Умре дар хизмати мардум
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 14 август, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо / Чеҳранигорӣ, Боздид 1 809
Ҷорӯбалӣ Ғуломов соли 1936 дар собиқ ноҳияи Кангурт (ҳозира Ҷамоати деҳоти ноҳияи Темурмалик) таввалуд шудааст. Падараш устои оҳангар буд, асбобҳои сохтааш-досу каланд ва дигар ҷиҳози рӯзгор дар атрофу акноф харидорони зиёд дошт. Ба замми ин усто Ғулом дасти пир гирифта, ба шикастабандӣ низ машғул мешуд, чунки гузаштагонаш ин касабаро доштанд. Азбаски ин пеша авлодӣ буд, дар қалби Ҷорӯбалии хурдсол низ ҷой гирифт. Ҳамин буд, соли 1951 баъди хатми мактаби 7-сола (интернат) ҳамроҳи 3 нафар шарикдарсон ба шаҳри Сталинобод (ҳозира Душанбе) омада, дар факултети фелдшерии омӯзишгоҳи тиббӣ дохил мегардад. Бо сабабҳои гуногун ҳамкурсони ҳаммаҳаллашон ба шароит ва талаботи омӯзишгоҳ тоб наоварда, худи ҳамон сол тарки таҳсил намуда, бозпас мегарданд.
Ҷорӯбалӣ мактабро бо баҳои аъло тамом карда, илова бар ин забони русиро хуб медонист. Ҳамин буд, ки ба ҳама душвориҳои таҳсилу айёми донишҷӯйӣ тоб оварда, таҳсилро давом дод. Дар давраи донишҷӯ буданаш муҳоҷиркунии мардуми кӯҳистон ба таҳдашт оғоз меёбад. Оилаи онҳо дар деҳаи Крупскаяи колхози ба номи Ленин (имрӯза хоҷагии ба номи Миралӣ Маҳмадалӣ)-и ноҳияи Восеъ маскун мешаванд.
Баъди аъло хатм намудани омӯзишгоҳ Ҷорӯбалиро бо роҳхат ба вилояти Кӯлоб мефиристанд. Худи ҳамон шабурӯз раиси овозадори минтақа Миралӣ Маҳмадалиев барои нигаҳдошти сиҳатии меҳнаткашонаш дар шафати идораи колхоз ҷойи махсус ҷудо намуда буд. Лекин то ҳанӯз кадри соҳибихтисосе намеёфтанд, ки муассисаро роҳбарӣ кунад.
-Корат омад кард, бача,-мегӯяд сардори Раёсати тандурустӣ ва фармони вазифавиашро бароварда, ӯро назди раиси колхоз меорад ва фармони мудири беморхонаи минтақавиро ба номи Ҷорӯбалӣ Ғуломов ба раис пешниҳод мекунад.
Раиси Миралӣ баъди пурсу пос мефаҳмад, ки Ҷорӯбалӣ писари устои оҳангар ва шикастабанд Ғулом аст, хушнуд мегардад, зеро ки усто Ғулом шахси меҳнатдӯст буд ва писараш низ бояд мисли падар бошад. Ҳамин тавр, Ҷорӯбалӣ дар вазифаи мудири беморонаи минтақавӣ 10 сол фаъолият мекунад.
Баъдтар раис дар деҳаи Крупская бунгоҳи тиббии ҳозиразамон сохта, онро бо таҷҳизот таъмин мекунад. Ҷорӯбалӣ Ғуломов чун роҳбари коршинос ва табиби ҳозиқ акнун шабу рӯз дар хизмати мардум қарор дошт. Сумка (борхалта)-и духтуриаш ҳамеша ҳамроҳ буд. Чунин мешуд, ки шаб либосҳояшро бадар накарда мемонд. Худаш, ки ҷавони серғайрату меҳнатдӯст буд ва касбашро ниҳоят дӯст медошт, ягон вақт калимаи «не»-ро ба забон намегирифт ва ҳамеша барои шифо ёфтани касалмандон мешитофт. Ҳамин тавр, 46 соли умрашро баҳри ҳифзи саломатии мардуми деҳа ва гирду атрофи он сипарӣ намуд. Ҳатто барои баланд бардоштани маълумоти касбиаш вақт намеёфт, ки фикр кунад. Кораш хуб пеш мерафт, соҳибтаҷрибагӣ ва пешаи авлодӣ будани табибӣ имкон медод, илоҷи дармони қариб ҳамаи бемориҳоро азхуд намояду маризонро шифо бахшад.
Раёсати тандурустии вилоят бунгоҳи тиббии деҳаи Крупская (акнун маркази саломатӣ)-ро мактаби таҷрибаи пешқадам ҳисобида, кормандони дигар бунгоҳҳои тиббии ҳудуди минтақаро барои таҷрибаомӯзӣ ба инҷо мефиристод. Кормандони бунгоҳҳои тиббӣ, навкорон аз таҷрибаи кории Ҷорӯбалӣ Ғуломов бисёр чизҳоро меомӯхтанд, меҳнатдӯстиву хоксорӣ ва ҳалиму нарм будани ӯро ҳамчун дарси ибрат бо худ мебурданд.
Ҷорӯбалӣ Ғуломов Аълочии тандурустии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Тоҷикистон мебошад. Бо фармони Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо «Грамотаи фахрӣ» мукофотонида шудааст. Барои меҳнати пурсамар ва бенуқсонаш дар соҳаи тандурустӣ соли 1971 бо ордени “Байрақи Сурхи меҳнат” ва соли 1981 бо ордени “Ленин” сарфароз гардонида шудааст. Ордени Ленинро ба ӯ Котиби Генералии ҳизби коммунист, ҳамзамон раиси Президиуми Шӯрои олии Иттиҳоди Шӯравӣ Леонид Илич Брежнев месупорад. Кормандони васоити ахбори омма аз Ҷорӯбалӣ Ғуломов пурсон мешаванд, ки дар як деҳоти дурдаст барои кадом кораш бо чунин мукофоти баланд қадрдонӣ гардидааст. Ӯ ҷавоб медиҳад, ки ба пахтакорону ғаллакорон, чорводорону боғдорон, ки барои халқ неъматҳои моддӣ меофаранд, хизмати хоксоронаи тиббӣ расондааст. Аз ин ҷавоб рӯзноманигорон қаноатбахш шуда, дар борааш бо аксаш дар рӯзномаи «Известия» ва «Вечерный Москва» мақола чоп менамоянд. Табиби ҳозиқ Ҷорӯбалӣ Ғуломов 2 маротиба дар ҳайати олимону коршиносон ва табибони хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Москва рафта, дар машварати кормандони соҳаи тандурустии Иттиҳоди Шӯравӣ ширкат меварзад.
Ин табиби ҳозиқ, ки умре танҳо барои баровардани ҳоҷати беморон фикр мекард, айни замон давлати пирӣ меронад, нафақагири дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ мебошад. Шахси меҳнатдӯст, ватанпарвар, хоксору ҳалим, тарбиятгари садҳо ҷавонон аз умри сипарикардаи худ қаноатманд аст. Хурсанд аст, ки аз таҷрибаи бояш бисёриҳо омӯхта, дар фаъолияташон истифода бурдаанд ва ба дигарон онро омӯзонданд. Сазовори эҳтироми хурду бузург гардидааст. Рӯзгору фаъолияти ин инсони комил ибратомӯз мебошад.
Бобои Ҷорӯбалӣ Ғуломов ҳоло 86 сола мебошад ва дар деҳаи Крупскаяи деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалии ноҳияи Восеъ дар ҳалқаи фарзандону наберагон ва аберагон даврони пирӣ меронад. Аз он шод аст, ки фазои Ватани азиз-Тоҷикистон софу беғубор асту тинҷиву амонӣ ҳукмфармо мебошад. Ба хушбахтиашон сарваре чун Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон доранд, ки дар ҳама ҳолат пирону собиқадоронро нигаҳбон асту ғамхор.
Сафармуҳаммад Зарифӣ, узви ИЖТ, Аълочии матбуоти Тоҷикистон