Нафақапулӣ зиёд мешавад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 03 июн, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз, Боздид 1 160
28 майи соли ҷорӣ Фармони Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи зиёд намудани андозаи нафақаҳои гурӯҳҳои алоҳидаи нафақагирон, ки ба онҳо нафақа аз рӯйи маъюбӣ таъйин ва пардохт мегардад” ба имзо расид.
Тибқи ин санад, аз 1 сентябри соли 2021 нафақаҳои маъюбон аз овони кӯдакӣ, ки ба онҳо нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъин гардидаанд (бе дарназардошти иловапулиҳо), ба андозаи 20 фоизи нафақаи заминавии муқарраргардида зиёд карда мешаванд. Инчунин, нафақаҳои кӯдакони то 18-сола, ки ба онҳо нафақаи иҷтимоӣ аз рӯйи маъюбӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъин гардидааст (бе дарназардошти иловапулиҳо), ба андозаи 20 фоизи нафақаи заминавии муқарраргардида, нафақаҳои маъюбони гурӯҳи I ба андозаи 50 фоизи нафақаи заминавии муқарраргардида зиёд карда мешавад
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04