МУАССИСАИ ҒАЙРИДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ «КОЛЛЕҶИ ТИББӢ-ИҶТИМОИИ ШАҲРИ БОХТАР» ҚАБУЛИ ДОВТАЛАБОНРО ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 11 феврал, Бахш: Эълонҳо, Боздид 899
ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ҒАЙРИДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ «КОЛЛЕҶИ ТИББӢ-ИҶТИМОИИ ШАҲРИ БОХТАР» ҚАБУЛИ ДОВТАЛАБОНРО
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Ба коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Бохтар хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ мувофиқи шартномаву созишномаҳои байнидавлатӣ, хориҷиён ва шахсони бетабаа қабул када мешаванд.
Ҳамаи гурӯҳҳо ба тариқи шартномавӣ таҳсил менамоянд.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ, ки ҳуҷҷатҳои баробарэътирофии таҳсилоти миёнаи умумӣ доранд, қабул карда мешаванд.
Ба коллеҷ довталабони синнашон то 30-сола қабул карда мешавад. Таҳсил дар коллеҷ бо забони давлатӣ (тоҷикӣ) ба роҳ монда шудааст.
Дар коллеҷи тиббӣ –иҷтимоии шаҳри Бохтар довталабон танҳо ба шуъбаи рӯзона, тариқи шартномавӣ аз рӯйи ихтисосҳои зерин қабул карда мешаванд:
Муҳлати таҳсил 3 солу 10 моҳ: (аз синфи 11).
1. Кори табобатӣ, бо додани тахассуси “Ҳамшираи (бародарӣ) тиббии оилавӣ” ( шартномавӣ);
2. “Кори момодоягӣ”, бо додани тахассуси “Момодоя” (шартномавӣ);
Муҳлати таҳсил-2 солу 10 моҳ (аз синфи 11).
1. “Кори ҳамширагӣ”, бо додани тахассуси “Ҳамшираи тиббӣ” (шартномавӣ);
2. “Кори фарматсевтӣ”, бо додани тахассуси “Ёрдамчии фарматсевт” (шартномавӣ);
3. “Кори ҳамширагӣ дар косметология бо тахассуси косметология” (шартномавӣ).
Муҳлати таҳсил 3 солу 10 моҳ (аз синфи 9).
1. “Кори ҳамширагӣ”, бо додани тахассуси “Ҳамшираи тиббӣ” (шартномавӣ);
2. “Кори фарматсевтӣ”, бо додани тахассуси “Ёрдамчии фарматсевт” (шартномавӣ).
Имтиҳонҳои дохилшавӣ дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.
Суроға: шаҳри Бохтар,
кӯчаи Ҷ. Румӣ-2.
Телефонҳо: 3-48-77, 3-48-88.
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04