КОНСТИТУТСИЯ – ҚОНУНИ АСОСӢ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 ноябр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 50
Дар таърихи ҳар як халқу миллат баъзан ҳодисаҳое рух медиҳанд, ки онҳо тақдири ояндаи халқу миллатро аз парокандагӣ ва нобудшавӣ нигоҳ дошта, ба оянда, ба дуриҳои дур ҳидоят менамояд. Ҳамин гуна воқеияти таърихии тақдирсози миллати мо рӯзи 6- ноябри соли 1994 дар рӯзи раъйпурсии умумихалқӣ қабул ва амалӣ гардид, ки рӯзи Конститутсияи навини давлати соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Қонуни асосии ҳар як давлат Конститутсия буда, дар асоси он хусусиятҳои давлат ва муносибатҳои мутақобилаи сохторҳои гуногуни қудратӣ муайян карда мешавад. Вобаста ба ин, ҳар як давлат бояд Конститутсияи худро дошта бошад. Дар Конститутсия ҳуқуқҳои асосӣ ва вазифаҳои шаҳрвандон муқаррар карда мешавад ва асосҳои низоми сиёсии давлат дар он баён мегардад. Ҳуҷҷати муҳимтарини ҳуқуқии дигар меъёрҳо агар ба Конститутсия мухолифат кунад, эътибор надорад.
Бинобар ин, Конститутсия қонуни олӣ ба ҳисоб меравад. Конститутсия дар баробари бештар муай-ян намудани арзишҳои асосӣ ва сохтори давлатӣ дастовардҳои фарҳангиву сиёсии халқро низ инъикос мекунад.
Қабули Конститутсия азтарафи шаҳрвандон, ки дар аксар ҳолатҳо аз тарафи намояндагони онҳо ба тасвиб мерасад, раванди муҳими сиёсӣ аст. Хеле муҳим аст, ки мардум ҳуҷҷатеро, ки зиндагии онҳоро ба танзим медарорад, қабул менамояд. Инкишофи Конститутсия бо рушди Тоҷикистон алоқамандии зич дорад. Аз ин рӯ, дар давраҳои гуногун панҷ Конститутсия қабул карда шудааст.
Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил Конститутсияи аввалинашро баъд аз раъйпурсии умумихалқие, ки 6 ноябри соли 1994 гузаронид, қабул намуд. Дар таърихи 22 апрели соли 1992 лоиҳаи Конститутсия аз тарафи Суди олӣ ба муҳокимаи умумихалқӣ гузошта шуда, тавассути ахбори омма паҳн гардид. Вале ҷанги шаҳрвандӣ, ки дар Тоҷикистон аланга зад, ин равандро боздошт. Дар таърихи навини Тоҷикистон Иҷлосияи 16 Шурои Олӣ, ки 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор шуд ва дар он Эмомалӣ Раҳмон раиси Шурои Олӣ интихоб гардид, нақши босазое дорад. Яке аз хусусиятҳои муҳими Иҷлосияи таърихӣ аз он иборат аст, ки дар замони буҳрони сохторҳои ҳокимият як қатор санадҳои ҳуқуқӣ қабул карда шуд, ки онҳо ба фаъол намудан ва таҳким додани сохтори ҳокимияти давлатӣ асос гузоштанд.
Имсол мо мардуми Тоҷикистон ҷашни бузурги таърихии худ 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоем. Мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки бо масъулияти баланди ватандӯстӣ нисбат ба Конститутсияи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрӣ -ҳуқуқӣ эҳтиром гузошта, меъёрҳои Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрӣ ҳуқуқиро ба ҷо оварда истодаем.
Ин ҷашни мубораки миллӣ ба густариш ва таҳким ёфтани худогоҳию худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, ифтихори ватандӯстӣ, ватанпарастии ҳар фарди Тоҷикистони соҳибистиқлол мусоидат намуда, боиси боз ҳам ободу зебо шудани Ватани азизамон - Тоҷикистон хоҳад шуд.
Бурҳон ПАРДАЕВ,
омӯзгор аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...