Г. Шарифзода: “Ман фидоии миллатам”
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 27 август, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 1 031
Сари баланду ифтихори миллатем,
Ҳамеша ёру дар канори миллатем.
Фидоиён, фидоиёни миллатем,
Ба ҷон ҳама пайи барори миллатем.
Ин мисраъҳо шиори кору зиндагии Гулбозор Шарифзода, бонуи қавирӯҳ, ҷасуру бебок ва неруманди тоҷик аст. Ӯ намунаи барҷастаи интизом, масъулиятшиносӣ ва покизакорист. Бо рафтору кирдораш алорағми қолабҳои фикрии шаклгирифта, ки кори милитсияро танҳо кори мардона мешуморанд, фаъолияти пурмаҳсул дорад.
Шарифзода Гулбозор Ҳайдар зодаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мебошад. Гулбозор низ мисли садҳо духтари фаъоли рустоӣ баъди хатми мактаби миёна соли 2002, тариқи квотаи президентӣ ба факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дохил мешавад. Ӯ соли 2007 донишгоҳро бо дипломи сурх хатм намуда, ба шуъбаи ВКД дар шаҳри Бохтар ба кор омад.
- Кӯдакии ман ба замони ҷанги шаҳрвандӣ рост омад, -қисса мекунад Гулбозор. - Аз сабаби бенизомиҳо мо даврони шод надоштем. Он замон мардум азияти бисёр мекашиданд, қонуншиканӣ, зӯроварӣ зиёд буд. Ҳамон вақт ба худ қавл додам, ки дар оянда ходими милитсия шуда, дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи ҳуқуқи мардум саҳм мегузорам.
Кордониву навоварӣ ва ташаббускории Гулбозорро ба назар гирифта, ӯро баъди якчанд муддат аз шуъбаи котибот ба вазифаи афсарӣ - нозири шуъбаи огаҳӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонон мегузаронанд. Соли 2012 бошад, вазифаи нозири калони гурӯҳи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро ба дӯшаш мегузоранд. Соли 2017 ӯ масъулияти нозир оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оилаи шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ШВКД дар ноҳияи Дӯстиро ба уҳда мегирад. Дар ҳар ҷое, ки фаъолият кард, вазифаи хизматиашро аз рӯйи виҷдон, сарбаландона адо намуд. Мекӯшид, ки барои мардум нафърасон бошад, корҳои оммафаҳмониро бо мақсади пешгирӣ аз ҷинояту ҷинояткорӣ вусъат мебахшид, даҳҳо оиларо аз вайроншавӣ наҷот дод.
Мутахассиси хуб, ки буд, ӯро дубора ба маркази вилоят даъват намуданд. Соли 2020 Гулбозор ба вазифаи сардори шуъбаи огоҳонӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон мегузарад. Моҳи марти соли 2021 Гулбозор ба вазифаи ёрдамчии сардори Раёсат оид ба ҳамкорӣ бо созмонҳо ва ташкилоти ҷамъиятии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон таъйин гардид ва то инҷониб фаъолият дорад.
- Шодам, ки Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари занон ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои судмандро амалӣ мегардонад, - мегӯяд Гулбозор. - Сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди мақому манзалати волои зан дар ҷомеа тақозои онро дорад, ки мо - занони Тоҷикистони соҳибистиқлол дар эъмори ҷомеаи навин нақши созандае гузорем.
Соли 2019 Гулбозор дар озмуни “Чакомаи гесу” дар байни занони мақомоти милитсия дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳамчун намояндаи ноҳияи Дӯстӣ иштирок намуда, дар даври вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ бо нишон додани либосҳои зебои миллӣ, омода намудани таомҳои суннатӣ ва мӯйи дароз ҷойи аввалро соҳиб шуд.
Гулбозор бо Сипоснома, Ифтихорнома ва раҳматномаҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Раёсати ВКД дар вилоят ва шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои вилоят қадрдонӣ шудааст. Ӯ ҳамчунин бо нишони сарисинагии “Аълочии милитсия”, медали “Даҳсолагии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва медали "Барои хизмати шоиста" сарфароз гардонида шудааст.
Мо ба Гулбозор Шарифзода, ки намоди назофату маърифат ва маданият аст, дар кору зиндагӣ муваффақияту пирӯзиҳои навинро таманно дорем.
Ҳангомаи ИСМАТ,
Аълочии матбуоти Тоҷикистон