Тавсияи равоншинос
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 01 сентябр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 1 051
Қадами чаҳорум. Чӣ бипӯшем?
Саъй кунед, либоси дӯстдоштаатонро бипӯшед. Либосе, ки аз дидани он ҳисси ризоияти хотир ба шумо даст медиҳад. Роҳатӣ доштани эҳсоси хуб дар як либос метавонад таъсири зиёде дар рӯҳияи афрод дошта бошад.
Ранг ҳам муҳим аст. Фаромӯш накунед, ки рангҳо ҳам барои худ забоне доранд, ки рӯйи эҳсос ва ҳолати мо-инсонҳо таъсири худашонро мегузоранд. Пас ба ҳеч ваҷҳ суроғи рангҳои тира наравед. Зеро таҳқиқот нишон медиҳад, ки афроди мубтало ба изтиробу афсурдагӣ бештар бо ранги тира ва хокистарӣ иртибот барқарор мекунанд, дар ҳоле, ки афроди шод майл ба ранги зард доранд. Аз ин рӯ, тавсия мешавад, ки камтар аз рангҳои тира дар либос истифода кунед.
Қадами панҷум. Чӣ бихӯрем?
Маводи ғизоие, ки ҳамарӯза масраф мекунед ҳам метавонанд ба шумо кумак кунанд ва боис шаванд, ки эҳсоси хубе дошта бошед ва бо афсурдагӣ биҷангед, то шод ва масрур бошед. Агар ба хӯрдани оҷил алоқа доред, пас бидонед, ки ба таври ҳатмӣ хушҳол хоҳед шуд. Пас, дар хӯрдани маводи ғизоие, ки дӯст медоред, худро ҳеч вақт бе сабаби махсус канор нагиред, то ин рафторатон омили аз даст додани хушҳолии баъдиятон нашавад.
Оҷил инҷо ба маънои он омадааст, ки хӯрок дорои витамини Е ва дигар аминокислотаҳо ва минералҳо бошад. Инҳо метавонанд шуморо шод ва масрур гардонанд. Дар ин баробар истифодаи олуболу ва гелоси хушк ҳам бо сабаби доштани витамини С ва дигар элементҳои химиявии муфид, ки стресс ва афсурдагиро аз байн мебаранд, ба маврид ва лозимӣ аст.
Меваҳое монанди афлесун, лимӯ ва мандарин бо далели ин ки дорои витамини С ҳастанд, ба коҳиши гормонҳои стрессзо дар бадан боис мегарданд, то беҳтар бо стресс мубориза кунед. Пас истеъмоли ин гуна меваҳоро ҳам фаромӯш накунед.
Сабзиҳои сабзбарг монанди хӯриш (салатовый лист, петрушка), карам ва ба монанди ин сабзавоти туршидошта, ки моддаҳои нишотовар доранд, дар шумо метавонанд афсурдагӣ ва беҳавсалагиро коҳиш диҳанд. Хуб аст, ки аз инҳо ҳам дар ҳадди меъёр ва мавридҳои муайян истеъмол кунед. Ин растаниҳо ҷараёни хунро дар бадан сареъ, яъне тез мекунанд. Тез ба маънои он, ки нисбат ба ҳолати афсурдагӣ ва беҳавсалагӣ хуни бадан фаъолтар ва тезҳаракаттар мешавад.
Вақте ҳаракати хун тезтар шавад, хушҳолӣ ва шодӣ ҳам метавонад афзоиш ёбад. Ҳамчунин, хӯрдани гӯшти моҳӣ низ ба коҳиш ёфтани афсурдагӣ дар инсон кумак мекунад.
(Идома дорад)
Таҳияи Суннатуллоҳи МИРЗО, “Хатлон”