд. “Ман ҳоло омода нестам доир ба ин мавзуъ бо шумо суҳбат кунам.
Ин ҷумлаҳо дар ҳоле аз забони масъулини Раёсати кор бо занон ва оилаи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилят садо дод, ки дигар ташкилоту муассисаҳо натиҷаҳои 5-моҳаро ҷамъбаст намуда буданд. Магар бо чунин масъулият ин масъулин метавонанд чорабиниҳо миёни занону бонувон ташкил намуда, ҷудошавии оилаҳоро коҳиш диҳанд?
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидааст, ки оила доимо дар зери ҳимояи давлат қарор дорад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба оила эҳтироми баланд доранд. Маҳз ҳамин буд, ки нақш ва мақоми занро дар ҷомеа баланд бардоштанд. Ин ғамхориҳои Роҳбари давлат тавонист, ки то як дараҷа пеши роҳи камбизоатӣ ва пошхӯрии оилаҳоро гирад.
Таъсир ба руҳияи кӯдак
Ҷудошавии падару модар барои фарзандони ноболиғ як фоҷеаи бузург буда, ба ҳолати равонӣ таъсири манфӣ мерасонад. Чӣ тавре ки равоншинос Сафармоҳ Мирзоназарова мегӯяд: “Ҷудошавии падару модар расонидани зарбаи руҳиву равонӣ ба кӯдакон мебошад. Ҳангоме ки волидон аз ҳам ҷудо мешаванд, дар натиҷа кӯдакон ба бемории соматикӣ гирифтор мешаванд, қобилияти зеҳниашон суст шуда, диққат, хотирот, фикррониашон халалдор мешавад”.
Тибқи маълумотҳо кӯдаконе, ки падару модарашон ҷудо шудаанд, бештар ба оворагардӣ машғул шуда, аз таълиму тарбия дур мешаванд.
“Ҳангоме оилаи ду ҷавон пош мехӯрад, аз онҳо фарзанд боқӣ мондааст, бо гузашти вақт ин зан оилаи нав бунёд кунад, тақдири ин кӯдакон норӯшан боқӣ мемонад. Вақте ки кӯдак аз тарбияи падару модар маҳрум шуд, роҳи хаторо пеша карда, даст ба ҷинояткорӣ мезанад”, афзуд Ҳайдаралӣ Сафаров, -муовини раиси Шурои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон.
Сайёра Маҳмадова, ҳуқуқшиноси Ташкилоти ҷамъиятии “Дилафрӯз”, мегӯяд: “Оилаҳое ҳастанд, ки бо ду-се фарзанди ноболиғ дар зиндагӣ сабр накарда, ҷудоиро ихтиёр мекунанд. Ҳангоме ки онҳо ҷудо шуданд, дарҳол ба мақомоти судӣ барои ситонидани алимент муроҷиат мекунанд.
Дар ин ҳолат ин тоифа занҳо танҳо фикри маблағситониро мекунаду халос. Боре тақдири фарзандро андеша намекунанд. Дар бисёр маврид мард ба хотири таъминоти фарзандон маблағи муйаянгардидаро пардохт мекунад, аммо зан бошад, ин маблағро барои эҳтиёҷоти шахсӣ истифода мекунад. Дар ин сурат фарзандон аз таъминот дур монда, ҳолати равониашон хароб мешавад”.
Чӣ бояд кард, то пеши роҳи он гирифта шавад?
Ҷомеашиносон бар он назаранд, ки барои пешгирӣ намудани ин зуҳуроти номатлуб волидонро лозим меояд, ки духтарони худро ба ҳаёти оилавӣ, шебу фарози он омода созанд. Корҳои рӯзгор, эҳтироми хонаводаи шавҳар, аз ҷумла калонсолонро ба онҳо омӯзонанд. Падарон бошанд, писаронро дар руҳияи мардиву мардонагӣ, ору номус доштан, дарки масъулияти баланди шавҳар ва падар буданро омӯзонанд.
Ҳар яки моро лозим аст, ки дар зиндагӣ тавре оила бунёд намуда, ҳаёт ба сар барем, ки ҳаргиз пушаймон нашавем. Чӣ тавре ки қаҳрамони матлаби мо мегӯяд: “Баъди 3 соли ҷудоӣ писарам калонакак шуд. Шавҳарам ҳама амалу ҳаракати писарамро дида, изҳори пушаймонӣ мекард, чандин маротиба ба хонаамон омада, хоҳишу илтиҷо намуд, ки зиндагиро идома диҳем. Аз он ҳама амалкардҳояш изҳори пушаймонӣ мекард, вале афсӯс, ҳамаи ин бефоида буд. Зеро ман хоҳиши ба он хона баргаштанро надоштам”.
А. РИОЕВ , «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...