Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2023
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН...
(Ба ёди адиби ҷангноманавис, полковники мустаъфӣ Раҳмон Сафаров)
Хотираҳои кӯдакӣ ва наврасиам моломоли ёди азизоне ҳаст, ки ҳамроҳи падарам ба хонаи мо меҳмон мешуданд. Хотираҳои аҷиб, лаҳзаҳои хотирмон, суҳбатҳои нотакрор... Чӣ рӯзҳои хубе буданд, он рӯзҳо. Одамӣ ҳар қадар солортар шавад, қалбаш ба ёди рӯзгори гузашта гум мезанад...
Он солҳо хонаи хоксоронаву одии мо ҳамеша аз шеърхонию сурудхонӣ, қаҳ-қаҳаву суҳбатороии шахсони номдори Тоҷикистон пур буд. Ифтихор мекунам, ки шахсиятҳои барҷаста, чун Ҷалол Икромӣ, Фотеҳ Ниёзӣ, Аминҷон Шукӯҳӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Соҳиб Табаров, Мастон Шералӣ, Лоиқ Шералӣ, Абдунабӣ Сатторзода, Ҳабибулло Файзулло, Убайд Раҷаб, Гулрухсор, Гулназар, Қутбӣ Киром, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Абдулҳамид Самадов, Ашӯр Сафар, Сайидалӣ Маъмур, Муҳаммад Ғоиб, Искандари Хатлонӣ ва дигарон ба хонаи мо меҳмон шудаанд. Имрӯз бо гузашти солҳо симои нуронии онҳо ҳаргиз аз хотирам зудуда намешаванд...
Мехоҳам дар бораи шахсе нави-сам, ки шавқи хондани асарҳои ҷангиро маҳз ӯ дар қалбам бедор намуд. Ӯро бо мӯйҳои мошубиринҷ, қади баланду лоғар ва чашмони меҳрубонаш дар ёд дорам. Ин шахс адиби ҷангноманавис Раҳмон Сафаров аст. Ба қавли Нависандаи халқии Тоҷикистон устод Абдулҳамид Самад: “Ӯ вориси дилсӯзи сарбозону шаҳидони тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд”.
Раҳмон Сафаров адибе буд, ки ба-рои абадӣ гардонидани номи сарбозони тоҷик дар ҶБВ заҳматҳои сангинеро паси сар кард, дар бораи онҳо маълумот ҷамъ намуд, ҷойи дафнашонро муайян кард, ба дарди дили пайвандонашон марҳам шуд ва номашонро зинда гардонид. Ҳеҷ дар тасаввурам намеғунҷад, ки инсон ба ин андоза сарсупурдаи кори хеш бошад, ки манзили истиқоматиашро фурӯхта, барои муайян кардани ҷойи дафни якчанд ҷанговари тоҷик ба Украина биравад. Чунин шахсиятҳо кам андар каманд. Худованд эшонро барои мо - наслҳои бепарво ва қадрношинос намуни ибрат офаридааст. Шоири халқии Тоҷи-кистон Ҳақназар Ғоиб достоне дорад бо номи “Ҷони ташна” ва дар достони мазкур сухан дар бораи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Сафар Амиршоев меравад. Яке аз қисматҳои ин достон “Парасторӣ” ном дорад ва ба қаҳрамони мақолаи мо Раҳмон Сафаров бахшида шудааст:
Мурдаҳо кай шаванд зинда дигар:
Ки бигӯянд бо ту рози хеш.
Дар талоши ҳаёти соиқасон
Ғаму шодии ҷонгудози хеш.
Аз ҳамин тарк карда хоби хушат
Бо садоқат ту роҳ паймоӣ,
Ки замоне набуд осоиш
Дар замини азизи бобоӣ.
Зиндагардонии шуҷоъписарон
Дар раҳи зиндагӣ шиорат шуд,
Мурда эҳё шудан ба сарбозон
Дар ҳама роҳи умр корат шуд.
То баробар ба гурдҳо бикашӣ
Дӯшбори замон барои Ватан,
Ту гирифтӣ ба дӯш бори сухан
Аз далерони корзори Ватан...
Дар воқеъ, Раҳмон Сафаров зиндагардони номи шуҷоъписарони Ватан буд ва гуфтаҳои худи ӯ дар ҷилди якуми китоби “Ҳазору як корнома” ба ин далел аст. Ӯ чунин овардааст: “Габидуллин ном марди тотор, ки барои ҷамъ овардани маълумоти ҷанговарони миллаташ ба шаҳри Подолски назди Маскав омада буд, якчанд ҳуҷҷатро ба ман нишон дода мегуфт, ки Сафар Амиршоев ва Домулло Азизов тоҷикистонӣ ва аз миллати тотор ҳастанд. Барои ман чӣ қадар вақт ва меҳнат сарф шуд, ки дар бораи ин ду марди қаҳрамони тоҷик маълумот ҷамъ оварам ва тоҷик будани онҳоро исбот кунам...»
Ва ё дар ҷойи дигар менависад: “Бо омӯзиши пайгирона ва муқоисаи ҳуҷҷатҳои архив, номаҳои дӯстон, падару модарон, фарзандон, ки дар кунҷи сандуқҳо, гаҳвораи куҳнаи ёдгорӣ, буғчаҳои куҳнабандӣ солҳо хоб буданд ва аз қисмати ҳазорҳо сарбозони баному гумноми тоҷик қисса мекарданд, ин китобро навиштам”.
Ёди ин адиби накуному ватандӯст ва заҳматкаш гиромӣ ва равонаш шод бод.
ШИНОСНОМА
Раҳмон Сафаров, на-висандаи ҷангноманавис, полковники мустаъфӣ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. 15 августи соли 1930 дар деҳаи Шораҷабии ноҳияи Ховалинг ба дунё омадааст. 4 майи соли 2005 дар шаҳри Душанбе вафот кардааст. Соли 1948 омӯзишгоҳи омӯзгорӣ, соли 1950 Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб, соли1955 омӯзишгоҳи ҳарбии Ярослав ва соли 1962 курси дусолаи назди Академияи Қӯшунҳои Шуравиро хатм кардааст. Раҳмон Сафаров 20 сол дар Комиссариати ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, соли 1978 ба нафақа баромадааст.
Баъди бознишаста шудан, аз соли 1978, ходими хурди илмии Пажӯҳишгоҳи таърихи АИ Тоҷикистон, корманди Дафтари тарғиби адабиёти ИН ҷумҳурӣ будааст.
Асарҳояш «Сафар Амиршоев», «Фарзанди сарзамин», “Қаҳрамони Вахш ва Днепр” ва китоби бисёрҷилдаи «Ҳазору як корнома» мебошанд. Дар ин китоб адиб дар бораи 50 ҳазор ҷанговарони тоҷику тоҷикистонӣ, ки дар ҳайати 400 дивизия, 200 бригада, полку баталионҳои махсус ҷангидаанд, бо истифода аз ҳуҷҷатҳои осорхонаи шаҳрҳои гуногун маълумот ҷамъоварӣ намудааст. Ба ҷоизаи Комсомоли ленинии Тоҷикистон, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон, собиқадори Қувваҳои Мусаллаҳи Шуравӣ, Ордени «Шараф», дараҷаи 3 мукофотонида шудааст.
Ноҳира ҲАҚНАЗАРЗОДА
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.