Забони ширин-табобати беҳтарин
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 23 сентябр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 1 222
-Таассурот-
Муассисаи давлатии Осоишгоҳи табобатию профилатикии маъюбон ва ветеранҳои ҷангу меҳнати “Харангон” –и ноҳияи Варзоб ба ифтихори ҷашни 60-солагии Ғалаба бар фашизм 6-уми майи соли 2005 дарҳои худро ба қишрҳои болозикр боз намуд. Дар маросими ифтитоҳи Осоишгоҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзида, шахсан лентаи рамзии онро бурид ва бо иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва собиқадорони меҳнат мулоқот кард. Пешвои миллат дар ин вохурӣ аз ҷумла иброз дошт: “Ман шумоёнро ҳеҷ гоҳ хору зор шудан намемонам”.
Бо амалҳои хайрхоҳонаи раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мо-собиқадорони матбуоти тоҷикро насиб гашт, ки бо роҳхати ройгон ба Осоишгоҳи “Харангон” барои табобату истироҳат равем. Барои ин ба раиси ғамхору дардошно изҳори миннатдорӣ менамоем.
Осоишгоҳи “Харангон” ба яке аз муассисаҳои солимгардонӣ ва истироҳатию фароғатӣ табдил ёфтааст. Дар ин ҷо сатҳи хизматрасонӣ баланд буда, аз гӯшаю канори кишвари азизамон ба осоишгоҳ меоянд. Мо ин ҳамаро ҳангоми ташриф овардан ба осоишгоҳ ҳис намудем. Аз ҷумла, муомилаи хуби қабулкунандаи тиббӣ Зебӣ Маҳмадиева, қалбшинос Лола Кузиева, духтури муолиҷавӣ Бахтиёр Абдараҳимов, ки дар рӯзи аввал ба онҳо шинос гардидем, хушамон омад. Аз ҳама муҳим директори Осоишгоҳ, номзади илмҳои тиб Салимзода Ҷунайдулло Маҳмадалӣ, ба қавли Синои бузург, бо сухани ширини худ ба дарди кас давобахш буд.
Салимзода Ҷунайдулло Маҳмадалӣ худ духтури қалбшинос аст. Ба ақидаи ӯ дар Осоишгоҳ ҳанӯз дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ маркази реабилизатсионии бемории дил вуҷуд дошт. Зеро табиати ин минтақа барои муолиҷаи бемории қалб мусоид мебошад.
Бо дастгирии роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар барои фароғату муолиҷаи муштариён дар ин ҷо тамоми шароити мусоид муҳайё аст. Аз ҷумла, як ҳуҷраи интенсивӣ бо тамоми дастгоҳҳои ҳозиразамон ҷиҳозонида шудааст. Ҳамзамон, як нақлиёти сабукрави хизматӣ дар истифодаи бошандагони Осоишгоҳ қарор дорад.
Дар Осоишгоҳи “Харангон” намудҳои зерини табобатӣ ба роҳ монда шудааст: муолиҷаи гармӣ,-муолиҷа бо муми кӯҳӣ, сандалии барқӣ, сӯзандору, муолиҷаи физиотерапияи тиббии УВЧ, УФО, дастгоҳҳои ултрасадо, лойи шифобахш, масҳи бадан, гиёҳдармонӣ ва ғайра.
Дар оянда азму ниятҳои роҳбарияти Осоишгоҳ барои баробар ба осоишгоҳҳои беҳтарини давлатҳои тараққикарда, ба роҳ мондани сифати хизматрасонии тиббӣ, обшифоӣ, туризми тиббӣ, яъне ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба Осоишгоҳ, бозомӯзии кормандон ва дигар корҳои беҳбудии хизматрасонӣ ва дастрасии дастгоҳҳои муосири табобатӣ нигаронида шудааст...
Осоишгоҳи “Харангон” дорои ду бинои хуштарҳу замонавии дуошёна ва котеҷҳо мебошад. Ҳар як ҳуҷра барои ду, се ва чор нафар пешбинӣ шуда, бо тамоми шароити фароғатии табобатӣ пешкаши муштариён аст. Дар ин ҷо дар як мавсим дар 8 навбат 520 нафар тариқи роҳхат ва 131 нафар тариқи шартномавӣ табобат мегиранд. 36 нафар мутахассисони варзида ба бошандагон хизмати хуби тиббӣ мерасонанд.
Хизматрасонии баланди аз нигоҳи касбӣ ва муомилаи хуши кормандони Осоишгоҳ Меҳрӣ Раҷабова, Идимоҳ Туманова, Тахмина Собирзода, Мастура Шукурова, Соро Сӯфиева, Озодабону Шафиева, Мадвалӣ Исматуллоев дарди беморонро гӯё лаҳза ба лаҳза шифо мебахшад.
Дар Осоишгоҳ бо ташаббуси Бибизевар Мирзоева, ташкилотчии корҳои фарҳангӣ, барои фароғати табобатгирандагон чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ-варзишӣ ташкил карда шудааст. Дар вақтҳои холӣ аз табобат бошандагон метавонанд дар китобхонаи Осоишгоҳ ба мутолиаи китобу маҷалла ва рӯзномаҳои тозанашр машғул шаванд. Мизи сақобозӣ, теннис, шашка, шоҳмот, домино, ҳуҷраи варзишӣ дар ихтиёри онҳост. Ҳафтае як маротиба барномаҳои консертӣ бо иштироки санъаткорони шинохта доир мегардад.
Табобатгирандагон Абдурасул Раҳмонов, Назирмат Сафаров, аз шаҳри Кӯлоб, Изатулло Сулаймонов (Фархор), Садриддин Ҳамроев (Шаҳритус), Сафарбек Раҷабов (Ёвон), Аҳмадҷон Ёрбоев, Зайнура Раҳматова, Паригул Ҳамроева, аз вилояти Суғд, Саидшо Лаълбеков (Шуғнон), ки дар он вақт дар осоишгоҳ буданд, изҳор медоштанд, ки аз обу ҳавои ин мавзеъ, муомилаи хушу хизматрасонии кормандон худро аз пештара болидаруҳу солим ҳис менамоянд. Ҳар яки онҳо ба кормандони осоишгоҳ миннатдорӣ баён менамуданд.
Дар ҳақиқат манзараҳои “Харангон” дилфиребу афсонавӣ аст. Дарёчаи чашмаҳои кӯҳӣ ба вуҷуд омадааст, пайваста ҷорист. Саҳаргоҳон табобатгирандагон ба соҳили дарёча омада, аз обу ҳаво ва манзараҳои дилфиреби ин мавзеъ ҳаловат мебаранд. Шилдироси об мусиқии форамро мемонад. Дарахтони сояафкан дар ду соҳили дарё сар ба фалак кашида, ба ҳусни дара зебоии нотакрор зам мекунанд. Боди форам маҳин-маҳин вазида, мурғони хушхон нағмасароӣ менамоянд. Ҳамчунин, табобатгирандагон аз оби шифобахши чашмаи ягонаи ин гӯшаи биҳиштосо нӯши ҷон мекунанд.
Дар ин ҷо, инчунин, пайроҳаҳои чароғону гулрезу сабзпӯш, боғҳои пурмева, дарахтону буттаҳои ороишӣ, хараку катҳо ва суфаҳои дар соҳили дарёча мавҷуданд, ки ин ҳама зебоиҳо касро тасхир мекунанд. Ҳамин тавр, дар муддати дар осоишгоҳ қарор доштан табобат гирифта, бо неруи тоза ва таассуроти нек баргаштем.
Саттор Қарахонов,
Исматулло Ҳасанов,
“Хатлон”