Алломаи Машриқзамин (бахшида ба 1050-солагии мутафаккир Абурайҳони Берунӣ)
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 25 январ, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 584
Пас аз Истиқлолияти давлатӣ ба даст овардан зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мо - насли ҷавон имкон фароҳам омад, ки ба таъриху фарҳанги куҳанбунёди миллатамон, ки собиқаи чандинҳазорсола дорад, бо нигоҳи тоза назар андозем ва аз ганҷинаи пурбори сухану маънии орифону олимони диёри худ васеъ истифода намуда, баҳри гиромӣ доштани хизматҳои шоистаи фарзандони ниёгон аз мавқеи инсонгароӣ кор бигирем.
Борҳо собит шудааст, ки миллати тоҷик аз аҳди бостон то ба имрӯз ҳамчун халқи соҳибтамаддуну соҳибфарҳанг ва дорои таърихи чандинҳазорсола о донишу заковат, ҷаҳонбинӣ, мардумсолорӣ ва урфу одатҳои ба худ хос зери таваҷҷуҳи махсуси ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дошту дорад. Зеро донишу малака, таҷриба, ғурури миллӣ, ифтихор аз давлатдорӣ боис бар он гардид, ки миллати тоҷик бо беҳтарин бузургони худ зери садҳо зулму шиканҷа давлат, забон, таърих, фарҳанг ва илму ирфони ниёгони худро ба имрӯзиён ба мерос гузоранд.
Ҳарчанд имрӯз минтақаҳои ҳудуди давлатдории мардуми тоҷику форс ба қисмҳо ҷудо гардидаанду давлатҳои алоҳидаро ташкил медиҳанд, аммо бузургони илму ирфони моро ҳамчун тоҷик мешиносанд ва эҳтиром мекунанд.
Мусаллам аст, ки Хоразм ва хоразмиён аз диди таърих ва тамаддун ба мисли тоҷикони имрӯза мансуби мардумони Эрони аслӣ ва шарқӣ мебошанд. Ва як шохае аз тоҷикон (форсҳо) буда, ба мисли суғдиҳо бо тоҷикони имрӯза аз як реша маншаъ гирифтаанд. Барои хонандаи закӣ маълум аст ва инро илм исбот намудааст, то омадан ё ворид шудани туркон ба Осиёи Марказӣ ва ҳатто Хутану Ёрканд (минтақаи ғарбии Чини имрӯза) нуқта сарзаминҳои эрониёни шарқӣ аз қабили суғдиҳову бохтариҳо буданд. Бо ҳамин хотир минтақаи Хо
разм низ яке аз маконҳои илму ирфон ба ҳисоб меравад.
Абурайҳон Берунӣ яке аз бузургтарин аломаҳои машриқзамин, риёзидон, файласуф, табиатшинос, табиб, муннаҷим, муаррих ва ҷомеашиноси тоҷику форс ба ҳисоб рафта, 4 сентябри соли 973 дар Хоразм чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Мавсуф аз хурдӣ аз падару модар маҳрум гардида, маълумоти ибтидоиро дар муҳити наздиконаш касб кардааст. Вай муддате дар назди Абунасри Мансур, ки ҳамватанаш буд, ба омӯзиши илм пардохт. Забони модарии Берунӣ аслан хоразмӣ буд.
Аммо қариб ҳамаи асарҳои эшон бо забони арабӣ нигошта шудааст. Ин аз як хотир буд, ки албата дар ҳамон вақт забони арабӣ яке аз забонҳои машҳури илмомӯзӣ ба ҳисоб мерафт. Тибқи баъзе маълумотҳо забонҳои суриёнӣ, юнонӣ ва яҳудии қадимро низ аз худ карда буд.
Нуқтасанҷӣ, ҳозирҷавобӣ ва дониши баланди илмӣ тавонист Абурайҳони Беруниро ҳамчун як шахси муътабар маъруф намояд. Зеро ӯ дониши ҳаматарафаро дар ватанаш деҳаи Кот, ки дар он олимон аз дигар минтақаҳо ҷамъ меомаданд гирифта буд. Алакай дониши Берунӣ дар сини 17 солагӣ ба ҷойе расида буд, ки худаш ба таври мустақилона мушоҳидаҳои илмӣ мегузаронд.
Бояд қайд намуд, ки Абурайҳони Берунӣ дар тамоми соҳаи илм асар эҷод намудааст ва ё доир ба дилхоҳ масъала фикри худро ба таври мушаххас баён намудааст.
Мероси илмии Берунӣ хеле бузург аст, вале мутаасифона на ҳамааш ба дасти насли имрӯз расидааст. Доир ба шумораи асарҳои Абурайҳони Берунӣ фикру ақидаҳо гуногунанд. Тибқи баъзе сарчашмаҳо гӯё Ёқуб ном сайёҳи араб руйхати асарҳои Беруниро 60 саҳифа ном бурдааст.
Дар рӯйхати дигаре, ки дар миёнаи асри 19 дар Эрон тартиб дода шудааст, номи асарҳои ӯ 27 адад мебошад. Мутобиқи баъзе маълумотҳои дигар асарҳои ӯ аз 103 то 180 номгӯй зикр шудааст. Аммо бояд қайд намуд, ки то ба имрӯз 31 асари Абурайҳони Берунӣ бо забонҳои англисӣ, олмонӣ, русӣ, фаронсавӣ ва ғайраҳо тарҷума гардида дар китобхонаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ нигоҳ дошта мешаванд. Аз ин бармеояд, ки шумораи асарҳои Берунӣ на 27-то балки аз он ҳам шояд зиёдтар бошанд.
Ба асарҳои ӯ бузургтарин олимони ҳамон давр чун Умари Хайём, Насируддини Тусӣ, Қозизода Румӣ ва дигарон такя намуда буданд. Мувофиқи шаҳодати муаррихони машҳури таърихи илм, омӯзиши осори Абурайҳони Берунӣ тавассути олимони аврупоӣ дар миёнаҳои асри 19 оғоз ёфтааст. Махсусан дар ин масъала хизмати олимон Э. Захау, Э. Видеман, К. Налинко, К. Шой хеле бузург аст.
Ақидаҳои Абурайҳони Берунӣ ҳамчун олими табиатшинос оид ба ҳастӣ, оламу одам, маърифат, фаҳмиши таърих ва ҷамъият бештар хусусияти амалӣ ва ва таҷрибавӣ доранд. Дар мукотибаи худ бо Абуалӣ ибни Сино ӯ ба назарияи табиатшиносии Арасту аз дидгоҳи интиқодӣ назар намуда, ҳамзамон назарияи машшоии қадимаи оламро қабул надорад ва тарафдори олами нав мебошад. Аммо мутафаккир дар афкори илмиаш ақидаҳои пешгузаштагони худ Фарғонӣ ва Хоразмиро идома дода, бештар масъалаҳои табиию илмиро таҳқиқ намудааст. Ҳамин аст, ки ӯро яке аз асосгузорони илмҳои таҷрибавӣ дар Шарқи Миёнаву Наздик медонанд.
Чунончӣ дар боло зикр шуд, ки Абурайҳонӣ Берунӣ дар баробари дигар паҳлуҳои илм ба таърих низ таваҷҷуҳи хос дошт. Бешубҳа тавонист дар мустаҳкам нигоҳ доштани фарҳанги пурғановати миллати тоҷику форс хизмати шоистае намояд. Ва доир ба ин масъала дар асари бузурги худ «Осор-ул-боқия» фаслеро бо номи иду ҷашнҳое, ки дар моҳҳои Порсиён аст, иншо намудааст. Аз ҷумла, доир ба пайдоиши ҷашни Наврӯзи бостон, ки бо шарофти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми ҷаҳониро касб намуд, чунин изҳори ақида намудааст: «Мегӯянд чун Сулаймон бинни Довуд ангуштарини хешро гум кард, салтанат аз дасти ӯ берун рафт. Вале пас аз чил рӯз бори дигар ангуштарини худро биёфт ва подшоҳию фармондеҳӣ бар ӯ баргашт ва мурғон бар даври ӯ гирд омаданд эрониён гуфтанд: «Наврӯз омад!».
Яъне рӯзи тоза биёмад. Ва Сулаймон бодро амр кард, ки ӯро бардорад. Ва парастӯе дар пеши рӯи ӯ пайдо шуд, ки мегуфт: «Эй подшоҳ, маро ошёнаест, ки чанд тухм дар он аст, пас онсутар рав, ки ошёни маро дарҳам нашиканӣ. Пас Сулаймон роҳи худро каҷ кард. Ва чун аз тахти худ, ки бар бод ҳаракат мекард, фуруд омад. Парасту бо минқори хеш қадре об оварду ба рӯи Сулаймон пошид ва як рони малахро низ ҳадя овард. Ва аз инҷост, ки мардум дар Наврӯз ба якдигар об мепошанд ва ба якдигар ҳадя мефиристанд. Ҳамчунин зикр мекунад, ки баъзе аз уламои Эрон мегӯянд: «Сабаби «Наврӯз» ном гирифтани ин ид дар он аст, ки дар айёми Таҳмурас собиа ошкор шуданд. ва чун Ҷамшед ба тахти подшоҳӣ нишаст, динро нав кард. ин ба назар иқдоми бузурге менамуд ва он рӯзро чун рӯзи нав ҷашн гирифтанд».
Дар робита ба сарчашмаҳо чунин менигорад, ки дар аҳди Сосониён Наврӯзро бо чунин тарз ҷашн мегирифтанд. Подшоҳ ба рӯзи Наврӯз шуруъ мекард ва мардумро эълон менамуд, ки барои эшон ба тахт омадааст, ки ба эшон некӣ кунад. Рӯзи дуюмро барои деҳқонон, рӯзи сеюмро барои сипоҳиён ва бузургону мубадон, рӯзи чорум барои аҳли байт ва наздикони худ ҷудо мекард ва бо шаклҳои гуногун рӯзҳои панҷуму шашумро низ ҷашн мегирифт. Ҳамчунин мутафаккир роҷеъ ба пайдоиши ҷашнҳои Сада ва Меҳргон низ изҳори андеша намуда, нозукиҳои пайдиоши ин ду ҷашни барои миллати мо муҳимро ба риштаи таҳлил кашидааст.
Абурайҳони Берунӣ аз изҳор намудани ин ё он масъалае, ки барояш равшан нагардидааст, худдорӣ накардааст, чунин равиши пешгирифтаи ӯ моҳияти тарбиявӣ низ дорад. Зеро эшон дар асарҳои худ масъалаҳоеро пеш гузоштааст, ки кашф нашуданд ва ё худи ӯ ба дурустии он шубҳа дорад. Чунончӣ, дар ҷое доир ба пайдоиши Наврӯз, ки ақидаҳо низ зиёданд чунин баён намудааст: «… Чун Абулфараҷ аз нақли ин қисса фориғ шуд, ман ба ӯ гуфтам, ки Наврӯз аз вазъу ҳолати нахустини худ зоил шуда, зеро эрониён кабисаи солҳоро эҳмол карданд. Пас чаро ин оташ аз мавқеи худ таъхир намеёбад, ки дар шаби Наврӯз ҳақиқӣ иттифоқ афтод. Ва агар лозим набошад, ки таъхир ёбад, оё он вақт ки эрониён солҳои худро кабиса менамуданд, ин оташ аз вақти феълии худ пешӣ мегирифтааст? Абулфараҷро дар муқобили ин пурсиш посухе набуд, ки маро қонеъ кунад».
Бемуҳобо, Абурайҳони Берунӣ яке аз абармардони фарҳанги бостонии тамоми форсизабонону ориёинажодони ҷаҳон ва ҳамтабору ҳамқатори сазовори нобиғагони илми сарзамини тоҷикон буда, ба ҳайси бузургтарин олим, донишманд, файласуф, риёзидон ва нуҷумшинос дар радифи Ал -Хоразмӣ, Закариёи Розӣ, Абуалӣ ибни Сино,Умари Хаём ва садҳо бузурги дигар шуҳрати фарҳангу таърихи миллати моро беназиру оламгир гардонидааст.
Боиси сарфарозист, ки маҳз бо талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамрайъии кишварҳои Эрону Узбекистон дар ҷаласаи 41- уми Конференсияи генералии ЮНЕСКО ҷиҳати таҷлили 1050 - солагии донишманди саршиноси тоҷику форс Абурайҳони Берунӣ қарори дахлдор қабул гардида, ба Феҳристи ҷашнвораҳои солҳои 2022-2023 -и созмони мазкур ворид карда шуд.
Фаридун Раҳмониён,
сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ
ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи
Шамсиддин Шоҳин
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
19-01-2023, 07:48
Муқаддима Дар таърихи навтарини миллати тоҷик Паёми Роҳбари давлат – маҷмуи таҳлил, арзёбӣ, як навъ...
-
20-01-2023, 13:07
(андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат)...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00