Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Соҳибкорони маҳаллӣ 27,5 миллион сомонӣ қарз гирифтанд


Соҳибкорони маҳаллӣ 27,5 миллион сомонӣ қарз гирифтанд



Дар моҳҳои январ-июни соли 2021 барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти молиявии соҳибкорони маҳаллӣ дар ноҳияи Дӯстӣ аз тарафи бонкҳо ва ташкилотҳои қарздиҳии хурд ба андозаи 27 миллиону 549 ҳазор сомонӣ қарзҳои хурд дода шуданд. Тавре ки раиси ноҳия Нурмуҳаммад Саидзода зимни нишасти матбуотиаш гуфт, ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 ба маблағи 3 миллиону 630 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Аз аввали соли 2021 дар ноҳияи Дӯстӣ 799 соҳибкори инфиродӣ бо патент ва 145 соҳибкор бо шаҳодатнома фаъолият мекунанд ва аз ҳисоби андози онҳо 1 миллиону 816 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид гардидааст. 2823 хоҷагии деҳқонӣ бошад, аз ҳисоби даромади худ ба буҷети маҳаллӣ 2 миллиону 922,2 ҳазор сомонӣ андоз супурдаанд. 

- Ба ҳолати имрӯза 6 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 1 миллиону 350 ҳазор доллари амрикоӣ амалӣ шуда истодааст, - зикр кард Н. Саидзода. - Аз 84 лоиҳаи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Дӯстӣ барои солҳои 2021-2025, ки 245 миллиону 500 ҳазор сомониро дар бар мегирад, 5 лоиҳа иҷро гардида, 18 лоиҳа дар амал қарор дорад. Азхудкунии сармояҳо ба 14 миллиону 557 ҳазор сомонӣ расидааст.
 
Шумораи умумии иншоотҳои баистифодадодашуда ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба 184 адад расидааст, ки 96,%-и дурнаморо ташкил медиҳад. Маблағи умумии иншоотҳои бунёдгардида ба 33 миллиону 24 ҳазор сомонӣ мерасад.

Ҳангомаи Исмат,
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода