Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Ҷомеаи мо чунон аз китобхонӣ дур шуда, ки ҳатто қишре, ки вазифааш китобхонӣ аст, яъне донишҷӯ (ДОНИШ + ҶӮ) ҳам хеле кам китоб мехонад.
Ба наздикӣ аз ҳамаи донишҷӯёни шуъбаи ғоибона бо навбат суол кардам, ки охирин китобе ки хондаед, чӣ ном дошт, 70 дар сади онҳо гуфтанд, ки китоб нахондаанд. Даҳ дар сад, ки муаллим буданд, гуфтанд, гоҳе китоб мехонанд ва даҳ дар сади дигар изҳор доштанд, ки китобҳои динӣ (он ҳам қиссаву ривоят) мехонанд. Танҳо даҳ дар сад китоб мехондаанд ва номи китобҳояшонро ҳам гуфтанд. Шояд боваратон нашавад, акнун ки умри ман аз панҷоҳ гузашта, каме ҳам бошад, аз ин гузари умр таҷриба андӯхтаам, бо як нигоҳ ба донишҷӯён (ва афроде дар ҳар маҷлис) метавонам ташхис диҳам, кӣ китоб мехонаду кӣ аз китобхонӣ безор аст. Афроде, ки китоб мехонанд, ҳатто забон боз накунанду чизе ҳам нагӯянд, аз дигарон фарқ мекунанд. Нишастан, нигоҳ кардан, хестан аз ҷой ва дигар рафтори онҳо бо дигарон тафовут дорад.
Чанд соли охир хабаре дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад, ки бар асоси он дар яке аз кишварҳо (агар иштибоҳ накунам, Бразилия) муҷозоти он маҳбусонеро, ки китобхон бошанд, кам мекунанд. Беназир аст ин таҷриба.
Ин ҷо мехоҳам як қиссаеро ки сад сол муқаддам дар ИМА рух додааст, биорам. Онро метавон судмандии китобхонӣ номид ё чӣ гуна китоб хондан сабаб шуд, ки як ҷинояткор аз зиндону ранҷу маҳрумиятҳои дигар наҷот ёбад. Ин аст он воқеа.
Соли 1923 бонкдори маъруф Уи-лям Морган ғайб мезанад. Полиси ИМА моҳҳо дунболи ӯ гашта ба натиҷае намерасад ва аз пайдо карданаш ноумед мешавад. Аммо, як тасодуф сабаб шуду Морганро пайдо карданд. Маълум шуд, ки ин корманди бонк, ки қарздор шуда буд, аз тарси талабкорон, ки пули худро аз ӯ талаб доштанду ба додгоҳ муроҷиат карда буданд, ба китобхонаи шаҳрӣ рафта, он ҷо пинҳон мешавад. Вай ҳар рӯз либоси кормандони китобхонаро ба бар карда, дар ҷое пинҳон мешуд ва азбаски ба китоб шавқу рағбати фаровон дошт, китоб мехонду сипас, дар поёни рӯз, ки мардум ба хонаҳо мерафтанд, дар миёни китобҳо худро пинҳон мекард. Ҳамин тавр, ӯ садҳо китоб хонду рӯзҳоро карона кард ва касе аз ҷойи ӯ огоҳ нашуд. Аммо, Уилям дӯстдори қаҳва ҳам буду он ҷо қаҳва омода мекарду менӯшид.
Боре бӯйи қаҳва ба машоми яке аз кормандони воқеии китобхона зад ва ин ҷустуҷӯ сабаб шуд, ки “корманд”-и китобхона Уилям Морганро пайдо кунанд. По-лиси ИМА ӯро дастгир кард ва кори ӯ ба додгоҳ кашида шуд. Аммо раиси додгоҳ, Самбеинг ном шахс, ки ӯ низ ошиқи китобу китобхонӣ буд, вақте аз қазия огоҳ шуд, Морганро наҷот дод. Ӯ ҳукме содир кард, ки Морганро вазифадор месохт, то қарзҳои гирифтаашро тадриҷан пардохт кунад ва ба кори худ ҳам идома диҳад.
Ӯ дар ҷаласаи додгоҳ гуфт, ки “кош дигар ҷинояткорон низ мисли Морган аз додгоҳ фирор мекарданд”.
Ҳамин тавр, китобхониву китобдӯстӣ сабаби наҷоти Уилям Морган шуд.
Сайфуллоҳ Муллоҷон,
доктори илми таърих
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.